पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : रव्वाद अनुवाद केन्द्र ।

رقم الصفحة:close

external-link copy
96 : 7

وَلَوۡ أَنَّ أَهۡلَ ٱلۡقُرَىٰٓ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَفَتَحۡنَا عَلَيۡهِم بَرَكَٰتٖ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِن كَذَّبُواْ فَأَخَذۡنَٰهُم بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Ва агар аҳли он шаҳрҳо имон меоварданд ва парво мекарданд, [дарҳои] баракати осмон ва заминро бар онон мекушодем, вале [оёту паёмҳои Моро] дурӯғ ангоштаанд, пас, ба [кайфари] ончи мекарданд, ононро [ба азоб] фаро гирифтем info
التفاسير:

external-link copy
97 : 7

أَفَأَمِنَ أَهۡلُ ٱلۡقُرَىٰٓ أَن يَأۡتِيَهُم بَأۡسُنَا بَيَٰتٗا وَهُمۡ نَآئِمُونَ

Оё сокинони [ин] шаҳрҳо дар амонанд аз инки азоби Мо [ногаҳон] шабҳангом, ки хуфтаанд ба суроғашон биояд? info
التفاسير:

external-link copy
98 : 7

أَوَأَمِنَ أَهۡلُ ٱلۡقُرَىٰٓ أَن يَأۡتِيَهُم بَأۡسُنَا ضُحٗى وَهُمۡ يَلۡعَبُونَ

Ва оё сокинони [ин] шаҳрҳо дар амонанд аз ин ки азоби Мо нимрӯзӣ, ки ба бозӣ [ва умури беҳуда] саргарманд, ба суроғашон биояд? info
التفاسير:

external-link copy
99 : 7

أَفَأَمِنُواْ مَكۡرَ ٱللَّهِۚ فَلَا يَأۡمَنُ مَكۡرَ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ

Оё худро аз макр [-у тадбир]-и Аллоҳ таоло эмин донистаанд? [Ҳол он ки] Ҷуз мардуми зиёнкор [касе] худро аз макри Аллоҳ таоло дар амон намедонад info
التفاسير:

external-link copy
100 : 7

أَوَلَمۡ يَهۡدِ لِلَّذِينَ يَرِثُونَ ٱلۡأَرۡضَ مِنۢ بَعۡدِ أَهۡلِهَآ أَن لَّوۡ نَشَآءُ أَصَبۡنَٰهُم بِذُنُوبِهِمۡۚ وَنَطۡبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَسۡمَعُونَ

Оё барои касоне, ки заминро пас аз сокинони [пешини] он ба ирс мебаранд, равшан нашудааст, ки агар мехостем, ононро ба [кайфари] гуноҳонашон нобуд мекардем ва ба дилҳояшон муҳр мениҳодем, то дигар [нидои ҳақро] нашнаванд? info
التفاسير:

external-link copy
101 : 7

تِلۡكَ ٱلۡقُرَىٰ نَقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآئِهَاۚ وَلَقَدۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْ بِمَا كَذَّبُواْ مِن قَبۡلُۚ كَذَٰلِكَ يَطۡبَعُ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلۡكَٰفِرِينَ

[Эй паёмбар] Инҳо шаҳрҳоест, ки бархе аз хабарҳояшонро бар ту ҳикоят мекунем. Бе тардид, паёмбарони онҳо далоили равшан барои эшон оварданд, вале онон намехостанд ба чизе, ки пештар дурӯғ шумурда буданд, имон оваранд. Аллоҳ таоло бар дилҳои кофирон, ин гуна муҳр [-и ғафлат] мениҳад info
التفاسير:

external-link copy
102 : 7

وَمَا وَجَدۡنَا لِأَكۡثَرِهِم مِّنۡ عَهۡدٖۖ وَإِن وَجَدۡنَآ أَكۡثَرَهُمۡ لَفَٰسِقِينَ

Ва дар бештарашон вафое ба аҳд наёфтем ва аксарашонро ҷиддан нофармон ёфтем info
التفاسير:

external-link copy
103 : 7

ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِم مُّوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَظَلَمُواْ بِهَاۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ

Сипас баъд аз онҳо Мӯсоро бо оёти хеш ба сӯйи Фиръавн ва бузургони қавмаш фиристодем, вале онҳо ба он [оёт] куфр варзиданд.Пас, бингар, ки саранҷоми табаҳкорон чигуна будааст info
التفاسير:

external-link copy
104 : 7

وَقَالَ مُوسَىٰ يَٰفِرۡعَوۡنُ إِنِّي رَسُولٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва Мӯсо гуфт: «Эй Фиръавн, ман фиристодае аз [сӯйи] Парвардигори ҷаҳониёнам info
التفاسير: