Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer

Духон

external-link copy
1 : 44

حمٓ

1. Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт). info
التفاسير:

external-link copy
2 : 44

وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ

2. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба ин китоби равшангар (ҳам дар лафз ва ҳам дар маъно)! info
التفاسير:

external-link copy
3 : 44

إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ فِي لَيۡلَةٖ مُّبَٰرَكَةٍۚ إِنَّا كُنَّا مُنذِرِينَ

3. Ҳароина, Мо Қуръонро дар моҳи рамазон дар шаби муборак, ки шаби Қадр аст, нозил кардем. Ҳароина, Мо бимдиҳанда будаем мардумонро аз чизҳое ки онҳоро фоида ва зарар мерасонад. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 44

فِيهَا يُفۡرَقُ كُلُّ أَمۡرٍ حَكِيمٍ

4. Дар шаби Қадр ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад ва ҳар чизе, ки дар як сол баъд рӯй медиҳад; аз зиндагӣ, марг, тавонгарӣ, фақр, хайр ва шар ва ғайра ҳамаро менависад, info
التفاسير:

external-link copy
5 : 44

أَمۡرٗا مِّنۡ عِندِنَآۚ إِنَّا كُنَّا مُرۡسِلِينَ

5. Ин фармоне аз ҷониби Мо буд. Ва ҳароина, Мо паёмбаронро фиристода будем, ки мардумро аз дастуроти Аллоҳ хабар диҳанд. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 44

رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

6. Фиристодани паёмбарон раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта, Парвардигори ту эй Расулшунаво ва доност, ки ҳама садоҳоро мешунавад ва ҳамаи умури зоҳирӣ ва ботиниро медонад. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 44

رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ

7. Парвардигори осмонҳо ва замин ва ҳар чи миёни онҳост, агар аҳли яқин ҳастед. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 44

لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ

8. Бидонед, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ӯ касе сазовори ибодат нест. Зинда мекунаду мемиронад.. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост. Пас маъбуди барҳақро ибодат кунед, ки Ӯ танҳо метавонад зарар ё фоида бирасонад, на маъбудони ботили шумо.[2501] info

[2501]Тафсири Табарӣ 22\12

التفاسير:

external-link copy
9 : 44

بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ يَلۡعَبُونَ

9. Балки, он мушрикҳо аз ҳақиқати Қуръон дар шакканд ва бозӣ мекунанд ва ба он бовар надоранд![2502] info

[2502]Тафсири ибни Касир 7\246

التفاسير:

external-link copy
10 : 44

فَٱرۡتَقِبۡ يَوۡمَ تَأۡتِي ٱلسَّمَآءُ بِدُخَانٖ مُّبِينٖ

10. Эй Расул чашминтизори рӯзе бош, ки осмон дуди ошкореро падидор мекунад. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 44

يَغۡشَى ٱلنَّاسَۖ هَٰذَا عَذَابٌ أَلِيمٞ

11. Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ пӯшад. Ва барои мушрикон гуфта мешавад: ин азоби дардоварест. info
التفاسير:

external-link copy
12 : 44

رَّبَّنَا ٱكۡشِفۡ عَنَّا ٱلۡعَذَابَ إِنَّا مُؤۡمِنُونَ

12. Баъд аз он мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки ҳароина, мо имон овардагонем». info
التفاسير:

external-link copy
13 : 44

أَنَّىٰ لَهُمُ ٱلذِّكۡرَىٰ وَقَدۡ جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مُّبِينٞ

13. Аз куҷо панд мепазиранд баъд аз он ки азоб бар онҳо фуруд омад? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуда буд. info
التفاسير:

external-link copy
14 : 44

ثُمَّ تَوَلَّوۡاْ عَنۡهُ وَقَالُواْ مُعَلَّمٞ مَّجۡنُونٌ

14. Аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: Ӯ девонаест таълимёфта! (Яъне одамӣ ё коҳине ба ӯ таълим додааст, ӯ паёмбар нест!)[2503] info

[2503] Тафсири Бағавӣ 7\230

التفاسير:

external-link copy
15 : 44

إِنَّا كَاشِفُواْ ٱلۡعَذَابِ قَلِيلًاۚ إِنَّكُمۡ عَآئِدُونَ

15.Ҳароина, Мо азобро андаке бармедорем ва ба зудӣ, ки шумо, албатта, боз ба куфру ширки худ бармегардед. info
التفاسير:

external-link copy
16 : 44

يَوۡمَ نَبۡطِشُ ٱلۡبَطۡشَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰٓ إِنَّا مُنتَقِمُونَ

16. Рӯзе ҳамаи он кофирҳоро дар қиёмат ба гирифтории бузурге сахт фурӯ гирем[2504], ки ҳароина, Мо аз он кофирон интиқомгирандаем![2505] info

[2504] Яъне, ба азоби сахте азоб кунем.
[2505] Тафсири Табарӣ 22\23

التفاسير:

external-link copy
17 : 44

۞ وَلَقَدۡ فَتَنَّا قَبۡلَهُمۡ قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَ وَجَآءَهُمۡ رَسُولٞ كَرِيمٌ

17.Ваҳароина, пеш аз он мушрикҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор (Мӯсо алайҳиссалом) наздашон омад, вале ӯро дурӯғ бароварданд ва ҳалок гаштанд. Пас инчунин интиқом мегирем аз душманони ту эй Расул, агар имон наоранд info
التفاسير:

external-link copy
18 : 44

أَنۡ أَدُّوٓاْ إِلَيَّ عِبَادَ ٱللَّهِۖ إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

18. Мӯсо барояшон гуфт: ки бандагони Аллоҳро ба ман бисупоред, то Аллоҳи ягонаро ибодат кунанд, ки ҳаройина, ман бар рисолати Парвардигорам паёмбари аминам[2506]. info

[2506] Тафсири ибни Касир 7\251

التفاسير: