पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : खाजा मीरूफ खाजा मीर ।

رقم الصفحة:close

external-link copy
154 : 37

مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ

154. Шуморо чист? Чӣ гуна ҳукм мекунед, ки духтарон аз они Аллоҳ ва писарон аз они шумо бошанд. Ҳол он, ки духтаронро шумо барои худ розӣ намешавед.[2221] info

[2221] Тафсири Табарӣ 21/ 119

التفاسير:

external-link copy
155 : 37

أَفَلَا تَذَكَّرُونَ

155. Оё намеандешед, ки ҷоиз нест ва ҳам лоиқ нест, ки Аллоҳро фарзанде бошад? Поку бузург аст Аллоҳ аз ин ҳама гуфтаҳо. info
التفاسير:

external-link copy
156 : 37

أَمۡ لَكُمۡ سُلۡطَٰنٞ مُّبِينٞ

156. Ё бар даъвои дӯруғини худ далели равшане доред? info
التفاسير:

external-link copy
157 : 37

فَأۡتُواْ بِكِتَٰبِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

157. Агар шуморо ҳуҷҷате аст дар китобе аз назди Аллоҳ, пас китобатонро биёваред. Агар шумо ростгӯй бошед?[2222] info

[2222] Тафсири Табарӣ 21/120

التفاسير:

external-link copy
158 : 37

وَجَعَلُواْ بَيۡنَهُۥ وَبَيۡنَ ٱلۡجِنَّةِ نَسَبٗاۚ وَلَقَدۡ عَلِمَتِ ٱلۡجِنَّةُ إِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُونَ

158. Мушрикон миёни Аллоҳу малоикаҳо хешовандиро муқаррар карданд ва мегуфтанд, ки фариштагон духтарони Аллоҳ ҳастанд ва ҳамоно малоикаҳо медонанд, ки албатта мушрикон рӯзи қиёмат барои азоб ҳозиркардашудагонанд[2223] info

[2223] Тафсири Табарӣ 21/122

التفاسير:

external-link copy
159 : 37

سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ

159. Аз он васф, ки кофирон мекунанд, Аллоҳ пок аст, info
التفاسير:

external-link copy
160 : 37

إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ

160. вале бандагони мухлиси Аллоҳ, сифат намекунанд Ӯро, магар ба он сифатҳое, ки лоиқи бузургии Ӯст. info
التفاسير:

external-link copy
161 : 37

فَإِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ

161. Пас албатта, шумо эй мушрикон ва бутоне, ки ба ғайри Аллоҳ мепарастед, info
التفاسير:

external-link copy
162 : 37

مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ بِفَٰتِنِينَ

162. Ҳаргиз наметавонед касеро бо фитна гумроҳ кунед, info
التفاسير:

external-link copy
163 : 37

إِلَّا مَنۡ هُوَ صَالِ ٱلۡجَحِيمِ

163. магар он касро, ки (ба сӯи куфру ситамаш) моил бошад ба оташи сӯзони ҷаҳаннам медарояд.[2224] info

[2224] Тафсири Саъдӣ 1/708

التفاسير:

external-link copy
164 : 37

وَمَا مِنَّآ إِلَّا لَهُۥ مَقَامٞ مَّعۡلُومٞ

164. (Гуфтанд фариштаҳо): «Ва албатта ҳар касе аз мо ҷое муъайяне дорад дар осмон.[2225] info

[2225] Тафсири Бағавӣ 7/63

التفاسير:

external-link copy
165 : 37

وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلصَّآفُّونَ

165. Ва албатта, мо дар ибодати Аллоҳ сафкашандагонем. info
التفاسير:

external-link copy
166 : 37

وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡمُسَبِّحُونَ

166. Ва албатта, мо тасбеҳгӯяндагонем.[2226] info

[2226] Яъне, Аллоҳро пок мешуморем аз ҳама чизҳое, ки лоиқи Ӯ нест.

التفاسير:

external-link copy
167 : 37

وَإِن كَانُواْ لَيَقُولُونَ

167. Ва кофирони Макка пеш аз паёмбарии ту пайваста) мегуфтанд: info
التفاسير:

external-link copy
168 : 37

لَوۡ أَنَّ عِندَنَا ذِكۡرٗا مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ

168. Агар назди мо ҳам ба мисли умматони гузашта китоб[2227] ва паёмбаре меомад. info

[2227]Чун Таврот ва Инҷил фиристода мешуд.

التفاسير:

external-link copy
169 : 37

لَكُنَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ

169. Албатта, мо ҳам аз бандагони ихлосёфтаи Аллоҳ мешудем ва бе шак парастишамонро барои Ӯ холис месохтем ва дар имонамон содиқ мебудем.[2228] info

[2228] Тафсири Саъдӣ 1/708

التفاسير:

external-link copy
170 : 37

فَكَفَرُواْ بِهِۦۖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ

170. Вале чун бузургтарини паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо китоби Қуръонро овард, ба он кофир шуданд. Пас ба зудӣ хоҳанд донист чи азобе барои онҳост дар охират.[2229] info

[2229] Тафсири Табарӣ 21/130

التفاسير:

external-link copy
171 : 37

وَلَقَدۡ سَبَقَتۡ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا ٱلۡمُرۡسَلِينَ

171. Ва ба ростӣ калимаи Мо[2230] барои бандагони фиристодаи Мо аз пеш дар Лавҳи Маҳфуз содир шудааст, info

[2230] Мурод аз ин калима: комёбӣ ва пирӯзӣ аст, ки Аллоҳ таъоло ба паёмбаронаш ваъда додааст.

التفاسير:

external-link copy
172 : 37

إِنَّهُمۡ لَهُمُ ٱلۡمَنصُورُونَ

172. ки албатта, онҳо дар дунёву охират нусрат дода мешаванд. info
التفاسير:

external-link copy
173 : 37

وَإِنَّ جُندَنَا لَهُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ

173. Ва ҳароина, лашкарони Мо бар душманонашон бо ҳуҷҷату қувват ғолибанд.[2231] info

[2231] Тафсири Бағавӣ 7\64

التفاسير:

external-link copy
174 : 37

فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٖ

174. Пас (эй Расул), то муддате аз он саркашон рӯй гардон, ки онҳо ҳақро қабул накарданд ва барояшон мӯҳлат бидеҳ, ки ҷуз азоби Аллоҳ чизе боқӣ намондааст. info
التفاسير:

external-link copy
175 : 37

وَأَبۡصِرۡهُمۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ

175.Ва бингар ва муроқиб бош чӣ азобе ба сарашон ояд. Пас онҳо низ хоҳанд дид чӣ азоби Аллоҳ ба сарашон меояд.[2232] info

[2232] Тафсири Табарӣ 21/ 132

التفاسير:

external-link copy
176 : 37

أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ

176. Оё азоби Моро эй Паёмбарба шитоб металабанд? info
التفاسير:

external-link copy
177 : 37

فَإِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمۡ فَسَآءَ صَبَاحُ ٱلۡمُنذَرِينَ

177.Пас чун фуруд ояд азоби Мо ба онҳо, пас чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт. info
التفاسير:

external-link copy
178 : 37

وَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٖ

178.Ва аз онҳо то муддате, ки азоби Аллоҳ ба сарашон ояд рӯй бигардон. info
التفاسير:

external-link copy
179 : 37

وَأَبۡصِرۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ

179.Ва бингар, пас зуд аст, ки мебинанд чӣ азобу хорие ба сарашон меояд.[2233] info

[2233]Тафсири Табарӣ 21/ 133

التفاسير:

external-link copy
180 : 37

سُبۡحَٰنَ رَبِّكَ رَبِّ ٱلۡعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ

180. Муназзаҳу пок аст Парвардигори ту аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ тӯҳматгарон мегӯянд! info
التفاسير:

external-link copy
181 : 37

وَسَلَٰمٌ عَلَى ٱلۡمُرۡسَلِينَ

181. Ва салом ва дуруду эминӣ бод ба тамоми паёмбарон. info
التفاسير:

external-link copy
182 : 37

وَٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

182. Ва сипосу ситоиш хос аз они Аллоҳе аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. info
التفاسير: