ಪವಿತ್ರ ಕುರ್‌ಆನ್ ಅರ್ಥಾನುವಾದ - ತಾಜಿಕ್ ಅನುವಾದ - ರುವ್ವಾದ್ ಭಾಷಾಂತರ ಕೇಂದ್ರ

ಪುಟ ಸಂಖ್ಯೆ:close

external-link copy
126 : 20

قَالَ كَذَٰلِكَ أَتَتۡكَ ءَايَٰتُنَا فَنَسِيتَهَاۖ وَكَذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمَ تُنسَىٰ

[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҳамон тавр, ки оёти Мо бар ту омад ва онҳоро ба фаромӯшӣ супурдӣ, имрӯз ту [низ] ба ҳамон сурат фаромӯш мешавӣ» info
التفاسير:

external-link copy
127 : 20

وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي مَنۡ أَسۡرَفَ وَلَمۡ يُؤۡمِنۢ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦۚ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَشَدُّ وَأَبۡقَىٰٓ

Ва касеро, ки [дар гумроҳӣ ва гуноҳ] зиёдаравӣ кунад ва ба оёти Парвардигораш имон наоварад, ин гуна кайфар медиҳем; ва ҳатман, азоби охират шадидтар ва пойдортар аст info
التفاسير:

external-link copy
128 : 20

أَفَلَمۡ يَهۡدِ لَهُمۡ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ يَمۡشُونَ فِي مَسَٰكِنِهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّأُوْلِي ٱلنُّهَىٰ

Оё барои ҳидояташон кофӣ нест, ки [бидонанд] чи наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин мушрикон] дар хонаҳои эшон [наслҳои гузашта] роҳ мераванд? Ба ростӣ, дар ин [нукта] барои хирадмандон нишонаҳое [ибратангез] аст info
التفاسير:

external-link copy
129 : 20

وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَكَانَ لِزَامٗا وَأَجَلٞ مُّسَمّٗى

Ва агар аз сӯйи Парвардигорат сухане [дар бораи итмоми ҳуҷҷат бо мардум] нагузашта буд ва замони муайяне дар кор набуд, ҳатман [азоби илоҳӣ дар ҳамин дунё бар онон] лозим мешуд info
التفاسير:

external-link copy
130 : 20

فَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ قَبۡلَ طُلُوعِ ٱلشَّمۡسِ وَقَبۡلَ غُرُوبِهَاۖ وَمِنۡ ءَانَآيِٕ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡ وَأَطۡرَافَ ٱلنَّهَارِ لَعَلَّكَ تَرۡضَىٰ

Пас [эй Паёмбар,] бар он чӣ мегӯянд, шикебо бош ва Парвардигоратро пеш аз тулуи офтоб [дар намози бомдод] ва пеш аз ғуруб [дар намози аср] ба покӣ ситоиш кун ва соате аз шаб [дар намози хуфтан] ва канораҳои рӯз [дар намози пешин ва шом низ ба ниёиш бипардоз]; бошад, ки [аз подоши илоҳӣ] хушнуд шавӣ info
التفاسير:

external-link copy
131 : 20

وَلَا تَمُدَّنَّ عَيۡنَيۡكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجٗا مِّنۡهُمۡ زَهۡرَةَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا لِنَفۡتِنَهُمۡ فِيهِۚ وَرِزۡقُ رَبِّكَ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰ

Ва ҳаргиз ба [неъматҳои дунявӣ ва] он чи ки гурӯҳҳое аз онон [мушрикон]-ро аз онҳо баҳраманд сохтаем, чашм надӯз. Инҳо зинати зиндагии дунёст, то ононро бад-он биозмояд; ва рӯзии Парвардигорат беҳтар ва пойдортар аст info
التفاسير:

external-link copy
132 : 20

وَأۡمُرۡ أَهۡلَكَ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱصۡطَبِرۡ عَلَيۡهَاۖ لَا نَسۡـَٔلُكَ رِزۡقٗاۖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُكَۗ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلتَّقۡوَىٰ

Ва хонаводаатро ба намоз фармон бидеҳ ва [худ] бар [анҷоми] он шикебо бош [Мо] Аз ту рӯзӣ намехоҳем, [балки] худ ба ту рӯзӣ медиҳем; ва саранҷоми нек барои [аҳли] парҳез аст info
التفاسير:

external-link copy
133 : 20

وَقَالُواْ لَوۡلَا يَأۡتِينَا بِـَٔايَةٖ مِّن رَّبِّهِۦٓۚ أَوَلَمۡ تَأۡتِهِم بَيِّنَةُ مَا فِي ٱلصُّحُفِ ٱلۡأُولَىٰ

[Мушрикон] гуфтанд: «Чаро [Муҳаммад] муъҷизае аз ҷониби Парвардигораш барои мо намеоварад?» Бигӯ: «Оё [Қуръон ба унвони] далели равшан он чи дар китобҳои пешин аст, барояшон наёмадааст?» info
التفاسير:

external-link copy
134 : 20

وَلَوۡ أَنَّآ أَهۡلَكۡنَٰهُم بِعَذَابٖ مِّن قَبۡلِهِۦ لَقَالُواْ رَبَّنَا لَوۡلَآ أَرۡسَلۡتَ إِلَيۡنَا رَسُولٗا فَنَتَّبِعَ ءَايَٰتِكَ مِن قَبۡلِ أَن نَّذِلَّ وَنَخۡزَىٰ

Агар Мо ононро пеш аз он [ки паёмбар ва китоби осмонӣ биёяд] бо азобе ҳалок мекардем, ҳатман, [рӯзи қиёмат мушрикон] мегуфтанд: «Парвардигоро, чаро паёмбаре ба сӯямон нафиристодӣ, то пеш аз он ки хору расво шавем, аз оёти Ту пайравӣ кунем?» info
التفاسير:

external-link copy
135 : 20

قُلۡ كُلّٞ مُّتَرَبِّصٞ فَتَرَبَّصُواْۖ فَسَتَعۡلَمُونَ مَنۡ أَصۡحَٰبُ ٱلصِّرَٰطِ ٱلسَّوِيِّ وَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ

[Эй Паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд; пас, шумо [низ] мунтазир бошед. Ба зудӣ хоҳед донист, ки раҳравони роҳи рост чи касоне ҳастанд ва ҳидоятёфта кист» info
التفاسير: