ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ: 257:255 close

external-link copy
19 : 14

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ إِن يَشَأۡ يُذۡهِبۡكُمۡ وَيَأۡتِ بِخَلۡقٖ جَدِيدٖ

[Эй инсон] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро ба ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва офаринише ҷадид [ба ҷоятон падид] меоварад info
التفاسير:

external-link copy
20 : 14

وَمَا ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ بِعَزِيزٖ

Ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло душвор нест info
التفاسير:

external-link copy
21 : 14

وَبَرَزُواْ لِلَّهِ جَمِيعٗا فَقَالَ ٱلضُّعَفَٰٓؤُاْ لِلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُوٓاْ إِنَّا كُنَّا لَكُمۡ تَبَعٗا فَهَلۡ أَنتُم مُّغۡنُونَ عَنَّا مِنۡ عَذَابِ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٖۚ قَالُواْ لَوۡ هَدَىٰنَا ٱللَّهُ لَهَدَيۡنَٰكُمۡۖ سَوَآءٌ عَلَيۡنَآ أَجَزِعۡنَآ أَمۡ صَبَرۡنَا مَا لَنَا مِن مَّحِيصٖ

Ва [рӯзи қиёмат] ҳамагӣ дар пешгоҳи Аллоҳ таоло ҳозир [-у ошкор] мешаванд, пас, [дар ин ҳангом] ситамдидагон ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: « Мо [дар дунё] пайрави шумо будем, пас, оё [имрӯз] метавонед, чизе аз азоби Аллоҳро аз мо боздоред»? Онон мегӯянд: «Агар Аллоҳ таоло моро [дар дунё ба сӯйи растагорӣ] роҳнамоӣ мекард, мо низ роҳро ба шумо нишон медодем. Чи бетобӣ кунем ё шикебоӣ намоем, бароямон яксон аст. [Ҳеҷ] Гурезгоҳе надорем» info
التفاسير:

external-link copy
22 : 14

وَقَالَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لَمَّا قُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ إِنَّ ٱللَّهَ وَعَدَكُمۡ وَعۡدَ ٱلۡحَقِّ وَوَعَدتُّكُمۡ فَأَخۡلَفۡتُكُمۡۖ وَمَا كَانَ لِيَ عَلَيۡكُم مِّن سُلۡطَٰنٍ إِلَّآ أَن دَعَوۡتُكُمۡ فَٱسۡتَجَبۡتُمۡ لِيۖ فَلَا تَلُومُونِي وَلُومُوٓاْ أَنفُسَكُمۖ مَّآ أَنَا۠ بِمُصۡرِخِكُمۡ وَمَآ أَنتُم بِمُصۡرِخِيَّ إِنِّي كَفَرۡتُ بِمَآ أَشۡرَكۡتُمُونِ مِن قَبۡلُۗ إِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Ва чун кори [доварӣ] анҷом шуд, шайтон мегӯяд: «Бе тардид, Аллоҳ таоло ба шумо ваъда дод ва ваъдаи росту дуруст ва ман ба шумо ваъда[-и дурӯғин] додам ва бо шумо хилофи ваъда кардам ва ман бар шумо ҳеҷ тасаллуте надоштам, ҷуз ин ки даъвататон кардам ва шумо [низ] иҷобатам намудед. Пас, маро сарзаниш накунед ва худро сарзаниш кунед. [Имрӯз] На ман фарёдраси шумо ҳастам ва на шумо фарёдраси ман ҳастед. Ман безорам аз ин ки пеш аз ин маро [бо Аллоҳ таоло] шарик мегирифтед. Ситамгорони [мушрик] азобе пурдард хоҳанд дошт info
التفاسير:

external-link copy
23 : 14

وَأُدۡخِلَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا بِإِذۡنِ رَبِّهِمۡۖ تَحِيَّتُهُمۡ فِيهَا سَلَٰمٌ

Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ба боғҳои [биҳиште] дароварда мешаванд, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ба фармони Парвардигорашон дар он ҷовидонанд ва дурудашон дар он ҷо «салом» аст info
التفاسير:

external-link copy
24 : 14

أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا كَلِمَةٗ طَيِّبَةٗ كَشَجَرَةٖ طَيِّبَةٍ أَصۡلُهَا ثَابِتٞ وَفَرۡعُهَا فِي ٱلسَّمَآءِ

[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло чи гуна масал задааст? Калимаи пок [-и ло илоҳа иллаллоҳ] ҳамчун дарахти [нахли тануманду] покест, ки решааш [дар аъмоқи замин] устувор аст ва шохааш бар осмон [сар бароварда] аст info
التفاسير: