വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ

പേജ് നമ്പർ:close

external-link copy
71 : 3

يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تَلۡبِسُونَ ٱلۡحَقَّ بِٱلۡبَٰطِلِ وَتَكۡتُمُونَ ٱلۡحَقَّ وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

71. Эй аҳли китоб, бо он ки аз ҳақиқат огоҳед, чаро ҳақро ба ботил омехта мекунед ва онро аз китобатон тағйир медиҳед ва сифатҳои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар он пинҳон медоред, ҳол он ки дини ў ҳақ аст? info
التفاسير:

external-link copy
72 : 3

وَقَالَت طَّآئِفَةٞ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ ءَامِنُواْ بِٱلَّذِيٓ أُنزِلَ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَجۡهَ ٱلنَّهَارِ وَٱكۡفُرُوٓاْ ءَاخِرَهُۥ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

72. Ва гурўҳе аз аҳли китоб гуфтанд: “Ба он чи бар мўъминон нозил шуда дар аввали рўз имон оваред ва дар охири рўз ба он кофир шавед, то шояд аз дини худ шак карда баргарданд.” info
التفاسير:

external-link copy
73 : 3

وَلَا تُؤۡمِنُوٓاْ إِلَّا لِمَن تَبِعَ دِينَكُمۡ قُلۡ إِنَّ ٱلۡهُدَىٰ هُدَى ٱللَّهِ أَن يُؤۡتَىٰٓ أَحَدٞ مِّثۡلَ مَآ أُوتِيتُمۡ أَوۡ يُحَآجُّوكُمۡ عِندَ رَبِّكُمۡۗ قُلۡ إِنَّ ٱلۡفَضۡلَ بِيَدِ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ

73. Ва яҳудиён гуфтанд: бовар макунед, магар ба касе, ки пайравии дини шумо кунад. Эй Паёмбар, бигў: “Ҳидоят, ҳидояти Аллоҳ аст”. Гуфтанд: ин ки ба дигарон ҳамон чизҳое, ки ба шумо дода шудааст аз илм, ба мусалмонон нишон надиҳед, то ки аз шумо ёд гирифта ва аз шумо болотар шаванд ё фардо дар назди Парвардигоратон бо шумо муноқаша кунанд. Бигў эй Паёмбар: “Фазл ва бахшиш дар дасти Аллоҳ аст ва онро ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ фарохнеъмати доност. info
التفاسير:

external-link copy
74 : 3

يَخۡتَصُّ بِرَحۡمَتِهِۦ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ

74. Ва Аллоҳ раҳмати хешро ба ҳар кас, ки бихоҳад, хос мегардонад. Ва Аллоҳ дорои фазли бузург аст. info
التفاسير:

external-link copy
75 : 3

۞ وَمِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ مَنۡ إِن تَأۡمَنۡهُ بِقِنطَارٖ يُؤَدِّهِۦٓ إِلَيۡكَ وَمِنۡهُم مَّنۡ إِن تَأۡمَنۡهُ بِدِينَارٖ لَّا يُؤَدِّهِۦٓ إِلَيۡكَ إِلَّا مَا دُمۡتَ عَلَيۡهِ قَآئِمٗاۗ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُواْ لَيۡسَ عَلَيۡنَا فِي ٱلۡأُمِّيِّـۧنَ سَبِيلٞ وَيَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ

75. Ва дар миёни аҳли китоб касоне ҳастанд, ки агар ба таври амонат моли бисёреро ба онҳо супорӣ, онро ба ту бармегардонанд ва ҳастанд касоне, ки агар диноре ба таври амонат ба онҳо бисупорӣ, онро ба ту боз намегардонанд, магар ин ки ҳама вақт болои сари ў бошӣ, ин бад-он ҷиҳат аст, ки онҳо гуфтанд: ”Мо дар баробари уммийин масъул нестем”[225] ва бар Аллоҳ дўруғ нисбат медиҳанд, ҳол он ки онҳо медонанд. info

[225]Яъне, агар ба ин бесаводон хиёнат кунем, молҳояшонро барои худ мубоҳ гардонем, барои мо гуноҳе нест

التفاسير:

external-link copy
76 : 3

بَلَىٰۚ مَنۡ أَوۡفَىٰ بِعَهۡدِهِۦ وَٱتَّقَىٰ فَإِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَّقِينَ

76. Оре, ҳар кас, ки ба аҳди худ вафо кунад, яъне имон орад, ба Аллоҳу Расулаш ва аз манъкардаҳои Аллоҳ бипарҳезад, пас ў парҳезгори ҳақиқӣ аст. Аллоҳ парҳезгоронро дўст медорад. info
التفاسير:

external-link copy
77 : 3

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَشۡتَرُونَ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ وَأَيۡمَٰنِهِمۡ ثَمَنٗا قَلِيلًا أُوْلَٰٓئِكَ لَا خَلَٰقَ لَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ ٱللَّهُ وَلَا يَنظُرُ إِلَيۡهِمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

77. Ҳамоно касоне, ки ба ивази паймони Аллоҳ,[226] ва савгандҳои дурўғини худ баҳои андакеро аз моли дунё меситонанд, дар охират насибае надоранд ва Аллоҳ дар рўзи қиёмат на ба онон сухан мегўяд, ки хурсандашон кунад ва на ба онон менигарад ба чашми раҳмат ва на ононро аз гуноҳ покиза месозад. Ва барояшон азобе дардовар аст. info

[226] Яъне, аз пайравии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва зикри сифати ў ва баёни амраш. Тафсири ибни Касир 2\62

التفاسير: