पवित्र कुरअानको अर्थको अनुवाद - ताजिक अनुवाद : रव्वाद अनुवाद केन्द्र ।

رقم الصفحة:close

external-link copy
42 : 30

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلُۚ كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّشۡرِكِينَ

[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед, то бубинед саранҷоми касоне, ки пеш аз шумо буданд, чи гуна будааст. Бештари онон мушрик буданд [ва ба ҳамин сабаб ҳалок шуданд]» info
التفاسير:

external-link copy
43 : 30

فَأَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ ٱلۡقَيِّمِ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ يَوۡمٞ لَّا مَرَدَّ لَهُۥ مِنَ ٱللَّهِۖ يَوۡمَئِذٖ يَصَّدَّعُونَ

Пас, ба сӯйи дини мустақим [ва пойдор] рӯй овар, пеш аз он ки рӯзе аз ҷониби Аллоҳ таоло фаро расад, ки бозгаште надорад. Дар он рӯз [мардум] пароканда мешаванд [гурӯҳе ба биҳишт мераванд ва гурӯҳе ба дузах] info
التفاسير:

external-link copy
44 : 30

مَن كَفَرَ فَعَلَيۡهِ كُفۡرُهُۥۖ وَمَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا فَلِأَنفُسِهِمۡ يَمۡهَدُونَ

Ҳар ки куфр биварзад, куфраш ба зиёни [худи] ӯст ва ҳар ки коре шоиста анҷом диҳад, [биҳиштро] барои худ омода месозад info
التفاسير:

external-link copy
45 : 30

لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡكَٰفِرِينَ

То [Аллоҳ таоло] касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз фазли худ подош диҳад. Бе тардид, Ӯ кофиронро дӯст намедорад info
التفاسير:

external-link copy
46 : 30

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَن يُرۡسِلَ ٱلرِّيَاحَ مُبَشِّرَٰتٖ وَلِيُذِيقَكُم مِّن رَّحۡمَتِهِۦ وَلِتَجۡرِيَ ٱلۡفُلۡكُ بِأَمۡرِهِۦ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ

Аз нишонаҳои [қудрати] Ӯ ин аст, ки бодҳои башоратбахшро [бо муждаи борон] мефиристад, то аз раҳмати хеш ба шумо бичашонад ва киштиҳо ба фармонаш равон шаванд, то аз бахшиши Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед, бошад, ки сипос гузоред info
التفاسير:

external-link copy
47 : 30

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ رُسُلًا إِلَىٰ قَوۡمِهِمۡ فَجَآءُوهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَٱنتَقَمۡنَا مِنَ ٱلَّذِينَ أَجۡرَمُواْۖ وَكَانَ حَقًّا عَلَيۡنَا نَصۡرُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Ва дар ҳақиқат, пеш аз ту [низ]паёмбаронеро ба сӯйи қавмашон фиристодем ва онон ба далоили равшан наздашон омаданд [вале онҳоро дурӯғ ангоштанд]. Сипас аз онон, ки муртакиби гуноҳ шуда буданд, интиқом гирифтем [ва муъминонро наҷот додем] ва ёрӣ додани [муъминон [ҳаққе] бар уҳдаи Мо буд info
التفاسير:

external-link copy
48 : 30

ٱللَّهُ ٱلَّذِي يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ فَتُثِيرُ سَحَابٗا فَيَبۡسُطُهُۥ فِي ٱلسَّمَآءِ كَيۡفَ يَشَآءُ وَيَجۡعَلُهُۥ كِسَفٗا فَتَرَى ٱلۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلَٰلِهِۦۖ فَإِذَآ أَصَابَ بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦٓ إِذَا هُمۡ يَسۡتَبۡشِرُونَ

Аллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ тудаи] абреро ба ҳаракат дармеоваранд ва [Аллоҳ таоло] онҳоро чунон ки мехоҳад дар [паҳнои] осмон мегустаронад ва ба сурати пораҳое дармеоварад ва боронро мебинӣ, ки аз миёни он [абрҳо] берун меояд ва чун [Парвардигори меҳрубон] ин [борони ҳаётбахш]-ро ба ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад фурӯ борад, он гоҳ аст, ки шодмон мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
49 : 30

وَإِن كَانُواْ مِن قَبۡلِ أَن يُنَزَّلَ عَلَيۡهِم مِّن قَبۡلِهِۦ لَمُبۡلِسِينَ

Ва ҳатман, пеш аз он ки бар эшон биборад. [Оре] Пеш аз он ноумед буданд info
التفاسير:

external-link copy
50 : 30

فَٱنظُرۡ إِلَىٰٓ ءَاثَٰرِ رَحۡمَتِ ٱللَّهِ كَيۡفَ يُحۡيِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ

Пас, ба осори раҳмати илоҳӣ бингар, ки чи гуна заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда мекунад. Ба ростӣ, Ӯст, ки яқинан зиндагибахши мурдагон аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност info
التفاسير: