ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

external-link copy
5 : 22

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّنَ ٱلۡبَعۡثِ فَإِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٖ ثُمَّ مِن مُّضۡغَةٖ مُّخَلَّقَةٖ وَغَيۡرِ مُخَلَّقَةٖ لِّنُبَيِّنَ لَكُمۡۚ وَنُقِرُّ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ مَا نَشَآءُ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى ثُمَّ نُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡۖ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡلَا يَعۡلَمَ مِنۢ بَعۡدِ عِلۡمٖ شَيۡـٔٗاۚ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ هَامِدَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡ وَأَنۢبَتَتۡ مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجٖ

Эй мардум, агар дар бораи барангехта шудан [дар қиёмат] тардид доред, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа ва он гоҳ аз хуни басташуда, сипас аз порагӯште шаклёфта ва [баъзан] шаклноёфта, [чунин кардем] то [қудрати хешро] бароятон ошкор созем; ва ҳар чиро ки бихоҳем, то муддате муайян дар раҳим [-и модарон] нигаҳ медорем, он гоҳ шуморо ба сурати навзоде берун меоварем, сипас [парвариш меёбед] то ба ҳадди рушд [ва булуғи] худ бирасед ва аз шумо касе ҳаст, ки [дар даврони ҷавонӣ] мемирад ва касе низ ҳаст [ки он қадар умр мебинанд, то] ба ниҳояти фартутӣ [ва куҳансолӣ] мерасад, чунонки пас аз [он ҳама] дониш [ҳамаро фаромӯш мекунад ва] чизе намедонад. Ва [аммо мисоле дигар] заминро хушкида мебинӣ, вале чун оби [борон] бар он фурӯ мефиристем, ба ҷунбиш дармеояд ва рушд мекунад ва аз ҳар навъ [гиёҳи] зебое мерӯёнад info
التفاسير: