ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
21 : 32

وَلَنُذِيقَنَّهُم مِّنَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَدۡنَىٰ دُونَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَكۡبَرِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Яқинан пеш аз азоби бузурги [охират] аз азоби наздик [ва сахтиҳои ин дунё] ба онон мечашонем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ] бозгарданд info
التفاسير:

external-link copy
22 : 32

وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ ثُمَّ أَعۡرَضَ عَنۡهَآۚ إِنَّا مِنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُنتَقِمُونَ

Кист ситамгортар аз он ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд дода мешавад, сипас аз он рӯй мегардонад? Бе тардид, Мо аз гунаҳгорон интиқом мегирем info
التفاسير:

external-link copy
23 : 32

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَلَا تَكُن فِي مِرۡيَةٖ مِّن لِّقَآئِهِۦۖ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدٗى لِّبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ

Мо ба Мӯсо китоб [Таврот] додем – пас, [эй паёмбар] аз дидори Ӯ дар тардид набош – ва онро раҳнамуди Бани Исроил гардонидем info
التفاسير:

external-link copy
24 : 32

وَجَعَلۡنَا مِنۡهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا لَمَّا صَبَرُواْۖ وَكَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يُوقِنُونَ

ва чун онон [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] шикебоӣ мекарданд ва ба оёти Мо яқин доштанд, аз миёнашон пешвоёне баргумоштем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд info
التفاسير:

external-link copy
25 : 32

إِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ

Мусалламан, Парвардигори туст, ки рӯзи қиёмат дар мавриди он чи ихтилоф доштанд, миёнашон доварӣ мекунад info
التفاسير:

external-link copy
26 : 32

أَوَلَمۡ يَهۡدِ لَهُمۡ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ يَمۡشُونَ فِي مَسَٰكِنِهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍۚ أَفَلَا يَسۡمَعُونَ

Оё барояшон равшан нашудааст, ки чи бисёр наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин кофирон] дар хонаҳои онҳо роҳ мераванд? Ба ростӣ, ки дар ин [азобу нобудӣ] ибратҳост. Оё [боз ҳам сухани ҳақро] намешунаванд? info
التفاسير:

external-link copy
27 : 32

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا نَسُوقُ ٱلۡمَآءَ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلۡجُرُزِ فَنُخۡرِجُ بِهِۦ زَرۡعٗا تَأۡكُلُ مِنۡهُ أَنۡعَٰمُهُمۡ وَأَنفُسُهُمۡۚ أَفَلَا يُبۡصِرُونَ

Оё надиданд, ки Мо боронро ба сӯйи замини хушк [ва бегиёҳ] мефиристем ва ба василаи он киштзоре падид меоварем, ки худ ва чаҳорпоёнашон аз он мехӯранд? Оё [нишонаҳои қудрати Аллоҳ таоло бар растохезро] намебинанд? info
التفاسير:

external-link copy
28 : 32

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡفَتۡحُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин доварӣ [миёни мо ва шумо] кай фаро мерасад»? info
التفاسير:

external-link copy
29 : 32

قُلۡ يَوۡمَ ٱلۡفَتۡحِ لَا يَنفَعُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِيمَٰنُهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ

Бигӯ: «Дар рӯзи доварӣ [ки ҷудоии ҳақ ва ботил аст] имон овардани касоне, ки куфр варзиданд, суде надорад ва ба онон муҳлат [-и тавба] дода намешавад» info
التفاسير:

external-link copy
30 : 32

فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ وَٱنتَظِرۡ إِنَّهُم مُّنتَظِرُونَ

Пас, [эй Паёмбар, акнун ки бар ширк пофишорӣ мекунанд] аз эшон рӯй бигардон ва мунтазири [азобашон] бош [ки] бе тардид, онон [низ] мунтазиранд info
التفاسير: