ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
34 : 14

وَءَاتَىٰكُم مِّن كُلِّ مَا سَأَلۡتُمُوهُۚ وَإِن تَعُدُّواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ لَا تُحۡصُوهَآۗ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَظَلُومٞ كَفَّارٞ

34. Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед ҳисоби онро ва на адо намудани шукрашро, ки ҳароина одамӣ бисёр ситамкор ва ношукри неъмат аст![1267] info

[1267] Тафсири Бағавӣ 4\354

التفاسير:

external-link copy
35 : 14

وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ رَبِّ ٱجۡعَلۡ هَٰذَا ٱلۡبَلَدَ ءَامِنٗا وَٱجۡنُبۡنِي وَبَنِيَّ أَن نَّعۡبُدَ ٱلۡأَصۡنَامَ

35. Ва ба ёд ор, эй Расул вақте ки Иброҳим ба Парвардигораш дуъо хонда гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор. info
التفاسير:

external-link copy
36 : 14

رَبِّ إِنَّهُنَّ أَضۡلَلۡنَ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِۖ فَمَن تَبِعَنِي فَإِنَّهُۥ مِنِّيۖ وَمَنۡ عَصَانِي فَإِنَّكَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

36. Эй Парвардигори ман, инҳо бутҳо бисёре аз мардумро гумроҳ кардаанд, пас ҳар кас, ки аз ман пайравӣ кунад, аз дин ва суннати ман аст ва ҳар кас фармони ман набарад, ту омурзандаву меҳрубонӣ![1268] info

[1268] Тафсири Бағавӣ 4\355

التفاسير:

external-link copy
37 : 14

رَّبَّنَآ إِنِّيٓ أَسۡكَنتُ مِن ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيۡرِ ذِي زَرۡعٍ عِندَ بَيۡتِكَ ٱلۡمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ فَٱجۡعَلۡ أَفۡـِٔدَةٗ مِّنَ ٱلنَّاسِ تَهۡوِيٓ إِلَيۡهِمۡ وَٱرۡزُقۡهُم مِّنَ ٱلثَّمَرَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَشۡكُرُونَ

37. Эй Парвардигори мо, баъзе аз фарзандонамро ба водии бекишт, наздики хонаи гиромии Ту ҷой додам, эй Парвардигори мо, ин ҳама ба фармони Ту кардаам, то намозро барпо доранд. Дилҳои мардумонро чунон кун, ки таваҷҷӯҳи ба онҳо кунанд ва аз ҳар меваҳо рӯзиашон деҳ, бошад, ки сипос гузоранд! info
التفاسير:

external-link copy
38 : 14

رَبَّنَآ إِنَّكَ تَعۡلَمُ مَا نُخۡفِي وَمَا نُعۡلِنُۗ وَمَا يَخۡفَىٰ عَلَى ٱللَّهِ مِن شَيۡءٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِ

38. Эй Парвардигори мо, ҳар чиро пинҳон медорем, ё ошкор месозем, Ту ба он огоҳӣ. Ва назди Аллоҳ ҳеҷ чиз дар замину осмон пӯшида нест! info
التفاسير:

external-link copy
39 : 14

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي وَهَبَ لِي عَلَى ٱلۡكِبَرِ إِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَۚ إِنَّ رَبِّي لَسَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ

39. Сипос Аллоҳеро, ки дар синни пирӣ Исмоъилу Исҳоқро ба ман ато кард. Парвардигори ман дуъоҳоро мешунавад ва маро ноумед нагардонд! info
التفاسير:

external-link copy
40 : 14

رَبِّ ٱجۡعَلۡنِي مُقِيمَ ٱلصَّلَوٰةِ وَمِن ذُرِّيَّتِيۚ رَبَّنَا وَتَقَبَّلۡ دُعَآءِ

40. Эй парвардигори ман, маро ва фарзандони маро (ба пуррагӣ) барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуъои маро бипазир. info
التفاسير:

external-link copy
41 : 14

رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيَّ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ يَوۡمَ يَقُومُ ٱلۡحِسَابُ

41. Эй Парвардигори мо, маро ва падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзе, ки ҳисоб барпо мегардад[1269] биёмурз![1270] info

[1269] Рӯзи қиёмат
[1270] Ва ин дуъо пеш аз душмании падараш бо Аллоҳ буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Аллоҳ аст аз ӯ безорӣ ҷуст ва барояш тарки омӯрзиши гуноҳ кард. Тафсири Саъдӣ 1\427

التفاسير:

external-link copy
42 : 14

وَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱللَّهَ غَٰفِلًا عَمَّا يَعۡمَلُ ٱلظَّٰلِمُونَۚ إِنَّمَا يُؤَخِّرُهُمۡ لِيَوۡمٖ تَشۡخَصُ فِيهِ ٱلۡأَبۡصَٰرُ

42. Ва мапиндор, эй Расул, ки Аллоҳ аз кирдори ситамкороне, ки туро ва дигар паёмбаронро дурӯғ мебароранд ва мӯъминонро азият медиҳанд, ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонанд, ба таъхир мегузорад! info
التفاسير: