ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ: 472:467 close

external-link copy
50 : 40

قَالُوٓاْ أَوَلَمۡ تَكُ تَأۡتِيكُمۡ رُسُلُكُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِۖ قَالُواْ بَلَىٰۚ قَالُواْ فَٱدۡعُواْۗ وَمَا دُعَٰٓؤُاْ ٱلۡكَٰفِرِينَ إِلَّا فِي ضَلَٰلٍ

Онон посух медиҳанд: «Магар паёмбаронатон нишонаҳои равшан бар шумо ироа накарданд»? Дузахиён мегӯянд: «Бале». Ва маъмурон мегӯянд: «Пас, [бе натиҷа] дархост кунед, ки дархости кофирон [мардуду] табоҳ аст» info
التفاسير:

external-link copy
51 : 40

إِنَّا لَنَنصُرُ رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَيَوۡمَ يَقُومُ ٱلۡأَشۡهَٰدُ

Бе гумон, Мо паёмбарони худ ва аҳли имонро дар зиндагии дунё ва рӯзе, ки гувоҳон [ба шаҳодат] бармехезанд, ёрӣ мекунем info
التفاسير:

external-link copy
52 : 40

يَوۡمَ لَا يَنفَعُ ٱلظَّٰلِمِينَ مَعۡذِرَتُهُمۡۖ وَلَهُمُ ٱللَّعۡنَةُ وَلَهُمۡ سُوٓءُ ٱلدَّارِ

Рӯзе, ки узрхоҳии ситамгарон суде ба ҳолашон нахоҳад дошт. Онон аз раҳмати илоҳӣ ба дуранд ва душвории азоби охиратро [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
53 : 40

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡهُدَىٰ وَأَوۡرَثۡنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱلۡكِتَٰبَ

Мо ба Мӯсо [мақоми] ҳидоят бахшидем ва Бани Исроилро ворисони Таврот қарор додем info
التفاسير:

external-link copy
54 : 40

هُدٗى وَذِكۡرَىٰ لِأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ

[Китобе, ки] Барои хирадмандон ҳидояту панд аст info
التفاسير:

external-link copy
55 : 40

فَٱصۡبِرۡ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لِذَنۢبِكَ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ بِٱلۡعَشِيِّ وَٱلۡإِبۡكَٰرِ

Пас, [эй паёмбар, бар озори мушрикон] шикебо бош, [ки] яқинан, ваъдаи Аллоҳ таоло рост аст ва барои гуноҳат омурзиш бихоҳ ва Парвардигоратро шомгоҳ ва бомдод ба покӣ ситоиш кун info
التفاسير:

external-link copy
56 : 40

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُجَٰدِلُونَ فِيٓ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ بِغَيۡرِ سُلۡطَٰنٍ أَتَىٰهُمۡ إِن فِي صُدُورِهِمۡ إِلَّا كِبۡرٞ مَّا هُم بِبَٰلِغِيهِۚ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ

Касоне, ки дар мавриди оёти илоҳӣ, бе он ки далеле дар ихтиёрашон бошад, ба муҷодала бармехезанд, дар дилҳояшон [ғуруру] такаббурест, ки ҳаргиз бад-он нахоҳанд расид, пас, [аз шарри эшон] ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, ки ба ростӣ, Ӯ шунавову биност info
التفاسير:

external-link copy
57 : 40

لَخَلۡقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ أَكۡبَرُ مِنۡ خَلۡقِ ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

Мусалламан, офариниши осмонҳо ва замин бузургтар аз офариниши инсонҳост [пас, барпо кардани қиёмат барои Аллоҳ таоло душвор нест], вале бештари мардум намедонанд info
التفاسير:

external-link copy
58 : 40

وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَلَا ٱلۡمُسِيٓءُۚ قَلِيلٗا مَّا تَتَذَكَّرُونَ

Ҳаргиз нобино ва бино баробар нестанд, ва муъминони накукор бо бадкорон яксон нахоҳанд буд, [вале] иддаи каме аз шумо панд мепазиред info
التفاسير: