ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ

Иброҳим

external-link copy
1 : 14

الٓرۚ كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ إِلَيۡكَ لِتُخۡرِجَ ٱلنَّاسَ مِنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ بِإِذۡنِ رَبِّهِمۡ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ

1. Алиф, Лом, Ро[1235]. Инқуръон китобест, ки бар ту эй Паёмбарнозил кардем, то мардумро (дар партави таълимоти он) ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ[1236] ба рӯшноӣ[1237] ва ба роҳи Аллоҳи пирӯзманде, ки сазовори ситоиш аст, роҳ намоӣ. info

[1235] Баёни ин ҳарфҳо дар аввали сураи Бақара гузашт.
[1236]Гумроҳии куфр ва нодонӣ
[1237]Нури имон

التفاسير: