ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ

external-link copy
104 : 6

قَدۡ جَآءَكُم بَصَآئِرُ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَنۡ أَبۡصَرَ فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ عَمِيَ فَعَلَيۡهَاۚ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيۡكُم بِحَفِيظٖ

104. (Эй Паёмбар ба мушрикон бигӯ): Ҳамоно аз сӯи Парвардигоратон барои шумо нишонаҳои равшан омад, ки шумо роҳи ҳақро аз гумроҳӣ ҷудо мекунед. Ҳар кӣ аз рӯи ибрат менигарад, ба нафъи ӯст ва ҳар кӣ чашми ибрат барҳам пӯшад, ба зиёни ӯст. Ва ман нигоҳдорандаи шумо нестам, ки амалҳои шуморо бишуморам! Ба дурустӣ, ки вазифаи ман расонандаи каломи Парвардигор аст. Аллоҳ ба муқтазои илм ва ҳикмати худ касеро, ки хоҳад ҳидоят мекунад ва касеро, ки хоҳад гумроҳ месозад.[601] info

[601] Тафсири ибни Касир 3\312

التفاسير: