ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ರುವ್ವಾದ್ ಭಾಷಾಂತರ ಕೇಂದ್ರ

ಪುಟ ಸಂಖ್ಯೆ:close

external-link copy
88 : 7

۞ قَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ لَنُخۡرِجَنَّكَ يَٰشُعَيۡبُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَكَ مِن قَرۡيَتِنَآ أَوۡ لَتَعُودُنَّ فِي مِلَّتِنَاۚ قَالَ أَوَلَوۡ كُنَّا كَٰرِهِينَ

Ашроф [-у бузургон]-и қавмаш, ки такаббур меварзиданд гуфтанд: «Эй Шуайб, ҳатман, ту ва касонеро, ки ҳамроҳат имон овардаанд, аз шаҳрамон берун мекунем, [пас, ё биравед] ё ба оини мо баргардед». [Шуайб] Гуфт: «Оё [бозгардем ҳатто] агар аз он кароҳат дошта [ва безор] бошем? info
التفاسير:

external-link copy
89 : 7

قَدِ ٱفۡتَرَيۡنَا عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا إِنۡ عُدۡنَا فِي مِلَّتِكُم بَعۡدَ إِذۡ نَجَّىٰنَا ٱللَّهُ مِنۡهَاۚ وَمَا يَكُونُ لَنَآ أَن نَّعُودَ فِيهَآ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّنَاۚ وَسِعَ رَبُّنَا كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمًاۚ عَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلۡنَاۚ رَبَّنَا ٱفۡتَحۡ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَ قَوۡمِنَا بِٱلۡحَقِّ وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡفَٰتِحِينَ

Агар ба оини шумо баргардем, пас аз он ки Аллоҳ таоло моро аз он наҷот бахшид, дар ҳақиқат, ба Аллоҳ таоло дурӯғ бастаем.Ва моро сазовор нест, ки ба он бозгардем, магар он ки Аллоҳ таоло – Парвардигори мо бихоҳад. Илми Парвардигорамон ҳама чизро фаро гирифтааст.Бар Аллоҳ таоло таваккал кардаем. Парвардигоро, миёни мо ва қавмамон ба ҳақ доварӣ кун ва Ту беҳтарин доварӣ» info
التفاسير:

external-link copy
90 : 7

وَقَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ لَئِنِ ٱتَّبَعۡتُمۡ شُعَيۡبًا إِنَّكُمۡ إِذٗا لَّخَٰسِرُونَ

Ва ашроф [-у бузургон]-и қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Агар аз Шуайб пайравӣ кунед, ҳатман, зиёнкор хоҳед буд» info
التفاسير:

external-link copy
91 : 7

فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلرَّجۡفَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دَارِهِمۡ جَٰثِمِينَ

Он гоҳ зилзила [-и шадид]-е ононро фаро гирифт, пас, дар хонаҳои худ ба рӯ дарафтоданд [ва ҳалок шуданд] info
التفاسير:

external-link copy
92 : 7

ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ شُعَيۡبٗا كَأَن لَّمۡ يَغۡنَوۡاْ فِيهَاۚ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ شُعَيۡبٗا كَانُواْ هُمُ ٱلۡخَٰسِرِينَ

Онон, ки Шуайбро дурӯғгӯ ангоштанд, [чунон аз байн рафтанд ки] гӯӣ ҳаргиз дар он [диёр] набудаанд ва онон ки Шуайбро дурӯғгӯ ангоштанд, худ зиёнкорон буданд info
التفاسير:

external-link copy
93 : 7

فَتَوَلَّىٰ عَنۡهُمۡ وَقَالَ يَٰقَوۡمِ لَقَدۡ أَبۡلَغۡتُكُمۡ رِسَٰلَٰتِ رَبِّي وَنَصَحۡتُ لَكُمۡۖ فَكَيۡفَ ءَاسَىٰ عَلَىٰ قَوۡمٖ كَٰفِرِينَ

Пас, [Шуайб] аз эшон рӯй гардонду гуфт: «Эй қавми ман, бе тардид паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расондам ва пандатон додам. Пас, чигуна барои гурӯҳи кофир [-и лаҷуҷ] андуҳгин бошам»? info
التفاسير:

external-link copy
94 : 7

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا فِي قَرۡيَةٖ مِّن نَّبِيٍّ إِلَّآ أَخَذۡنَآ أَهۡلَهَا بِٱلۡبَأۡسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ لَعَلَّهُمۡ يَضَّرَّعُونَ

Ва мо дар ҳеҷ шаҳр [ва диёре] паёмбаре нафиристодем, магар инки сокинонашро ба ранҷҳо ва сахтиҳо гирифтор сохтем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ фурӯтанӣ ва] тазарруъ кунанд info
التفاسير:

external-link copy
95 : 7

ثُمَّ بَدَّلۡنَا مَكَانَ ٱلسَّيِّئَةِ ٱلۡحَسَنَةَ حَتَّىٰ عَفَواْ وَّقَالُواْ قَدۡ مَسَّ ءَابَآءَنَا ٱلضَّرَّآءُ وَٱلسَّرَّآءُ فَأَخَذۡنَٰهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Сипас ба ҷойи нохушӣ [ва бадӣ] некӣ [ва хушӣ] овардем, то афзун шуданд ва гуфтанд: «Бе тардид, ба падарони мо [низ ба ҳукми табиат] сахтӣ ва роҳате мерасид». Пас, дар ҳоле ки бехабар буданд, ононро [ба азоб] фаро гирифтем info
التفاسير: