Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajik - Khawajah Meeruf Khawajah Meer

external-link copy
112 : 2

بَلَىٰۚ مَنۡ أَسۡلَمَ وَجۡهَهُۥ لِلَّهِ وَهُوَ مُحۡسِنٞ فَلَهُۥٓ أَجۡرُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

112. Амр ин тавр нест, чунон ки гумон кардаанд, ки ҷаннат барои тоифаи махсусе аст. Оре, ҳар кас, ки аз рўи ихлос рў ба Аллоҳ кунад ва ба Ў касеро шарик наорад, некўкор бувад. Ва дар гуфтор ва кирдораш ва бо Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад -cаллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравӣ намояд, пас ҳар касе, ки инҳоро анҷом дод, дар охират муздашро аз Парвардигораш хоҳад гирифт. Дохил шудани биҳишт чунин аст. Ва онҳо аз биму ҳароси охират дар тарс нестанд ва андўҳгин намешаванд. [62] info

[62] Тафсири ибни Касир 1\385

التفاسير: