ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
84 : 5

وَمَا لَنَا لَا نُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَمَا جَآءَنَا مِنَ ٱلۡحَقِّ وَنَطۡمَعُ أَن يُدۡخِلَنَا رَبُّنَا مَعَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلصَّٰلِحِينَ

84. Чаро ба Аллоҳ ва ин дини ҳақ, ки бар мо нозил шудааст, имон наёварем ва тамаъ накунем, дар ин ки Парвардигори мо моро дар шумори солеҳон оварад? info
التفاسير:

external-link copy
85 : 5

فَأَثَٰبَهُمُ ٱللَّهُ بِمَا قَالُواْ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

85. Пас ба сабаби имоне, ки оварданд ва эътирофе, ки ба ҳақ карданд, Парвардигор онҳоро ба биҳиштҳое, ки аз зери дарахтони он ҷўйҳо равон аст, дарорад ва онҳо дар он ҷовидон мемонанд ва ин подоши некўкорон аст. info
التفاسير:

external-link copy
86 : 5

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ

86. Ва онон, ки куфр варзиданд ба ягонагии Парвардигор ва инкор карданд паёмбарии Муҳамммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ва оёти моро, ки бар паёмбарон нозил шуда дурўғ шумориданд, онҳо аз аҳли ҷаҳаннаманд. info
التفاسير:

external-link copy
87 : 5

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُحَرِّمُواْ طَيِّبَٰتِ مَآ أَحَلَّ ٱللَّهُ لَكُمۡ وَلَا تَعۡتَدُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُعۡتَدِينَ

87. Эй касоне, ки имон овардаед, чизҳои покизаеро, ки Аллоҳ бар шумо ҳалол кардааст, ҳаром макунед аз таъом, нўшокӣ , никоҳи занон ва неъматеро, ки Парвардигор ба шумо ба фарохӣ арзонӣ намудааст, ба тангӣ магиред ва аз ҳад дармагузаред, ки ҳамоно Аллоҳ аз ҳад таҷовузкунандагонро дўст надорад.[501] info

[501] Тафсири Бағавӣ 3\90

التفاسير:

external-link copy
88 : 5

وَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ حَلَٰلٗا طَيِّبٗاۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ أَنتُم بِهِۦ مُؤۡمِنُونَ

88. Ва аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рўзӣ додааст, бихўред ва аз Аллоҳе, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед. Ва амрҳояшро ба ҷо оред ва аз манъ кардаҳояш дурӣ ҷўед. info
التفاسير:

external-link copy
89 : 5

لَا يُؤَاخِذُكُمُ ٱللَّهُ بِٱللَّغۡوِ فِيٓ أَيۡمَٰنِكُمۡ وَلَٰكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا عَقَّدتُّمُ ٱلۡأَيۡمَٰنَۖ فَكَفَّٰرَتُهُۥٓ إِطۡعَامُ عَشَرَةِ مَسَٰكِينَ مِنۡ أَوۡسَطِ مَا تُطۡعِمُونَ أَهۡلِيكُمۡ أَوۡ كِسۡوَتُهُمۡ أَوۡ تَحۡرِيرُ رَقَبَةٖۖ فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ ثَلَٰثَةِ أَيَّامٖۚ ذَٰلِكَ كَفَّٰرَةُ أَيۡمَٰنِكُمۡ إِذَا حَلَفۡتُمۡۚ وَٱحۡفَظُوٓاْ أَيۡمَٰنَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ

89. Парвардигор шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда аз забонатон ҷорӣ гашта бозхост нахоҳад кард. (ба монанди Валлоҳӣ не! Валлоҳӣ оре!), вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки аз рўи қасд мехўред, бозхост мекунад ва каффорати он таъом додани даҳ мискин аст аз ғизои миёнае, ки ба хонаводаи хеш мехўронед ё пўшиши (либоси) онҳо ё озод кардани як банда. Ва ҳар кӣ наёбад, се рўз рўза медорад. Ин кафорати қасам аст, ҳар гоҳ, ки қасам хўрдед, ба қасамҳои худ вафо кунед. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки сипосгузор бошед, ки Парвардигор шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармудааст. info
التفاسير:

external-link copy
90 : 5

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡخَمۡرُ وَٱلۡمَيۡسِرُ وَٱلۡأَنصَابُ وَٱلۡأَزۡلَٰمُ رِجۡسٞ مِّنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَٱجۡتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ

90. Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ, шароб[502] ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо (тирҳое, ки фол мекушоянд), палидӣ ва кори шайтон аст, аз он гуноҳон парҳез кунед, то ба ҷаннат комёб шавед! (Ин корҳо аз ҷиҳати маънавӣ палид ва наҷас ҳастанд, гарчӣ дар зоҳир палид нестанд). info

[502]Ҳар масткунандае, ки ақлро тира мекунад.

التفاسير: