Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer

Мунофиқун

external-link copy
1 : 63

إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ قَالُواْ نَشۡهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُۥ وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَكَٰذِبُونَ

1. Чун мунофиқон назди ту оянд, (бо забонашон) гӯянд: «Шаҳодат (гувоҳӣ) медиҳем, ки ту ҳаройина, паёмбари Аллоҳ ҳастӣ». Албатта, Аллоҳ медонад, ки ту паёмбараш ҳастӣ ва Аллоҳ шаҳодат медиҳад, ки ҳаройина, мунофиқон дурӯғгӯянд (он чӣ бароят зоҳир кардаанд бо забонашон, вале дар дил куфрро пинҳон доштаанд). info
التفاسير:

external-link copy
2 : 63

ٱتَّخَذُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُمۡ جُنَّةٗ فَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ إِنَّهُمۡ سَآءَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

2.(Мунофиқон) савгандҳои худро сипар сохтанд, (то худашонро аз азоб нигоҳ доранд) ва (мардумро) аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва дар ҳақиқат чӣ бад аст, он чӣ онҳо мекунанд. info
التفاسير:

external-link copy
3 : 63

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ ءَامَنُواْ ثُمَّ كَفَرُواْ فَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَفۡقَهُونَ

3.Ин ба он сабаб аст, ки ҳаройина, онҳо (зоҳиран ба забон) имон оварданд, сипас (ботинан дар дил) кофир шуданд. (Ба сабаби куфрашон) Аллоҳ бар дилҳояшон мӯҳр ниҳод, пас онон дарнамеёбанд (он чиро ки салоҳияташон дар он аст)[2904]. info

[2904] Тафсири Саъдӣ 1\864

التفاسير:

external-link copy
4 : 63

۞ وَإِذَا رَأَيۡتَهُمۡ تُعۡجِبُكَ أَجۡسَامُهُمۡۖ وَإِن يَقُولُواْ تَسۡمَعۡ لِقَوۡلِهِمۡۖ كَأَنَّهُمۡ خُشُبٞ مُّسَنَّدَةٞۖ يَحۡسَبُونَ كُلَّ صَيۡحَةٍ عَلَيۡهِمۡۚ هُمُ ٱلۡعَدُوُّ فَٱحۡذَرۡهُمۡۚ قَٰتَلَهُمُ ٱللَّهُۖ أَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ

4.Ва чун онҳоро бубинӣ, туро аз (тану ҳайъати) бадани онҳо хуш меояд ва агар сухан бигӯянд, (аз фасоҳати забонашон) ба суханашон гӯш медиҳӣ (ва ҳол он ки дилҳояшон аз имон холӣ аст). Гӯё, ки ҳаройина, онҳо (ақлашон дар илми нофеъ ва фаҳмиши ҳақ, монанди) чӯбҳое ҳастанд ба девор такя дода. (Аз сабаби донистани ҳақиқати ҳоли хеш ва буздилӣ ва тарсу ҳаросе, ки дар дилашон ҷой гирифтааст,) ҳар овозеро ба зиёни худ мепиндоранд. Онҳо (барои ту ва мӯъминон) душмани ( ашаддии ҳақиқӣ ) ҳастанд. Аз онҳо ҳазар кун. Аллоҳ онҳоро бикушад, (яъне, Аллоҳ онҳоро хор ва аз раҳматаш маҳрум гардонад)! Чӣ гуна (аз ҳақ) каҷрав мешаванд (ба сӯи куфру нифоқ)?[2905] info

[2905] Тафсири Табарӣ 23\396

التفاسير: