ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್

Марям

external-link copy
1 : 19

كٓهيعٓصٓ

1. Коф, Ҳо, Ё,Ъайн, Сод.[1542] info

[1542] Тафсири ҳарфҳои муқатъа дар сураи Бақара гузашт.

التفاسير:

external-link copy
2 : 19

ذِكۡرُ رَحۡمَتِ رَبِّكَ عَبۡدَهُۥ زَكَرِيَّآ

2. Ин аст баёни бахшоиши Парвардигорат бар бандааш Закариё алайҳиссалом, ки онро ба ту қисса мекунем, то ки панд гиранд пандгирандаҳо. info
التفاسير:

external-link copy
3 : 19

إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥ نِدَآءً خَفِيّٗا

3. Он гоҳ, ки Парвардигорашро оҳиста ва ором нидо кард. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 19

قَالَ رَبِّ إِنِّي وَهَنَ ٱلۡعَظۡمُ مِنِّي وَٱشۡتَعَلَ ٱلرَّأۡسُ شَيۡبٗا وَلَمۡ أَكُنۢ بِدُعَآئِكَ رَبِّ شَقِيّٗا

4. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва нишонаҳои пирӣ сарамро фаро гирифтааст ва ҳаргиз дар дуъо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, ноумед набудаам. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 19

وَإِنِّي خِفۡتُ ٱلۡمَوَٰلِيَ مِن وَرَآءِي وَكَانَتِ ٱمۡرَأَتِي عَاقِرٗا فَهَبۡ لِي مِن لَّدُنكَ وَلِيّٗا

5. Ва ҳамоно ман пас аз марги хеш аз хешовандонам метарсам, ки дини туро зоеъ кунанд ва ҳамсарам таваллуд намекунад . Пас маро аз ҷониби Худ фарзанде (меросбаре) ато кун, info
التفاسير:

external-link copy
6 : 19

يَرِثُنِي وَيَرِثُ مِنۡ ءَالِ يَعۡقُوبَۖ وَٱجۡعَلۡهُ رَبِّ رَضِيّٗا

6. ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандидаи Худат ва бандагонат гардон. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 19

يَٰزَكَرِيَّآ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ ٱسۡمُهُۥ يَحۡيَىٰ لَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ مِن قَبۡلُ سَمِيّٗا

7. «Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем». info
التفاسير:

external-link copy
8 : 19

قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَٰمٞ وَكَانَتِ ٱمۡرَأَتِي عَاقِرٗا وَقَدۡ بَلَغۡتُ مِنَ ٱلۡكِبَرِ عِتِيّٗا

8.Гуфт Закариё: «Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре бошад, ҳол он ки занам таваллуд намекунад ва ҳамоно ман худ дар пирӣ ба нотавонӣ расидаам?». info
التفاسير:

external-link copy
9 : 19

قَالَ كَذَٰلِكَ قَالَ رَبُّكَ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٞ وَقَدۡ خَلَقۡتُكَ مِن قَبۡلُ وَلَمۡ تَكُ شَيۡـٔٗا

9.Фармуд: ҳамин гуна аст. «Парвардигори ту гуфтааст: «Ин кор барои Ман осон аст ва ба ростӣ туро, ки пеш аз ин чизе набудаӣ ва вуҷуд ҳам надоштӣ, биёфаридаам»[1543] info

[1543]Тафсири Саъдӣ 1/ 490

التفاسير:

external-link copy
10 : 19

قَالَ رَبِّ ٱجۡعَل لِّيٓ ءَايَةٗۖ قَالَ ءَايَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ ٱلنَّاسَ ثَلَٰثَ لَيَالٖ سَوِيّٗا

10Гуфт Закариё: «Эй Парвардигори ман, ба ман аломату нишонеро бинамой»[1544]. Гуфт: «Нишонаи ту ин аст, ки се шабу се рӯз бо мардум сухан натавонӣ гуфт, дар ҳоле, ки тансиҳат ва солим ҳастӣ ( яъне дар ҳоле, ки на гунг ҳастиву на кар)[1545] ». info

[1544]То дилам қарор гирад. Тафсири Саъдӣ 1/ 490 [1545] Тафсири Табарӣ 18/151

التفاسير:

external-link copy
11 : 19

فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوۡمِهِۦ مِنَ ٱلۡمِحۡرَابِ فَأَوۡحَىٰٓ إِلَيۡهِمۡ أَن سَبِّحُواْ بُكۡرَةٗ وَعَشِيّٗا

11. Пас Закариё аз меҳроби ибодат ба миёни қавми худ баромад ва ба онон ишора кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед. info
التفاسير: