ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ಖ್ವಾಜ ಮಿರೋವ್ ಖ್ವಾಜ ಮೀರ್

Наҳл

external-link copy
1 : 16

أَتَىٰٓ أَمۡرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسۡتَعۡجِلُوهُۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ

1. Эй мушрикон, он чи Аллоҳ ба шумо дар рӯзи қиёмат аз азоб ваъда додааст, наздик омад, инак барои вуқӯъи он фармони Аллоҳ даррасид, пас онро бо шитобзадагӣ талаб макунед ва барои расулонаш масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Аллоҳ бихоҳед ҳар чи зудтар азоби онро бинамояд. Ӯ пок аст аз сифатҳое, ки мушрикон дар бораи Ӯ ба забон меронанд ва аз ҳар чӣ, ки шарики Ӯ месозанд, болотар аст.[1328] info

[1328] Тафсири Табарӣ 17\164

التفاسير:

external-link copy
2 : 16

يُنَزِّلُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ بِٱلرُّوحِ مِنۡ أَمۡرِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرُوٓاْ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱتَّقُونِ

2. Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони Ӯст, бар ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, фурӯ мефиристад, то бим диҳед бандагони Маро аз шарик овардан ба Ман, ки ҷуз Ман, ҳеҷ маъбуди барҳақе нест, пас аз Ман битарсед бо адо намудани фарзҳо ва холис Маро ибодат кунед.[1329] info

[1329] Тафсири Табарӣ 17\165

التفاسير:

external-link copy
3 : 16

خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ تَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ

3. Осмонҳову заминро бар ҳақ биёфарид, аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, пок аст.[1330] info

[1330]Аллоҳ ба бузургии худ барои бандагонаш ҳуҷҷат меорад, ки Ӯ дар офариниши осмонҳову замин касеро шарик нагирифтааст, инчунин дар ибодаташ касеро шарик нагирифтааст. Пас Ӯ танҳо сазовори ибодат шуда метавонад Тафсири ибни Касир 4\555

التفاسير:

external-link copy
4 : 16

خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٖ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٞ مُّبِينٞ

4. Одамиро аз нутфа биёфарид ,чун ӯ тавоноӣ ёфт, ба он мағрур мешавад. Пас онгоҳ ӯ ошкоро хусумат мекунад бо Офаридгори худ, ба монанде ки мегӯяд: “ки устухонҳои пӯсидаро зинда мегардонад”[1331]. info

[1331]Тафсири ибни Касир 4\557

التفاسير:

external-link copy
5 : 16

وَٱلۡأَنۡعَٰمَ خَلَقَهَاۖ لَكُمۡ فِيهَا دِفۡءٞ وَمَنَٰفِعُ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ

5. Чаҳорпоёнро (чун гову, бузу, шутуру гӯсфанд) бароятон биёфарид, шуморо аз пашм ва пӯсти онҳо гармӣ дод ва дигар фоидаҳоест чун насл гирифтан ва ширу саворӣ дарёфт кардан. Ва аз гӯшти ҳалоли онҳо мехӯред.[1332] info

[1332] Тафсири Бағавӣ 5\9

التفاسير:

external-link copy
6 : 16

وَلَكُمۡ فِيهَا جَمَالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَحِينَ تَسۡرَحُونَ

6. Ва бароятон дар онҳо зебоиву ҳусну ҷамол аст, чун ҳангоми шаб онҳоро аз чарогоҳон бозмегардонед ва бомдодон онҳоро ба саҳро берун меронед, info
التفاسير: