വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ

external-link copy
95 : 5

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقۡتُلُواْ ٱلصَّيۡدَ وَأَنتُمۡ حُرُمٞۚ وَمَن قَتَلَهُۥ مِنكُم مُّتَعَمِّدٗا فَجَزَآءٞ مِّثۡلُ مَا قَتَلَ مِنَ ٱلنَّعَمِ يَحۡكُمُ بِهِۦ ذَوَا عَدۡلٖ مِّنكُمۡ هَدۡيَۢا بَٰلِغَ ٱلۡكَعۡبَةِ أَوۡ كَفَّٰرَةٞ طَعَامُ مَسَٰكِينَ أَوۡ عَدۡلُ ذَٰلِكَ صِيَامٗا لِّيَذُوقَ وَبَالَ أَمۡرِهِۦۗ عَفَا ٱللَّهُ عَمَّا سَلَفَۚ وَمَنۡ عَادَ فَيَنتَقِمُ ٱللَّهُ مِنۡهُۚ وَٱللَّهُ عَزِيزٞ ذُو ٱنتِقَامٍ

95. Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ, ки дар иҳром бошед, хоҳ дар ҳаҷ ё умра ё дар ҳарам сайдро макушед. Ҳар кӣ ҳар намуди сайдро ба амд (қасдан) бикушад, ҷазои ўқурбонӣ кардани ҳайвонест монанди он чӣ куштааст, аз шутур, гов ё гусфанд ба шарти он ки ду шахси одил аз шумо гувоҳӣ диҳанд ва қурбониро ба Каъба расонад ё ба кафорат тангдастонро аз фақирони ҳарам таъом диҳад ё баробари он рўза бигирад, Парвардигор бар вай ин ҷазоро фарз гардонид, то уқубати кори худ бичашад. Аз он чӣ дар гузашта кардаед[505], Аллоҳ афв кардааст, вале ҳар кӣ ба он қасдан бозгардад, Аллоҳ аз ў интиқом мегирад, ки Аллоҳ пирўзманду интиқомгиранда аст! info

[505] Пеш аз ҳаром шудани он чизҳои зикр шуда

التفاسير: