पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : रव्वाद अनुवाद केन्द्र ।

رقم الصفحة:close

external-link copy
87 : 9

رَضُواْ بِأَن يَكُونُواْ مَعَ ٱلۡخَوَالِفِ وَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَفۡقَهُونَ

Онон розӣ шуданд, ки бо хонанишинон бошанд ва бар дилҳояшон муҳр [-и нифоқ] ниҳода шудааст. Пас, [хайру салоҳи хешро] дарнамеёбанд info
التفاسير:

external-link copy
88 : 9

لَٰكِنِ ٱلرَّسُولُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ جَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡخَيۡرَٰتُۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

Аммо Паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо амволу ҷонҳои худ [дар роҳи Аллоҳ таоло] ҷиҳод карданд. Ононанд, ки ҳамаи некиҳо барои эшон аст ва ононанд ки растагоранд info
التفاسير:

external-link copy
89 : 9

أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ

Аллоҳ таоло бар эшон боғҳое [аз биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст [ва] ҷовидона дар он мемонанд. Ин [ҳамон растагорӣ ва] комёбии бузург аст info
التفاسير:

external-link copy
90 : 9

وَجَآءَ ٱلۡمُعَذِّرُونَ مِنَ ٱلۡأَعۡرَابِ لِيُؤۡذَنَ لَهُمۡ وَقَعَدَ ٱلَّذِينَ كَذَبُواْ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥۚ سَيُصِيبُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Ва узртарошони бодиянишин омаданд, то ба онон иҷозати [маофият аз ҷиҳод] дода шавад ва касоне, ки [дар иддаои имони худ] ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш дурӯғ мегуфтанд, [бидуни ҳеҷ узре ва иҷозате ба ҷойи ҷиҳод] хонанишин бошанд. Ба зудӣ ба касоне аз онон, ки куфр варзиданд, азоби дарднок хоҳад расид info
التفاسير:

external-link copy
91 : 9

لَّيۡسَ عَلَى ٱلضُّعَفَآءِ وَلَا عَلَى ٱلۡمَرۡضَىٰ وَلَا عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يَجِدُونَ مَا يُنفِقُونَ حَرَجٌ إِذَا نَصَحُواْ لِلَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ مَا عَلَى ٱلۡمُحۡسِنِينَ مِن سَبِيلٖۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Бар нотавонон [занон ва кӯдакон] ва беморон ва бар касоне, ки чизе намеёбанд, [то дар роҳи ҷиҳод] харҷ кунанд, агар барои Аллоҳ таоло ва Паёмбараш хайрхоҳӣ кунанд, гуноҳе нест [ки дар ҷиҳод ширкат накунанд]. Бар накукорон [-и эшон низ] ҳеҷ роҳе [барои сарзаниш ва муҷозот] нест ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст info
التفاسير:

external-link copy
92 : 9

وَلَا عَلَى ٱلَّذِينَ إِذَا مَآ أَتَوۡكَ لِتَحۡمِلَهُمۡ قُلۡتَ لَآ أَجِدُ مَآ أَحۡمِلُكُمۡ عَلَيۡهِ تَوَلَّواْ وَّأَعۡيُنُهُمۡ تَفِيضُ مِنَ ٱلدَّمۡعِ حَزَنًا أَلَّا يَجِدُواْ مَا يُنفِقُونَ

Ва [ҳамчунин] гуноҳе нест бар касоне, ки чун наздат омаданд, то [барои рафтан ба ҷиҳод бар чаҳорпое] саворашон кунӣ, [ба онон] гуфтӣ: «Чизе пайдо намекунам, ки шуморо бар он биншонам». Онон бозгаштанд, дар ҳоле ки чашмонашон аз ин андуҳ ашкбор буд, ки чизе намеёбанд, то [дар роҳи ҷиҳод] харҷ кунанд info
التفاسير:

external-link copy
93 : 9

۞ إِنَّمَا ٱلسَّبِيلُ عَلَى ٱلَّذِينَ يَسۡتَـٔۡذِنُونَكَ وَهُمۡ أَغۡنِيَآءُۚ رَضُواْ بِأَن يَكُونُواْ مَعَ ٱلۡخَوَالِفِ وَطَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

Роҳ [-и сарзанишу муҷозот] танҳо барои касоне [кушода] аст, ки бо онки тавонгар [ва имкони ҷиҳод доранд], аз ту иҷозат мехоҳанд [ки дар ҷиҳод ширкат накунанд]. Онон ба ин ризоят доданд, ки бо хонанишинон бошанд ва Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳр [-и нифоқ] задааст, пас, [хайру салоҳи хешро] дарнамеёбанд info
التفاسير: