ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
31 : 7

۞ يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ خُذُواْ زِينَتَكُمۡ عِندَ كُلِّ مَسۡجِدٖ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ وَلَا تُسۡرِفُوٓاْۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡرِفِينَ

Эй фарзандони Одам, ҳангоми рафтан ба масҷид [ва дар ҳар намозе] зинати худро баргиред [ва либоси шоиста бипӯшед] ва [дар зиндагӣ, аз хӯрокҳои покиза] бихӯред ва биошомед, вале исроф накунед, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло исрофкунандагонро дӯст намедорад info
التفاسير:

external-link copy
32 : 7

قُلۡ مَنۡ حَرَّمَ زِينَةَ ٱللَّهِ ٱلَّتِيٓ أَخۡرَجَ لِعِبَادِهِۦ وَٱلطَّيِّبَٰتِ مِنَ ٱلرِّزۡقِۚ قُلۡ هِيَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا خَالِصَةٗ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Либос [-у зинатҳо]е-ро ки Аллоҳ таоло барои бандагонаш падид оварда ва [ҳамчунин] рӯзиҳои покизаро чи касе ҳаром кардааст?». Бигӯ: «Ин [неъматҳо] дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд, [ва агар чи кофирон низ аз онҳо баҳраманданд] рӯзи қиёмат махсус [-и муъминон] хоҳад буд. Мо инчунин оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён мекунем info
التفاسير:

external-link copy
33 : 7

قُلۡ إِنَّمَا حَرَّمَ رَبِّيَ ٱلۡفَوَٰحِشَ مَا ظَهَرَ مِنۡهَا وَمَا بَطَنَ وَٱلۡإِثۡمَ وَٱلۡبَغۡيَ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَأَن تُشۡرِكُواْ بِٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ سُلۡطَٰنٗا وَأَن تَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

Бигӯ: «Парвардигорам зишткориҳо, чи ошкор [бошад] ва чи пинҳон ва гуноҳу ситами ноҳақро ҳаром намудааст ва ин ки чизеро шарики Аллоҳ таоло бидонед, ки далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст ва инки чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат диҳед info
التفاسير:

external-link copy
34 : 7

وَلِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٞۖ فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ لَا يَسۡتَأۡخِرُونَ سَاعَةٗ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ

Ҳар уммате аҷале дорад.Пас, ҳангоме ки аҷалашон ба сар ояд, на лаҳзае [аз он] таъхир мекунанд ва на [бар он] пешӣ мегиранд info
التفاسير:

external-link copy
35 : 7

يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ إِمَّا يَأۡتِيَنَّكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَقُصُّونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِي فَمَنِ ٱتَّقَىٰ وَأَصۡلَحَ فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

Эй фарзандони Одам, агар паёмбароне аз худи шумо [наздатон] биоянд, ки оёти Маро бароятон бихонанд, [аз он пайравӣ кунед] пас, онон, ки парҳезгорӣ намоянд ва [рафторҳои гузаштаро] ислоҳ кунанд, на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
36 : 7

وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَٱسۡتَكۡبَرُواْ عَنۡهَآ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоранд ва дар баробараш [гарданкашӣ ва] такаббур меварзанд, аҳли дузаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд info
التفاسير:

external-link copy
37 : 7

فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِهِۦٓۚ أُوْلَٰٓئِكَ يَنَالُهُمۡ نَصِيبُهُم مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُنَا يَتَوَفَّوۡنَهُمۡ قَالُوٓاْ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِۖ قَالُواْ ضَلُّواْ عَنَّا وَشَهِدُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰفِرِينَ

Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё оёташро дурӯғ мепиндорад? Онон касоне ҳастанд, ки насибашон аз ончи [дар Лавҳи маҳфуз] муқаррар шудааст, ба эшон хоҳад расид, то он гоҳ ки фиристодагони Мо ба суроғашон меоянд, ки ҷонашонро бигиранд, [ба онон] мегӯянд: «Онҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастидед, куҷо ҳастанд»? [Онон] Мегӯянд: «Аз [назди] мо гум шуданд».Ва [ин гуна] алайҳи худ гувоҳӣ медиҳанд, ки кофир будаанд info
التفاسير: