ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್

Мурсалот

external-link copy
1 : 77

وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفٗا

1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд info
التفاسير:

external-link copy
2 : 77

فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفٗا

2.ва савганд ба бодҳои сахти вазандаи ҳалоксозанда info
التفاسير:

external-link copy
3 : 77

وَٱلنَّٰشِرَٰتِ نَشۡرٗا

3. ва савганд ба фариштагоне, ки ба бодҳои бороновар ӯҳдадоранд, ҳар куҷо ки Аллоҳ хоҳад боронро мебаранд info
التفاسير:

external-link copy
4 : 77

فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقٗا

4. ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаанд ҳақро аз ботил ва ҳалолро аз ҳаром info
التفاسير:

external-link copy
5 : 77

فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا

5. ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳйи Илоҳиро аз назди Аллоҳ ба сӯи паёмбарон мефароранд, info
التفاسير:

external-link copy
6 : 77

عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا

6. то ҳуҷҷатро барпо намоянд ё мардумро бим намоянд, info
التفاسير:

external-link copy
7 : 77

إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٞ

7.ки ҳароина, он чӣ ба шумо аз амри рӯзи қиёмат ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд![3062] info

[3062]Тафсири Бағавӣ 8\304

التفاسير:

external-link copy
8 : 77

فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ

8.Пас, он гоҳ ки ситорагон нест ва хомӯш шаванд ва равшании онҳо аз байн равад info
التفاسير:

external-link copy
9 : 77

وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ

9.ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад info
التفاسير:

external-link copy
10 : 77

وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ

10.ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд ва дар фазо барбод раванд ва ҳеҷ асаре аз онҳо боқӣ намонад info
التفاسير:

external-link copy
11 : 77

وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ

11. ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад, ки миёни онҳо ва умматонашон доварӣ шавад. info
التفاسير:

external-link copy
12 : 77

لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ

12. Пас гӯянд: барои кадом рӯз ин чизҳо мавқуф гузошта шуд? info
التفاسير:

external-link copy
13 : 77

لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ

13. Онгоҳ гуфта шавад: барои рӯзи фасл, ки дар он миёни мардум мувофиқи аъмолашон доварӣ содир мешавад. info
التفاسير:

external-link copy
14 : 77

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ

14.Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл ва шиддат ва сахтии он чист? info
التفاسير:

external-link copy
15 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

15.Дар он рӯз вой (ҳалокӣ бод) бар дурӯғшуморандагон![3063] info

[3063]Тафсири ибни Касир 8\298

التفاسير:

external-link copy
16 : 77

أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ

16. Оё ба сабаби дурӯғбароварданашон паёмбаронро умматони пешинаро монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд ҳалок накардаем? info
التفاسير:

external-link copy
17 : 77

ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ

17. Баъд аз он умматони охиринро (аз куффори Макка ва амсоли онҳо, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд,) низ аз паи онҳо намебарем[3064]? info

[3064]Яъне, ҳалок намекунем.

التفاسير:

external-link copy
18 : 77

كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ

18.Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем. Ин равиши мо дар мавриди онҳост.[3065] info

[3065] Тафсири Табарӣ 24\132

التفاسير:

external-link copy
19 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

19. Дар он рӯз вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон; касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбарон ва ба рӯзи зинда шудани баъд аз марг ва ҳисоб бовар надоранд! info
التفاسير:

external-link copy
20 : 77

أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ

20. Оё эй кофирон, шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем? info
التفاسير:

external-link copy
21 : 77

فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارٖ مَّكِينٍ

21.Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем, ки он бачадони зан аст info
التفاسير:

external-link copy
22 : 77

إِلَىٰ قَدَرٖ مَّعۡلُومٖ

22.то замоне муъайян, ки ҳамон замони ҳомиладорӣ аст? info
التفاسير:

external-link copy
23 : 77

فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ

23. Мо бар он кор тавоно будаем, пас Мо некӯ тавоно ҳастем![3066] info

[3066] Тафсири Бағавӣ 8\305

التفاسير:

external-link copy
24 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

24.Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки қудрати Моро дурӯғ мебароранд! info
التفاسير:

external-link copy
25 : 77

أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا

25. Оё заминро ҷойгоҳи фарогире насохтем, ки ҳамаи шуморо фаро мегирад, info
التفاسير:

external-link copy
26 : 77

أَحۡيَآءٗ وَأَمۡوَٰتٗا

26.барои зиндагиву маргатон, ки зиндаҳо дар он зиндагӣ мекунанд ва мурдаҳо дар он дафн мешаванд? info
التفاسير:

external-link copy
27 : 77

وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتٖ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءٗ فُرَاتٗا

27.Дар он (замин) кӯҳҳои баланд падид овардем, то замин маҳкам гардад ва такон нахӯрад ва ба шумо оби ширин ва гуворо нӯшонидем.[3067] info

[3067] Тафсири Саъдӣ 1\904

التفاسير:

external-link copy
28 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

28. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон ба ин неъматҳо! info
التفاسير:

external-link copy
29 : 77

ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ

29. Рӯзи қиёмат барои кофирон гуфта мешавад: Биравед ба сӯи азоби дӯзах он чӣ дар дунё дурӯғаш мешумурдед. info
التفاسير:

external-link copy
30 : 77

ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلّٖ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٖ

30. Биравед ба сӯи сояе аз дуди ҷаҳаннам, ки дорои сешоха аст, info
التفاسير:

external-link copy
31 : 77

لَّا ظَلِيلٖ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ

31.ки он на сояи хунук аст ва на дар он рӯз ҳарорати оташро бозмедорад. info
التفاسير:

external-link copy
32 : 77

إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ

32.Ҳароина, ҷаҳаннам шарораҳое меафканад, ки дар бузургии худ монанди баландии қасри азим аст), info
التفاسير:

external-link copy
33 : 77

كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٞ صُفۡرٞ

33.гӯё, ки он шарораҳо уштуроне сияҳтоби зардранг бошанд.[3068] info

[3068] Тафсири Табарӣ 24\139

التفاسير:

external-link copy
34 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

34. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки азоби Аллоҳро дурӯғ мебароранд! info
التفاسير:

external-link copy
35 : 77

هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ

35. Ин қиёмат рӯзест, ки ҳеҷ кас аз дурӯғшуморандагон сухан нагӯянд. info
التفاسير:

external-link copy
36 : 77

وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ

36.Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд, зеро барояшон узре нест.[3069] info

[3069] Тафсири Табарӣ 24\142

التفاسير:

external-link copy
37 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

37. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки ин рӯзро ва он чӣ дар он аст дурӯғ мебароранд! info
التفاسير:

external-link copy
38 : 77

هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ

38. Ин рӯз, рӯзи фасл аст, ки дар ин рӯз байни ҳақ ва ботил ҷудо мегардад ва шумо эй кофирони ин уммат ва кофирони пешиниёнатонро гирд меоварем. info
التفاسير:

external-link copy
39 : 77

فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدٞ فَكِيدُونِ

39.Пас, агар ҳилае доред, ки худро аз азоб халос кунед, ба кор баред.[3070] info

[3070] Тафсири Саъдӣ 1\905

التفاسير:

external-link copy
40 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

40. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи қиёматро дурӯғ мебароранд)! info
التفاسير:

external-link copy
41 : 77

إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٖ وَعُيُونٖ

41. Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз азоби Правардигорашон тарсиданд ва фармудаҳояшро ба ҷо оварданд ва аз манъкардҳояш дур истоданд, дар сояҳо ва канори чашмасоронанд, info
التفاسير:

external-link copy
42 : 77

وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ

42. Ва аз ҳар мевае, ки орзу кунанд, баҳра мебаранд. info
التفاسير:

external-link copy
43 : 77

كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

43. Барояшон гуфта мешавад: Ба подоши корҳое, ки дар дунё аз амалҳои шоиста мекардаед, бо лаззату гуворо бихӯред ва биёшомед. info
التفاسير:

external-link copy
44 : 77

إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ

44.Ҳароина, Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем! info
التفاسير:

external-link copy
45 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

45.Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро ва он чӣ дар он аст аз неъматҳо ва азобҳо дурӯғ мебароранд![3071] info

[3071] Тафсири Табарӣ 24\143

التفاسير:

external-link copy
46 : 77

كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ

46. Сипас Аллоҳ кофиронро таҳдид карда гуфтааст: Бихӯреду андак баҳрае баргиред дар дунё, ки ҳароина, шумо гунаҳкоронед ба сабабе, ки ба Аллоҳи якто шарик меовардед.[3072] info

[3072] Тафсири Бағавӣ 8\308

التفاسير:

external-link copy
47 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

47. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро дурӯғ мебароранд. info
التفاسير:

external-link copy
48 : 77

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ

48. Ва чун барои мушрикон гуфта шавад, ки намоз гузоред ва рукӯъ кунед, намоз намегузоранд ва рукӯъ намекунанд, балки такаббур меварзанд.[3073] info

[3073] Тафсири ибни Касир

التفاسير:

external-link copy
49 : 77

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ

49. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки мӯъҷизаҳои Аллоҳро дурӯғ мебароранд! info
التفاسير:

external-link copy
50 : 77

فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ

50. Агар ба ин Қуръон имон наоварданд, пас, аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд? Ҳол он ки Қуръон худ мӯъҷиза ва баёнкунандаи ҳама чизҳост ва аҳкому хабарҳояш равшан аст. info
التفاسير: