വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ

Фотир

external-link copy
1 : 35

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ جَاعِلِ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ رُسُلًا أُوْلِيٓ أَجۡنِحَةٖ مَّثۡنَىٰ وَثُلَٰثَ وَرُبَٰعَۚ يَزِيدُ فِي ٱلۡخَلۡقِ مَا يَشَآءُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ

Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳи офаринандаи осмонҳо ва замин аст; [Парвардигоре, ки] фариштагонро бо болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргона, фиристодагон [-и хеш ба сӯйи мардум] қарор дод [ва] ҳар чи бихоҳад дар офариниш меафзояд. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност info
التفاسير:

external-link copy
2 : 35

مَّا يَفۡتَحِ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ مِن رَّحۡمَةٖ فَلَا مُمۡسِكَ لَهَاۖ وَمَا يُمۡسِكۡ فَلَا مُرۡسِلَ لَهُۥ مِنۢ بَعۡدِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Ҳар [бахшоиш ва] раҳмате, ки Аллоҳ таоло барои мардумон бикушояд, ҳеҷ боздорандае барояш нест ва ҳар чиро бозгирад, фиристандае пас аз Ӯ вуҷуд надорад; ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 35

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡۚ هَلۡ مِنۡ خَٰلِقٍ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَأَنَّىٰ تُؤۡفَكُونَ

Эй мардум, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред. Оё офаринандае ҷуз Аллоҳ таоло ҳаст, ки шуморо аз осмон ва замин рӯзӣ диҳад? Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Пас, чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешавед? info
التفاسير: