ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߙߎ߬ߥߊ߯ߘߎ-ߕߊ߬ߙߑߖߡߊ ߝߊ߲ߓߊ

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
13 : 67

وَأَسِرُّواْ قَوۡلَكُمۡ أَوِ ٱجۡهَرُواْ بِهِۦٓۖ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

[Хоҳ] Гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, [ба ҳар ҳол] Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
14 : 67

أَلَا يَعۡلَمُ مَنۡ خَلَقَ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلۡخَبِيرُ

Оё касе, ки [ҳамаи мавҷудотро] офаридааст, [ҳоли бандагонро] намедонад? Дар ҳоле ки Ӯ борикбин ва огоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
15 : 67

هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ ذَلُولٗا فَٱمۡشُواْ فِي مَنَاكِبِهَا وَكُلُواْ مِن رِّزۡقِهِۦۖ وَإِلَيۡهِ ٱلنُّشُورُ

Ӯ касе аст, ки заминро барои шумо ром гардонид, пас, дар гӯша ва канори он роҳ биравед ва аз рӯзии Ӯ бихӯред; ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст info
التفاسير:

external-link copy
16 : 67

ءَأَمِنتُم مَّن فِي ٱلسَّمَآءِ أَن يَخۡسِفَ بِكُمُ ٱلۡأَرۡضَ فَإِذَا هِيَ تَمُورُ

Оё худро аз [азоби] касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки [фармон диҳад] замин шуморо фуру барад ва ногаҳон ба ларзиш дарояд? info
التفاسير:

external-link copy
17 : 67

أَمۡ أَمِنتُم مَّن فِي ٱلسَّمَآءِ أَن يُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ حَاصِبٗاۖ فَسَتَعۡلَمُونَ كَيۡفَ نَذِيرِ

Ё худро аз касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тӯфони сахте бар шумо фиристад? Пас, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори Ман чи гуна аст! info
التفاسير:

external-link copy
18 : 67

وَلَقَدۡ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ

Ҳамоно касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ даъвати паёмбаронро] такзиб карданд; пас, [бингар, ки] уқубати Ман чи гуна буд! info
التفاسير:

external-link copy
19 : 67

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلطَّيۡرِ فَوۡقَهُمۡ صَٰٓفَّٰتٖ وَيَقۡبِضۡنَۚ مَا يُمۡسِكُهُنَّ إِلَّا ٱلرَّحۡمَٰنُۚ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَيۡءِۭ بَصِيرٌ

Оё ба парандагоне, ки бар фарози сарашон аст, нигоҳ накарданд, ки гоҳе болҳои худро мегушоянд ва гоҳе фуру мебанданд? Ҷуз [Аллоҳи] Раҳмон [касе] онҳоро [бар фарози осмон] нигоҳ намедорад; бе гумон, Ӯ ба ҳар чиз биност info
التفاسير:

external-link copy
20 : 67

أَمَّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي هُوَ جُندٞ لَّكُمۡ يَنصُرُكُم مِّن دُونِ ٱلرَّحۡمَٰنِۚ إِنِ ٱلۡكَٰفِرُونَ إِلَّا فِي غُرُورٍ

Оё он касе, ки лашкари шумост, метавонад шуморо дар баробари Аллоҳ таоло ёрӣ диҳад? Кофирон ҷуз дар фиреб [ва ғурурашон] нестанд info
التفاسير:

external-link copy
21 : 67

أَمَّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي يَرۡزُقُكُمۡ إِنۡ أَمۡسَكَ رِزۡقَهُۥۚ بَل لَّجُّواْ فِي عُتُوّٖ وَنُفُورٍ

Ё он касе, ки шуморо рӯзӣ медиҳад, агар рӯзиашро боздорад, [чи касе метавонад ниёзи шуморо таъмин кунад?]. Вале онҳо дар саркашӣ ва фирор аз ҳақиқат лаҷоҷат меварзанд info
التفاسير:

external-link copy
22 : 67

أَفَمَن يَمۡشِي مُكِبًّا عَلَىٰ وَجۡهِهِۦٓ أَهۡدَىٰٓ أَمَّن يَمۡشِي سَوِيًّا عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ

Оё касе, ки ба рӯ афтода [ва нагунсор] ҳаракат мекунад, ба ҳидоят наздиктар аст, ё он ки росту устувор бар роҳи рост гом бармедорад? info
التفاسير:

external-link copy
23 : 67

قُلۡ هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَكُمۡ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ

Бигӯ: «Ӯ касе аст, ки шуморо офарид ва бароятон гӯшу чашмон ва дил қарор дод; [аммо шумо] андаке сипосгузорӣ мекунед» info
التفاسير:

external-link copy
24 : 67

قُلۡ هُوَ ٱلَّذِي ذَرَأَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَإِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ

Бигӯ: «Ӯ касест шуморо дар замин пароканд ва ба сӯйи Ӯ ҳашр мешавед» info
التفاسير:

external-link copy
25 : 67

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда [-и қиёмат] чи замоне аст?» info
التفاسير:

external-link copy
26 : 67

قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡعِلۡمُ عِندَ ٱللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٞ مُّبِينٞ

Бигӯ: «Илм [-и қиёмат] танҳо назди Аллоҳ таоло аст ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам» info
التفاسير: