पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर ।

Наҷм

external-link copy
1 : 53

وَٱلنَّجۡمِ إِذَا هَوَىٰ

1. (Аллоҳ таъоло савганд ёд кардааст:) Савганд ба он ситора, ки чун дар охири шаб пинҳон шавад. info
التفاسير:

external-link copy
2 : 53

مَا ضَلَّ صَاحِبُكُمۡ وَمَا غَوَىٰ

2. Гумроҳ нашудааст Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва на ба роҳи каҷ рафтааст. Балки Ӯ хеле ҳам дар роҳи дуруст ва иътидол мебошад. info
التفاسير:

external-link copy
3 : 53

وَمَا يَنطِقُ عَنِ ٱلۡهَوَىٰٓ

3. Ва сухан аз рӯи ҳавою ҳавас намегӯяд. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 53

إِنۡ هُوَ إِلَّا وَحۡيٞ يُوحَىٰ

4. Он чизе, ки бо худ оварда ва бо шумо дар миён ниҳодааст, ҷуз ваҳй чизи дигаре нест, ки бар ӯ фиристода мешавад.[2725] info

[2725]Тафсири Табарӣ 22/498

التفاسير:

external-link copy
5 : 53

عَلَّمَهُۥ شَدِيدُ ٱلۡقُوَىٰ

5. Таълим додааст ин Қуръонро ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фариштае, ки бисёр неруманд аст. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 53

ذُو مِرَّةٖ فَٱسۡتَوَىٰ

6. Пас фариштаи неруманд дорои ахлоқи некӯ (Ҷабраил алайҳиссалом) рост ва дуруст истод. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 53

وَهُوَ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡأَعۡلَىٰ

7. Ва ӯ худро нишон дод ба сурати аслиаш ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар канори баландии осмон.[2726] info

[2726]Яъне, дар тарафи офтоббаро.

التفاسير:

external-link copy
8 : 53

ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّىٰ

8. Сипас Ҷабраил наздик шуд ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам , онгоҳ фуруд омад ва наздиктар шуд, info
التفاسير:

external-link copy
9 : 53

فَكَانَ قَابَ قَوۡسَيۡنِ أَوۡ أَدۡنَىٰ

9. пас фосилаи ӯ ба Паёмбар ба қадри ду камон ё камтар буд. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 53

فَأَوۡحَىٰٓ إِلَىٰ عَبۡدِهِۦ مَآ أَوۡحَىٰ

10. Ва Аллоҳ ба бандаи худ Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳар чӣ бояд ваҳй кунад, ба воситаи Ҷабраил , ваҳй кард. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 53

مَا كَذَبَ ٱلۡفُؤَادُ مَا رَأَىٰٓ

11.Дили Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он чиро, ки чашмаш дида буд, дурӯғ нашумурд. info
التفاسير:

external-link copy
12 : 53

أَفَتُمَٰرُونَهُۥ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ

12. Оё бо ӯ дар бораи чизе ки аз оёти Парвардигораш дидааст ситеза мекунеду дуруғ мебароред? info
التفاسير:

external-link copy
13 : 53

وَلَقَدۡ رَءَاهُ نَزۡلَةً أُخۡرَىٰ

13. Ва ба ростӣ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Ҷабраилро ба сурати ҳақиқиаш бори дигар дида буд, info
التفاسير:

external-link copy
14 : 53

عِندَ سِدۡرَةِ ٱلۡمُنتَهَىٰ

14. назди Сидрату-л-мунтаҳо[2727], info

[2727]Яъне, дарахти набқ дар болои осмони ҳафтум. Тафсири Саъдӣ 1/818

التفاسير:

external-link copy
15 : 53

عِندَهَا جَنَّةُ ٱلۡمَأۡوَىٰٓ

15. ки Ҷаннату-л-маъвои барои парҳезгорон ваъда шуда назди он қарор дорад. info
التفاسير:

external-link copy
16 : 53

إِذۡ يَغۡشَى ٱلسِّدۡرَةَ مَا يَغۡشَىٰ

16. Чун дарахти Сидраро он чӣ пӯшонда буд, фурӯ пӯшонд, он гоҳ, ки амри бузург аз сӯи Аллоҳ онро мепӯшонад, ки васф ва ҳолати онро ғайри Аллоҳи якто дигаре намедонад. info
التفاسير:

external-link copy
17 : 53

مَا زَاغَ ٱلۡبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ

17. Ҳаргиз чашмаш каҷравӣ накард на росту на чап ва аз он чи ба он амр карда шуда буд ба диданаш таҷовуз накард.[2728] info

[2728] Тафсири Саъдӣ 1/818

التفاسير:

external-link copy
18 : 53

لَقَدۡ رَأَىٰ مِنۡ ءَايَٰتِ رَبِّهِ ٱلۡكُبۡرَىٰٓ

18. Ҳамоно дид Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шаби Меъроҷ, порае аз оёти бузург, (яъне, ҷаннат ва дӯзахро, ки далолат ба қудрати Аллоҳ мекунад)[2729] info

[2729] Тафсири Саъдӣ 1/818

التفاسير:

external-link copy
19 : 53

أَفَرَءَيۡتُمُ ٱللَّٰتَ وَٱلۡعُزَّىٰ

19.Оё эй мушрикон, он маъбудонеро, ки ибодаташон мекунед: Лот ва Узоро дидаед? info
التفاسير:

external-link copy
20 : 53

وَمَنَوٰةَ ٱلثَّالِثَةَ ٱلۡأُخۡرَىٰٓ

20. Ваманот, он бути саввуми дигарро? Оё фоида ё зараре овард, то шарики Аллоҳ гардад? info
التفاسير:

external-link copy
21 : 53

أَلَكُمُ ٱلذَّكَرُ وَلَهُ ٱلۡأُنثَىٰ

21.Оё шуморо писар бошад, ки ба он розиед ва Аллоҳро духтар, ки дар ин сурат онро барои худ розӣ нестед? info
التفاسير:

external-link copy
22 : 53

تِلۡكَ إِذٗا قِسۡمَةٞ ضِيزَىٰٓ

22.Ин тақсими ситамкорона аст. info
التفاسير:

external-link copy
23 : 53

إِنۡ هِيَ إِلَّآ أَسۡمَآءٞ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٍۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَمَا تَهۡوَى ٱلۡأَنفُسُۖ وَلَقَدۡ جَآءَهُم مِّن رَّبِّهِمُ ٱلۡهُدَىٰٓ

23. Ин бутҳо чизе нестанд[2730]ҷуз номҳое, ки худ ва падаронатон аз рӯи ҳавову ҳаваси ботилатон ба онҳо додаед. Ва Аллоҳ таъоло ҳеҷ далеле барои тасдиқи даъвои шумо нафиристодааст. Танҳо он мушрикон аз паи гумону нафси хеш мераванд ва ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ бар забони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам роҳнамоияшон кардаанд, пас ба онҳо фоидае накард.[2731] info

[2730]Яъне, соҳиби сифатҳои камол нестанд.
[2731] Тафсири Табарӣ 22/528

التفاسير:

external-link copy
24 : 53

أَمۡ لِلۡإِنسَٰنِ مَا تَمَنَّىٰ

24. Оё ҳар чиро, ки одамӣ орзу кунад, аз шафоъати ин маъбудон ё ғайраш барояш ҳосил аст? (Ҳаргиз не). info
التفاسير:

external-link copy
25 : 53

فَلِلَّهِ ٱلۡأٓخِرَةُ وَٱلۡأُولَىٰ

25. Оре, ҳам охират ва ҳам дунё аз они Аллоҳ аст. info
التفاسير:

external-link copy
26 : 53

۞ وَكَم مِّن مَّلَكٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ لَا تُغۡنِي شَفَٰعَتُهُمۡ شَيۡـًٔا إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ أَن يَأۡذَنَ ٱللَّهُ لِمَن يَشَآءُ وَيَرۡضَىٰٓ

26. Ва чӣ бисёр фариштагони олиҳиммат дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ фоидае надиҳад, магар аз он пас, ки Аллоҳ барои ҳар касе, ки бихоҳад ва писандад иҷозат диҳад. info
التفاسير: