ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
78 : 5

لُعِنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۢ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ عَلَىٰ لِسَانِ دَاوُۥدَ وَعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ

[Афроде] Аз Бани Исроил, ки куфр варзиданд, аз забони Довуд [дар Забур] ва [аз қавли] Исо писари Марям [дар Инҷил] мавриди лаънат қарор гирифтанд. Ин [нафрин] ба хотири он буд, ки нофармонӣ карданд ва [аз ҳудуди илоҳӣ] таҷовуз менамуданд info
التفاسير:

external-link copy
79 : 5

كَانُواْ لَا يَتَنَاهَوۡنَ عَن مُّنكَرٖ فَعَلُوهُۚ لَبِئۡسَ مَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ

Онон якдигарро аз [гуноҳону] кор [-ҳои] зиште, ки анҷом медоданд, наҳй намекарданд. Ба ростӣ, чи бад буд он чи мекарданд! info
التفاسير:

external-link copy
80 : 5

تَرَىٰ كَثِيرٗا مِّنۡهُمۡ يَتَوَلَّوۡنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ لَبِئۡسَ مَا قَدَّمَتۡ لَهُمۡ أَنفُسُهُمۡ أَن سَخِطَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡ وَفِي ٱلۡعَذَابِ هُمۡ خَٰلِدُونَ

[Эй паёмбар] Бисёре аз ононро мебинӣ, ки бо кофирон дӯстӣ мекунанд. Ба ростӣ, чи зишт аст, он чи барои худ пеш фиристоданд, ки [дар натиҷаи он низ] Аллоҳ таоло бар онон хашм гирифт ва ҷовидона дар азоб мемонанд info
التفاسير:

external-link copy
81 : 5

وَلَوۡ كَانُواْ يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلنَّبِيِّ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مَا ٱتَّخَذُوهُمۡ أَوۡلِيَآءَ وَلَٰكِنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ

Ва агар [яҳудиён] ба Аллоҳ таоло ва паёмбар ва он чи бар ӯ нозил шудааст, имон меоварданд, онон [кофирон]-ро ба дӯстӣ намегирифтанд, вале бисёре аз онон нофармонанд info
التفاسير:

external-link copy
82 : 5

۞ لَتَجِدَنَّ أَشَدَّ ٱلنَّاسِ عَدَٰوَةٗ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلۡيَهُودَ وَٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْۖ وَلَتَجِدَنَّ أَقۡرَبَهُم مَّوَدَّةٗ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّا نَصَٰرَىٰۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّ مِنۡهُمۡ قِسِّيسِينَ وَرُهۡبَانٗا وَأَنَّهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ

[Эй паёмбар] Яқинан, яҳудиён ва касонеро, ки ширк варзиданд, душмантарини мардум нисбат ба муъминон хоҳӣ ёфт ва наздиктарин дӯстон ба муъминонро касоне хоҳӣ ёфт, ки мегӯянд: "Мо масеҳӣ ҳастем". Ин ба хотири он аст, ки миёни эшон кашишон ва роҳибон [-и ҳақпараст] ҳастанд ва [низ] аз он рӯст, ки такаббур намеварзанд info
التفاسير:

external-link copy
83 : 5

وَإِذَا سَمِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَى ٱلرَّسُولِ تَرَىٰٓ أَعۡيُنَهُمۡ تَفِيضُ مِنَ ٱلدَّمۡعِ مِمَّا عَرَفُواْ مِنَ ٱلۡحَقِّۖ يَقُولُونَ رَبَّنَآ ءَامَنَّا فَٱكۡتُبۡنَا مَعَ ٱلشَّٰهِدِينَ

Ва чун оётеро, ки бар паёмбар нозил шудааст, мешунаванд, мебинӣ бар асари он чи аз ҳақ шинохтаанд, чашмонашон ашк меборад ва мегӯянд: "Парвардигоро, имон овардем, пас, моро дар зумраи [мусулмонон ва] гувоҳон бинавис info
التفاسير: