ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߙߎ߬ߥߊ߯ߘߎ-ߕߊ߬ߙߑߖߡߊ ߝߊ߲ߓߊ

ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ:close

external-link copy
75 : 18

۞ قَالَ أَلَمۡ أَقُل لَّكَ إِنَّكَ لَن تَسۡتَطِيعَ مَعِيَ صَبۡرٗا

Хизр гуфт: «Ба ту нагуфтам, ки ҳаргиз наметавонӣ бо ман шикебоӣ кунӣ?» info
التفاسير:

external-link copy
76 : 18

قَالَ إِن سَأَلۡتُكَ عَن شَيۡءِۭ بَعۡدَهَا فَلَا تُصَٰحِبۡنِيۖ قَدۡ بَلَغۡتَ مِن لَّدُنِّي عُذۡرٗا

Мӯсо гуфт: «Агар аз ин пас чизе аз ту пурсидам, дигар бо ман ҳамроҳӣ накун ва аз ҷониби ман, ҳатман, маъзур хоҳӣ буд» info
التفاسير:

external-link copy
77 : 18

فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَآ أَتَيَآ أَهۡلَ قَرۡيَةٍ ٱسۡتَطۡعَمَآ أَهۡلَهَا فَأَبَوۡاْ أَن يُضَيِّفُوهُمَا فَوَجَدَا فِيهَا جِدَارٗا يُرِيدُ أَن يَنقَضَّ فَأَقَامَهُۥۖ قَالَ لَوۡ شِئۡتَ لَتَّخَذۡتَ عَلَيۡهِ أَجۡرٗا

Пас, ба роҳ афтоданд, то ба аҳли шаҳре расиданд [ва] аз онон ғизо хостанд; [аммо онон] аз меҳмон кардани эшон худдорӣ карданд. Сипас дар он ҷо деворе ёфтанд, ки мехост фурӯ бирезад ва [Хизр] онро росту устувор кард. [Мӯсо] Гуфт: «Агар мехостӣ, [метавонистӣ] барои он [кор аз онон] музде бигирӣ» info
التفاسير:

external-link copy
78 : 18

قَالَ هَٰذَا فِرَاقُ بَيۡنِي وَبَيۡنِكَۚ سَأُنَبِّئُكَ بِتَأۡوِيلِ مَا لَمۡ تَسۡتَطِع عَّلَيۡهِ صَبۡرًا

[Хизр] Гуфт: «Ин ки замони ҷудоии ману ту фаро расидааст. Ба зудӣ туро аз тавзеҳ [ва далели] он чи ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ, огоҳ хоҳам сохт info
التفاسير:

external-link copy
79 : 18

أَمَّا ٱلسَّفِينَةُ فَكَانَتۡ لِمَسَٰكِينَ يَعۡمَلُونَ فِي ٱلۡبَحۡرِ فَأَرَدتُّ أَنۡ أَعِيبَهَا وَكَانَ وَرَآءَهُم مَّلِكٞ يَأۡخُذُ كُلَّ سَفِينَةٍ غَصۡبٗا

Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар дарё кор мекарданд; пас, хостам маъюбаш кунам; [зеро] пеши роҳашон [дар дарё] подшоҳе [ситамгор] буд, ки ҳар киштии [солиме]-ро ба зӯр мегирифт info
التفاسير:

external-link copy
80 : 18

وَأَمَّا ٱلۡغُلَٰمُ فَكَانَ أَبَوَاهُ مُؤۡمِنَيۡنِ فَخَشِينَآ أَن يُرۡهِقَهُمَا طُغۡيَٰنٗا وَكُفۡرٗا

Ва аммо он навҷавон падару модараш муъмин буданд; пас, тарсидем, ки он дуро ба саркашӣ ва куфр во дорад info
التفاسير:

external-link copy
81 : 18

فَأَرَدۡنَآ أَن يُبۡدِلَهُمَا رَبُّهُمَا خَيۡرٗا مِّنۡهُ زَكَوٰةٗ وَأَقۡرَبَ رُحۡمٗا

Аз ин рӯ, хостем, ки Парвардигорашон ба ҷойи ӯ [фарзанди] поктару меҳрубонтаре ба онҳо ато фармояд info
التفاسير:

external-link copy
82 : 18

وَأَمَّا ٱلۡجِدَارُ فَكَانَ لِغُلَٰمَيۡنِ يَتِيمَيۡنِ فِي ٱلۡمَدِينَةِ وَكَانَ تَحۡتَهُۥ كَنزٞ لَّهُمَا وَكَانَ أَبُوهُمَا صَٰلِحٗا فَأَرَادَ رَبُّكَ أَن يَبۡلُغَآ أَشُدَّهُمَا وَيَسۡتَخۡرِجَا كَنزَهُمَا رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۚ وَمَا فَعَلۡتُهُۥ عَنۡ أَمۡرِيۚ ذَٰلِكَ تَأۡوِيلُ مَا لَمۡ تَسۡطِع عَّلَيۡهِ صَبۡرٗا

Ва аммо он девор барои ба ду писарбачаи ятим дар он шаҳр буд ва зери он ганҷе буд, ки ба он ду тааллуқ дошт ва падарашон [низ] марде дурусткор буд; пас, Парвардигорат хост, ки онон ба ҳадди булуғ бирасанд ва ганҷи хешро [аз зери он девор] берун оваранд. Ин раҳмате аз ҷониби Парвардигори ту буд ва ман ин [корҳо]-ро худсарона накардам, ин буд тавзеҳ [ва далели] корҳое, ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ» info
التفاسير:

external-link copy
83 : 18

وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَن ذِي ٱلۡقَرۡنَيۡنِۖ قُلۡ سَأَتۡلُواْ عَلَيۡكُم مِّنۡهُ ذِكۡرًا

Ва [эй Паёмбар, мушрикону яҳудиён] дар бораи «Зу-л-қарнайн» аз ту мепурсанд; бигӯ: «Ба зудӣ чизе аз саргузашти ӯ бароятон хоҳам хонд» info
التفاسير: