Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer

Раҳмон

external-link copy
1 : 55

ٱلرَّحۡمَٰنُ

1. Аллоҳи меҳрубон. info
التفاسير:

external-link copy
2 : 55

عَلَّمَ ٱلۡقُرۡءَانَ

2.Қуръонро ба инсон таълим дод ва барояш тиловат, ҳифз ва фаҳми маънои онро осон гардонид. info
التفاسير:

external-link copy
3 : 55

خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ

3. Инсонро офаридааст info
التفاسير:

external-link copy
4 : 55

عَلَّمَهُ ٱلۡبَيَانَ

4. ва барои баён сохтани мақсадаш ба ӯсухан гуфтан омӯзондааст, то аз дигар махлуқот фарқ карда шавад. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 55

ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ بِحُسۡبَانٖ

5. Офтоб ва моҳтоб ба ҳисоби муайян (дақиқ) дар ҳаракатанд. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 55

وَٱلنَّجۡمُ وَٱلشَّجَرُ يَسۡجُدَانِ

6.Ва ситорагон дар осмон ва дарахтон дар заминмедонанд Парвардигорашонро ва саҷдааш мекунанд. Ва сар фуруд меоранд ба амри Холиқашон барои масолеҳи бандагонаш.[2778] info

[2778] Тафсири Саъдӣ 1/828

التفاسير:

external-link copy
7 : 55

وَٱلسَّمَآءَ رَفَعَهَا وَوَضَعَ ٱلۡمِيزَانَ

7. Ва осмонро болои замин барафрохт ва дар замин тарозуи адлромуайян кард ва бандагонашро амр кардааст, info
التفاسير:

external-link copy
8 : 55

أَلَّا تَطۡغَوۡاْ فِي ٱلۡمِيزَانِ

8.то дар тарозу таҷовуз (хиёнат) макунед. info
التفاسير:

external-link copy
9 : 55

وَأَقِيمُواْ ٱلۡوَزۡنَ بِٱلۡقِسۡطِ وَلَا تُخۡسِرُواْ ٱلۡمِيزَانَ

9.Вазн карданро ба адолат риъоя кунед ва аз тарозу мазанед! info
التفاسير:

external-link copy
10 : 55

وَٱلۡأَرۡضَ وَضَعَهَا لِلۡأَنَامِ

10. Ва заминро барои мардум паҳнкард, то дар он ҷойгир шаванд. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 55

فِيهَا فَٰكِهَةٞ وَٱلنَّخۡلُ ذَاتُ ٱلۡأَكۡمَامِ

11. дар он меваҳост ва дарахтонидорои ғилоф (пӯсти) хурмост. info
التفاسير:

external-link copy
12 : 55

وَٱلۡحَبُّ ذُو ٱلۡعَصۡفِ وَٱلرَّيۡحَانُ

12. Ва дар он донаҳои баргдор ва райҳон аст барои шумо ва чаҳорпоёни шумо. info
التفاسير:

external-link copy
13 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

13.Пас, кадом як аз неъматҳои динӣ ва дунявии Парвардигоратонро (эй гурӯҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?[2779] info

[2779]Чи хуб ҷавоб додаанд ҷинҳо ҳангоме, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои онҳо ин сураро тиловат мекарданд, пас ҳар вақте ки ин оятро мехонданд, ҷинҳо мегуфтанд:” Эй Парвардигори мо чизеро аз неъматҳоят дурӯғ намешуморем , пас аз они Туст ҳамд ва сано.” Инчунин бояд банда ҳар вақте ки бар ӯ хонда шавад неъматҳои Парвардигораш онро иқрор кунад ва Парвардигорашро шукр ва сано гӯяд. Тафсири Саъдӣ 1/828

التفاسير:

external-link copy
14 : 55

خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ كَٱلۡفَخَّارِ

14. Аллоҳ таъоло инсонро (Одам алайҳис салом)аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид. info
التفاسير:

external-link copy
15 : 55

وَخَلَقَ ٱلۡجَآنَّ مِن مَّارِجٖ مِّن نَّارٖ

15. Ва ҷин (Иблис)ро аз шӯълаи оташофарид. info
التفاسير:

external-link copy
16 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

16. Пас, кадом як аз неъматҳоиПарвардигоратонро (эй гӯруҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
17 : 55

رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقَيۡنِ وَرَبُّ ٱلۡمَغۡرِبَيۡنِ

17. Ӯ субҳонаҳу ва таъоло Парвардигориду машриқ ва ду мағриб: (Яъне офтоб дар фасли зимистон машриқу мағрибе дорад ва дар тобистон машриқ ва мағриби дигаре дорад. Пас ҳама зери тадбир ва халқияти Ӯст)[2780] info

[2780] Тафсири Саъдӣ 1/830

التفاسير:

external-link copy
18 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

18. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин)дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
19 : 55

مَرَجَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ يَلۡتَقِيَانِ

19. Ду баҳрро дар баробари ҳам равона кардааст (ширин ва шӯр), то ба ҳам якҷо шаванд. info
التفاسير:

external-link copy
20 : 55

بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخٞ لَّا يَبۡغِيَانِ

20. Миёнашон пардаест, то ба ҳам омехта намешаванд, (балки ширин, ширин ва шӯр, шӯр боқӣ мемонад бо вуҷуди як ҷо будан). info
التفاسير:

external-link copy
21 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

21.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
22 : 55

يَخۡرُجُ مِنۡهُمَا ٱللُّؤۡلُؤُ وَٱلۡمَرۡجَانُ

22.Аз он ду баҳр ба қудрати Аллоҳ марвориду марҷон берун меояд. info
التفاسير:

external-link copy
23 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

23.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
24 : 55

وَلَهُ ٱلۡجَوَارِ ٱلۡمُنشَـَٔاتُ فِي ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَٰمِ

24.Ва аз они Ӯст киштиҳои равоншаванда монанди кӯҳ дар баҳрҳо. info
التفاسير:

external-link copy
25 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

25.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
26 : 55

كُلُّ مَنۡ عَلَيۡهَا فَانٖ

26.Ҳар чӣки бар рӯи замин аст аз махлуқот, фонӣ (тамом) шуданист. info
التفاسير:

external-link copy
27 : 55

وَيَبۡقَىٰ وَجۡهُ رَبِّكَ ذُو ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ

27.Ва дар охир рӯи Парвардигорат, ки соҳиби бузургиву инъом аст, боқӣ мемонад.[2781] info

[2781] Дар ин оят исботи сифати рӯйи омадааст, ки лоиқ ба худаш мебошад, бемисл ва бемонанд.

التفاسير:

external-link copy
28 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

28.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
29 : 55

يَسۡـَٔلُهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ كُلَّ يَوۡمٍ هُوَ فِي شَأۡنٖ

29. Мепурсанд ҳоҷатҳои худро аз Аллоҳ, ҳар чизе, ки дар осмону замин аст. Ҳар рӯз Ӯ дар корест: Азиз мекунад ва хор мекунад, медиҳад ва манъ мекунад ҳар касеро, ки хоҳад.[2782] info

[2782] Тафсири Саъдӣ 1/830

التفاسير:

external-link copy
30 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

30.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
31 : 55

سَنَفۡرُغُ لَكُمۡ أَيُّهَ ٱلثَّقَلَانِ

31. Ба зудӣ барои ҳисобу ҷазои шумо амалҳое, ки дар дунё кардаед эй инсу ҷин, мепардозем! Пас гунаҳгоронро азоб мекунем ва тоъаткоронро савоб медиҳем.[2783] info

[2783] Тафсири Саъдӣ 1/830

التفاسير:

external-link copy
32 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

32. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
33 : 55

يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ إِنِ ٱسۡتَطَعۡتُمۡ أَن تَنفُذُواْ مِنۡ أَقۡطَارِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ فَٱنفُذُواْۚ لَا تَنفُذُونَ إِلَّا بِسُلۡطَٰنٖ

33. Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки бигрезед аз қазо ва қадари Ӯ аз гӯшаву канораҳои осмонҳову замин, пас бигрезед! Вале натавонед гурехт, магар бо доштани қудрат ва ҳуҷҷате аз ҷониби Аллоҳ.[2784] info

[2784] Чи гуна метавонед кард, ҳол он, ки молики фоида ва зарари худ нестед? Тафсири Саъдӣ 1/830

التفاسير:

external-link copy
34 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

34.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
35 : 55

يُرۡسَلُ عَلَيۡكُمَا شُوَاظٞ مِّن نَّارٖ وَنُحَاسٞ فَلَا تَنتَصِرَانِ

35.Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ва миси гудохташуда бар саратон рехта шавад , пас, ҳаргиз натавонед якдигарро ёрӣ кард. (Эй гурӯҳи ҷин ва инс).[2785] info

[2785] Тафсири Табарӣ 23/48

التفاسير:

external-link copy
36 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

36. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
37 : 55

فَإِذَا ٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ وَرۡدَةٗ كَٱلدِّهَانِ

37. Пас чун дар рӯзи қиёмат осмон бишикофад онгоҳ монанди гули сурх, ҳамчун равған гудохта шавад. info
التفاسير:

external-link copy
38 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

38.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
39 : 55

فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يُسۡـَٔلُ عَن ذَنۢبِهِۦٓ إِنسٞ وَلَا جَآنّٞ

39. Пас он рӯзи қиёмат ҳеҷ инсон ва ҷинне аз гуноҳаш пурсида намешавад, то гуноҳаш маълум гардад, зеро Аллоҳ таъоло гуноҳашонро медонад. info
التفاسير:

external-link copy
40 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

40.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
41 : 55

يُعۡرَفُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ بِسِيمَٰهُمۡ فَيُؤۡخَذُ بِٱلنَّوَٰصِي وَٱلۡأَقۡدَامِ

41. Фариштагон гунаҳкоронроаз қиёфаи чеҳраашон мешиносанд ва аз мӯи пеши сар ва пойҳояшон мегиранду пас ба дӯзах мепартоянд.[2786] info

[2786] Тафсири Саъдӣ 1/831

التفاسير:

external-link copy
42 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

42. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
43 : 55

هَٰذِهِۦ جَهَنَّمُ ٱلَّتِي يُكَذِّبُ بِهَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ

43. Ба он гунаҳкорон (аз рӯи сарзаниш ва таҳқир) гуфта шавад: Ин ҳамон ҷаҳаннамест, ки гунаҳкорон дар дунё дурӯғаш мепиндоштанд. info
التفاسير:

external-link copy
44 : 55

يَطُوفُونَ بَيۡنَهَا وَبَيۡنَ حَمِيمٍ ءَانٖ

44. Байни он (дӯзах) ва оби гарми ҷӯшон давр мезананд, гоҳо дар он азоб карда мешаванд ва гоҳо нӯшонида мешаванд аз ҳамим.[2787] info

[2787] Ҳамим, обест бениҳоят ҷӯшонида, ки рӯдаҳоро канда мекунад). Тафсири Табарӣ 23\54

التفاسير:

external-link copy
45 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

45. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
46 : 55

وَلِمَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ جَنَّتَانِ

46. Ва барои касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш тарсидааст, ду биҳишт аст. info
التفاسير:

external-link copy
47 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

47. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
48 : 55

ذَوَاتَآ أَفۡنَانٖ

48. Ин ду ҷаннат соҳиби шоху навдаҳои бешуморанд (яъне, сермева ва серсояанд). info
التفاسير:

external-link copy
49 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

49. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
50 : 55

فِيهِمَا عَيۡنَانِ تَجۡرِيَانِ

50. Дар он ду ҷаннат, ду чашмаи обҷорист. info
التفاسير:

external-link copy
51 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

51. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
52 : 55

فِيهِمَا مِن كُلِّ فَٰكِهَةٖ زَوۡجَانِ

52. Дар он ду ҷаннатаз ҳар гуна мевае ду навъ аст[2788]. info

[2788]Ҳар навъ лаззат ва ранги дигаре дорад.

التفاسير:

external-link copy
53 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

53. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
54 : 55

مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ فُرُشِۭ بَطَآئِنُهَا مِنۡ إِسۡتَبۡرَقٖۚ وَجَنَى ٱلۡجَنَّتَيۡنِ دَانٖ

54. Ва барои онон, ки аз Парвардигорашон тарсиданд: ду ҷаннат аст, ки дар он ба некӯи зиндагӣ мекунанд, такя зада бар бистарҳое, ки астараш аз ҳариру абрешими соф бошад ва меваҳои он ду биҳишт дар наздикашон бошанд.[2789] info

[2789] Тафсири Саъдӣ 1/831

التفاسير:

external-link copy
55 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

55. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
56 : 55

فِيهِنَّ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسٞ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنّٞ

56. Дар он кохҳо ҳуроне бошанд чашм фурӯшиста[2790] ки пеш аз шавҳаронашон дар ҷаннат дасти ҳеҷ инсон ва ҷин ба онҳо нарасидааст. info

[2790]Яъне, фақат ба шавҳарони худ нигаранд.

التفاسير:

external-link copy
57 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

57. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
58 : 55

كَأَنَّهُنَّ ٱلۡيَاقُوتُ وَٱلۡمَرۡجَانُ

58. Гӯё, он ҳурон, (яъне ҳамсарон дар ҳусну ҷамол)монанди ёқуту марҷон бошанд. info
التفاسير:

external-link copy
59 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

59. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
60 : 55

هَلۡ جَزَآءُ ٱلۡإِحۡسَٰنِ إِلَّا ٱلۡإِحۡسَٰنُ

60. Оё подоши касе, ки дар дунё амали нек кардааст, ҷуз некӣ кардан ба ӯст? Ва он некӣ дар охират ҷаннат аст.[2791] info

[2791] Тафсири Саъдӣ 1/831

التفاسير:

external-link copy
61 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

61. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
62 : 55

وَمِن دُونِهِمَا جَنَّتَانِ

62. Ва ғайри он ду биҳишт, боз ду биҳишти дигар аст. info
التفاسير:

external-link copy
63 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

63. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
64 : 55

مُدۡهَآمَّتَانِ

64. Ин ду ҷаннат сабз ва хурраманд, ҳатто аз ғояти(шиддати) сабзӣ моил ба сиёҳианд. info
التفاسير:

external-link copy
65 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

65. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
66 : 55

فِيهِمَا عَيۡنَانِ نَضَّاخَتَانِ

66. Дар он ду ҷаннат, ду фаввораи обе аст, ки ҳеҷ гоҳ обаш канда намешавад.[2792] info

[2792] Тафсири Бағавӣ 7/ 457

التفاسير:

external-link copy
67 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

67. Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
68 : 55

فِيهِمَا فَٰكِهَةٞ وَنَخۡلٞ وَرُمَّانٞ

68.Дар он ду биҳишт, меваҳои гуногун ва дарахти хурмо ва анор ҳаст. info
التفاسير:

external-link copy
69 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

69.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
70 : 55

فِيهِنَّ خَيۡرَٰتٌ حِسَانٞ

70.Дар он биҳиштҳо занони нексирату зеборӯйҳастанд. info
التفاسير:

external-link copy
71 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

71.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
72 : 55

حُورٞ مَّقۡصُورَٰتٞ فِي ٱلۡخِيَامِ

72.Ҳуронинигаҳдошта дар хаймаҳо. info
التفاسير:

external-link copy
73 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

73.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
74 : 55

لَمۡ يَطۡمِثۡهُنَّ إِنسٞ قَبۡلَهُمۡ وَلَا جَآنّٞ

74. Дасти ҳеҷ инсон ва ҷин пеш аз онҳо дар дунё ба онҳо нарасидааст. info
التفاسير:

external-link copy
75 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

75.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
76 : 55

مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ رَفۡرَفٍ خُضۡرٖ وَعَبۡقَرِيٍّ حِسَانٖ

76.Дар ҳоле, ки болиштҳои сабз ва бистарҳои некую зебо такя задаанд. info
التفاسير:

external-link copy
77 : 55

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكُمَا تُكَذِّبَانِ

77.Пас, кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро (эй инсу ҷин) дурӯғ мешуморед? info
التفاسير:

external-link copy
78 : 55

تَبَٰرَكَ ٱسۡمُ رَبِّكَ ذِي ٱلۡجَلَٰلِ وَٱلۡإِكۡرَامِ

78. Бисёр бузург ва пурбаракот аст номи Парвардигори ту, он соҳиби бузургии комил ва икромкунандаи дӯстонаш мебошад ![2793] info

[2793] Тафсири Саъдӣ 1/ 831

التفاسير: