ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
26 : 19

فَكُلِي وَٱشۡرَبِي وَقَرِّي عَيۡنٗاۖ فَإِمَّا تَرَيِنَّ مِنَ ٱلۡبَشَرِ أَحَدٗا فَقُولِيٓ إِنِّي نَذَرۡتُ لِلرَّحۡمَٰنِ صَوۡمٗا فَلَنۡ أُكَلِّمَ ٱلۡيَوۡمَ إِنسِيّٗا

26. Пас, бихӯру биёшом ва шодмон бош ва агар аз одамиён касеро дидӣ, бигӯй: «Барои Аллоҳи меҳрубон рӯза назр кардаам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан намегӯям»[1552]. info

[1552] Сукут ҳамчунон рӯза дар шариъати онҳо ибодат буд, аммо дар шариъати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ибодат нест.

التفاسير:

external-link copy
27 : 19

فَأَتَتۡ بِهِۦ قَوۡمَهَا تَحۡمِلُهُۥۖ قَالُواْ يَٰمَرۡيَمُ لَقَدۡ جِئۡتِ شَيۡـٔٗا فَرِيّٗا

27. Онгоҳ кӯдакро бардошт ва назди қавми худ овард. Гуфтанд: Эй Марям, ба ростӣ, аҷаб гуноҳи зиште кардаӣ . info
التفاسير:

external-link copy
28 : 19

يَٰٓأُخۡتَ هَٰرُونَ مَا كَانَ أَبُوكِ ٱمۡرَأَ سَوۡءٖ وَمَا كَانَتۡ أُمُّكِ بَغِيّٗا

28. Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди баде буду на модарат бадкора буд. info
التفاسير:

external-link copy
29 : 19

فَأَشَارَتۡ إِلَيۡهِۖ قَالُواْ كَيۡفَ نُكَلِّمُ مَن كَانَ فِي ٱلۡمَهۡدِ صَبِيّٗا

29. Пас Марямба тифли худ ишора кард, то аз тифл бипурсанд. Гуфтанд: «Чӣ гуна бо кӯдаке, ки дар гаҳвора аст, сухан бигӯем?». info
التفاسير:

external-link copy
30 : 19

قَالَ إِنِّي عَبۡدُ ٱللَّهِ ءَاتَىٰنِيَ ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلَنِي نَبِيّٗا

30. Исо гуфт: «Ман бандаи Аллоҳам, ба ман китоб (Инҷил) дода ва маро паёмбар гардонидааст. info
التفاسير:

external-link copy
31 : 19

وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيۡنَ مَا كُنتُ وَأَوۡصَٰنِي بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ مَا دُمۡتُ حَيّٗا

31. Ва ҳар ҷо, ки бошам, маро баракат ва хубӣ додааст ва маро ба хондани намоз ва додани закот, то вақте ки зинда бошам, супориш кардааст. info
التفاسير:

external-link copy
32 : 19

وَبَرَّۢا بِوَٰلِدَتِي وَلَمۡ يَجۡعَلۡنِي جَبَّارٗا شَقِيّٗا

32. Ва низ некӣ кардан ба модарамро супориш намуд. Ва маро гарданкашу бадрафтор қарор надодааст. info
التفاسير:

external-link copy
33 : 19

وَٱلسَّلَٰمُ عَلَيَّ يَوۡمَ وُلِدتُّ وَيَوۡمَ أَمُوتُ وَيَوۡمَ أُبۡعَثُ حَيّٗا

33. Ва салом ва осоиштагӣ аз ҷониби Аллоҳ бар ман, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки дигар бор зинда карда мешавам! info
التفاسير:

external-link copy
34 : 19

ذَٰلِكَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَۖ قَوۡلَ ٱلۡحَقِّ ٱلَّذِي فِيهِ يَمۡتَرُونَ

34. Ин аст эйПаёмбар қиссаи Исо ибни Марям ва сухани ҳақ, ҳамоно ки дар бораи ӯ (яҳуд ва насоро) дар шакку шубҳа буданд. info
التفاسير:

external-link copy
35 : 19

مَا كَانَ لِلَّهِ أَن يَتَّخِذَ مِن وَلَدٖۖ سُبۡحَٰنَهُۥٓۚ إِذَا قَضَىٰٓ أَمۡرٗا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ

35. Насазад Аллоҳро, ки фарзанде баргирад. Ӯ пок аст аз ин тӯҳматҳои нораво. Чун иродаи коре кунад, ҳамоно мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас мавҷуд мешавад. info
التفاسير:

external-link copy
36 : 19

وَإِنَّ ٱللَّهَ رَبِّي وَرَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُوهُۚ هَٰذَا صِرَٰطٞ مُّسۡتَقِيمٞ

36. (Исо алайҳиссалом бар қавмаш гуфт): Ва ҳамоно Аллоҳ Парвардигори ману Парвардигори шумост, пас Ӯро бипарастед, ки роҳи рост, ин аст! info
التفاسير:

external-link copy
37 : 19

فَٱخۡتَلَفَ ٱلۡأَحۡزَابُ مِنۢ بَيۡنِهِمۡۖ فَوَيۡلٞ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن مَّشۡهَدِ يَوۡمٍ عَظِيمٍ

37. Пас ихтилоф намуданд ҷамоъатҳои яҳуду насоро, дар боби Исо алайҳиссалом[1553], пас вой бар касоне, ки кофир шуданд аз мушоҳидаи рӯзи бузург (қиёмат). info

[1553] Насрониҳо дар бораи Исо алайҳиссалом ба се гӯруҳ тақсим шудаанд: Гурӯҳи аввал, Исоро Аллоҳ мешуморанд. Гурӯҳи дуюм, Исоро фарзанди Аллоҳ мешуморанд. Гурӯҳи сеюм, Исоро сеяки се мешуморанд. Яҳудиҳо Исо алайҳиссаломро тӯҳмат карда мегӯянд : Исо ҷодугар ва валаду зино аст. Албатта Аллоҳ аз ҳама гуфтаҳои онон пок каст. Тафсири Саъдӣ 1/ 493

التفاسير:

external-link copy
38 : 19

أَسۡمِعۡ بِهِمۡ وَأَبۡصِرۡ يَوۡمَ يَأۡتُونَنَا لَٰكِنِ ٱلظَّٰلِمُونَ ٱلۡيَوۡمَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

38. Чӣқадар хуб шунаво бошанд ва чӣқадар хуб бино бошанд, он рӯз, ки назди Мо меоянд, аммо ситамкорон имрӯз дар гумроҳии ошкоре ҳастанд. info
التفاسير: