Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajikistan - Pusat Terjemah Ruwwād

Наҷм

external-link copy
1 : 53

وَٱلنَّجۡمِ إِذَا هَوَىٰ

Савганд ба ситора, он гоҳ ки нопадид шавад info
التفاسير:

external-link copy
2 : 53

مَا ضَلَّ صَاحِبُكُمۡ وَمَا غَوَىٰ

Ки ёри шумо [Муҳаммад] ҳаргиз гумроҳ нашуда ва ба роҳи табоҳе наафтодааст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 53

وَمَا يَنطِقُ عَنِ ٱلۡهَوَىٰٓ

Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд info
التفاسير:

external-link copy
4 : 53

إِنۡ هُوَ إِلَّا وَحۡيٞ يُوحَىٰ

[Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест info
التفاسير:

external-link copy
5 : 53

عَلَّمَهُۥ شَدِيدُ ٱلۡقُوَىٰ

[Ҷабраил, ки фариштае аст] Пуртавон таълимаш додааст info
التفاسير:

external-link copy
6 : 53

ذُو مِرَّةٖ فَٱسۡتَوَىٰ

[Ҳамон фариштаи] Хушманзаре, ки [бо чеҳраи ҳақиқиаш дар баробари Паёмбар] истод info
التفاسير:

external-link copy
7 : 53

وَهُوَ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡأَعۡلَىٰ

Дар ҳоле ки ӯ дар уфуқи боло [дар осмон] қарор дошт info
التفاسير:

external-link copy
8 : 53

ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّىٰ

Сипас [Ҷабраил] наздик шуд; ва наздиктар info
التفاسير:

external-link copy
9 : 53

فَكَانَ قَابَ قَوۡسَيۡنِ أَوۡ أَدۡنَىٰ

Пас, [фосилаи ӯ бо Паёмбар] ба андозаи тӯли ду камон камтар буд info
التفاسير:

external-link copy
10 : 53

فَأَوۡحَىٰٓ إِلَىٰ عَبۡدِهِۦ مَآ أَوۡحَىٰ

Он гоҳ [он фариштаи бузургвор] он чиро, ки бояд ба бандаи Аллоҳ таоло ваҳй мекард, ваҳй намуд info
التفاسير:

external-link copy
11 : 53

مَا كَذَبَ ٱلۡفُؤَادُ مَا رَأَىٰٓ

Он чиро, ки [паёмбар] дид, қалбаш дурӯғ напиндошт info
التفاسير:

external-link copy
12 : 53

أَفَتُمَٰرُونَهُۥ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ

Оё бо ӯ дар бораи он чи мебинад, муҷодала мекунед? info
التفاسير:

external-link copy
13 : 53

وَلَقَدۡ رَءَاهُ نَزۡلَةً أُخۡرَىٰ

Дар ҳақиқат, паёмбар як бори дигар низ он фариштаро [ба сурати комил] мушоҳида карда буд info
التفاسير:

external-link copy
14 : 53

عِندَ سِدۡرَةِ ٱلۡمُنتَهَىٰ

Дар канори [дарахти бузург] «Сидрату-л-мунтаҳо» [дар осмони ҳафтум] info
التفاسير:

external-link copy
15 : 53

عِندَهَا جَنَّةُ ٱلۡمَأۡوَىٰٓ

ки оромишгоҳи биҳишт ҳамон ҷост info
التفاسير:

external-link copy
16 : 53

إِذۡ يَغۡشَى ٱلسِّدۡرَةَ مَا يَغۡشَىٰ

Он гоҳ ки ҳолате он дарахтро пӯшонида буд info
التفاسير:

external-link copy
17 : 53

مَا زَاغَ ٱلۡبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ

Чашми [паёмбар ба чапу рост] мунҳариф нашуд ва [аз ҳад] таҷовуз накард info
التفاسير:

external-link copy
18 : 53

لَقَدۡ رَأَىٰ مِنۡ ءَايَٰتِ رَبِّهِ ٱلۡكُبۡرَىٰٓ

Ба ростӣ, ки ӯ бархе аз бузургтарин нишонаҳои Парвардигорашро [дар он ҷо] мушоҳида кард info
التفاسير:

external-link copy
19 : 53

أَفَرَءَيۡتُمُ ٱللَّٰتَ وَٱلۡعُزَّىٰ

[Эй мушрикон] Оё «Лот»-у «Уззо»-ро дидаед? info
التفاسير:

external-link copy
20 : 53

وَمَنَوٰةَ ٱلثَّالِثَةَ ٱلۡأُخۡرَىٰٓ

Ва «Маннот» он савумин [бути беарзиш]-ро? [Оё ҳеҷ суду зиёне ба шумо мерасонанд?] info
التفاسير:

external-link copy
21 : 53

أَلَكُمُ ٱلذَّكَرُ وَلَهُ ٱلۡأُنثَىٰ

Оё [иддао мекунед, ки] фарзанди писар барои шумост ва духтар барои Аллоҳ таоло? info
التفاسير:

external-link copy
22 : 53

تِلۡكَ إِذٗا قِسۡمَةٞ ضِيزَىٰٓ

Дар ин сурат, тақсиме ноодилона аст info
التفاسير:

external-link copy
23 : 53

إِنۡ هِيَ إِلَّآ أَسۡمَآءٞ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٍۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَمَا تَهۡوَى ٱلۡأَنفُسُۖ وَلَقَدۡ جَآءَهُم مِّن رَّبِّهِمُ ٱلۡهُدَىٰٓ

Ин бутҳо фақат исмҳое [бемаъно] ҳастанд, ки худ ва падаронатон бо онҳо [маъбудҳои дурӯғини худро] ном ниҳодаед ва Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле [бар ҳаққонияти ин кор] нозил накардааст. [Мушрикон дар эътиқодоташон] Фақат пайрави гумону хостаҳои дили хешанд; ҳол он ки [муҷиботи] ҳидоят аз ҷониби Парвардигорашон бар онон расидааст info
التفاسير:

external-link copy
24 : 53

أَمۡ لِلۡإِنسَٰنِ مَا تَمَنَّىٰ

Оё инсон ҳар чи [аз шафоати ин маъбудони ботил] орзу кунад, барояш муяссар аст? info
التفاسير:

external-link copy
25 : 53

فَلِلَّهِ ٱلۡأٓخِرَةُ وَٱلۡأُولَىٰ

Дунё ва охират аз они Аллоҳ аст [ва ба ҳар кас, ҳар чиро салоҳ бидонад мебахшад] info
التفاسير:

external-link copy
26 : 53

۞ وَكَم مِّن مَّلَكٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ لَا تُغۡنِي شَفَٰعَتُهُمۡ شَيۡـًٔا إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ أَن يَأۡذَنَ ٱللَّهُ لِمَن يَشَآءُ وَيَرۡضَىٰٓ

Чи бисёр фариштагоне, ки дар осмонҳо ҳастанд, ки шафоаташон ба ҳеҷ ваҷҳ судманд нахоҳад буд; магар пас аз он ки Аллоҳ таоло барои ҳар ки бихоҳад ва хушнуд бошад, иҷозат диҳад info
التفاسير:

external-link copy
27 : 53

إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ لَيُسَمُّونَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ تَسۡمِيَةَ ٱلۡأُنثَىٰ

Касоне, ки ба охират бовар надоранд, бар фариштагони илоҳӣ номи духтар мегузоранд [ва ононро духтарони Аллоҳ таоло медонанд] info
التفاسير:

external-link copy
28 : 53

وَمَا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمٍۖ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّۖ وَإِنَّ ٱلظَّنَّ لَا يُغۡنِي مِنَ ٱلۡحَقِّ شَيۡـٔٗا

Онон дар мавриди ин амр [комилан] беиттилоанд [ва] фақат аз ҳадсу гумон пайравӣ мекунанд; дар ҳоле ки барои [шинохти] ҳақиқат гумон кофӣ нест info
التفاسير:

external-link copy
29 : 53

فَأَعۡرِضۡ عَن مَّن تَوَلَّىٰ عَن ذِكۡرِنَا وَلَمۡ يُرِدۡ إِلَّا ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا

Пас, [эй Паёмбар] ту низ аз касе, ки аз ёди Мо рӯй гардонида ва фақат [лаззатҳои] зиндагии дунёро мехоҳад, рӯй бартоб info
التفاسير:

external-link copy
30 : 53

ذَٰلِكَ مَبۡلَغُهُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِمَنِ ٱهۡتَدَىٰ

Ниҳояти дарку фаҳмашон ҳамин аст. Бе тардид, Парвардигорат ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф шудаанд огоҳтар аст; ва низ ба ҳоли роҳёфтагон info
التفاسير:

external-link copy
31 : 53

وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَسَٰٓـُٔواْ بِمَا عَمِلُواْ وَيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ بِٱلۡحُسۡنَى

Ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст, [роҳи хайру шарро ба инсон ироа кард] то бадкоронро дар баробари рафторашон кайфар диҳад ва накукоронро [бо неъматҳои биҳишт] подоши наку ато намояд info
التفاسير:

external-link copy
32 : 53

ٱلَّذِينَ يَجۡتَنِبُونَ كَبَٰٓئِرَ ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡفَوَٰحِشَ إِلَّا ٱللَّمَمَۚ إِنَّ رَبَّكَ وَٰسِعُ ٱلۡمَغۡفِرَةِۚ هُوَ أَعۡلَمُ بِكُمۡ إِذۡ أَنشَأَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ وَإِذۡ أَنتُمۡ أَجِنَّةٞ فِي بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡۖ فَلَا تُزَكُّوٓاْ أَنفُسَكُمۡۖ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَنِ ٱتَّقَىٰٓ

Ҳамон касоне, ки аз гуноҳони кабира ва корҳои зишту бешармона дурӣ мекунанд; магар лағжишҳои камаҳамият [ва гуноҳони сағира, ки бо тавба ва ибодат бахшида мешаванд], ки омурзиши Парвардигорат густурда аст; аз ҳамон дам, ки шуморо аз замин падид овард ва он гоҳ ки ба сурати ҷанин дар шиками модаронатон будед, ба [табиати] шумо огоҳтар [аз худатон] аст; пас, худситоӣ накунед, ки Ӯ ба ҳоли парҳезкорон донотар аст info
التفاسير:

external-link copy
33 : 53

أَفَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي تَوَلَّىٰ

Оё он касеро, ки [аз ҳақ] рӯй бартофт, дидаӣ? info
التفاسير:

external-link copy
34 : 53

وَأَعۡطَىٰ قَلِيلٗا وَأَكۡدَىٰٓ

Ва андаке инфоқ кард ва [сипас] худдорӣ намуд info
التفاسير:

external-link copy
35 : 53

أَعِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلۡغَيۡبِ فَهُوَ يَرَىٰٓ

Оё илми ғайб дорад ва [ояндаро] мебинад? info
التفاسير:

external-link copy
36 : 53

أَمۡ لَمۡ يُنَبَّأۡ بِمَا فِي صُحُفِ مُوسَىٰ

Оё бохабар нашудааст аз матолиби китоби осмонии Мӯсо info
التفاسير:

external-link copy
37 : 53

وَإِبۡرَٰهِيمَ ٱلَّذِي وَفَّىٰٓ

ва [таълимоти] Иброҳим, ки ҳаққи [рисолат ва бандагии Мо]-ро ба тамомӣ адо кард? info
التفاسير:

external-link copy
38 : 53

أَلَّا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰ

Ки ҳеҷ гунаҳгоре бори гуноҳи дигареро бар дӯш нахоҳад кашид info
التفاسير:

external-link copy
39 : 53

وَأَن لَّيۡسَ لِلۡإِنسَٰنِ إِلَّا مَا سَعَىٰ

Ва ин ки инсон фақат самараи талош [-у нияти] худро хоҳад дошт info
التفاسير:

external-link copy
40 : 53

وَأَنَّ سَعۡيَهُۥ سَوۡفَ يُرَىٰ

Ва ин ки бе гумон талоши ӯ [дар муҳосибаи аъмолаш дар рӯзи қиёмат] манзур хоҳад шуд info
التفاسير:

external-link copy
41 : 53

ثُمَّ يُجۡزَىٰهُ ٱلۡجَزَآءَ ٱلۡأَوۡفَىٰ

Он гоҳ подошашро ба тамомӣ хоҳанд дод info
التفاسير:

external-link copy
42 : 53

وَأَنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلۡمُنتَهَىٰ

Ва ин ки бозгашт [-и ҳамаи умур] ба сӯйи Парвардигори туст info
التفاسير:

external-link copy
43 : 53

وَأَنَّهُۥ هُوَ أَضۡحَكَ وَأَبۡكَىٰ

Ва Ӯст, ки механдонад ва мегирёнад info
التفاسير:

external-link copy
44 : 53

وَأَنَّهُۥ هُوَ أَمَاتَ وَأَحۡيَا

Ва Ӯст, ки мемиронад ва [дар охират] зинда мекунад info
التفاسير:

external-link copy
45 : 53

وَأَنَّهُۥ خَلَقَ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰ

Ва ҳам Ӯст, ки завҷи нару модаро меофарад, info
التفاسير:

external-link copy
46 : 53

مِن نُّطۡفَةٍ إِذَا تُمۡنَىٰ

аз нутфае, ки [дар раҳим] рехта мешавад info
التفاسير:

external-link copy
47 : 53

وَأَنَّ عَلَيۡهِ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأُخۡرَىٰ

ва падид овардани дубораи онҳо [дар қиёмат низ бар уҳдаи] Аллоҳ таоло аст info
التفاسير:

external-link copy
48 : 53

وَأَنَّهُۥ هُوَ أَغۡنَىٰ وَأَقۡنَىٰ

Ва Ӯст, ки [шуморо] бениёз мекунад ва сармоя мебахшад info
التفاسير:

external-link copy
49 : 53

وَأَنَّهُۥ هُوَ رَبُّ ٱلشِّعۡرَىٰ

Ва Ӯст, ки Парвардигори [ситораи] «Шиъро» аст info
التفاسير:

external-link copy
50 : 53

وَأَنَّهُۥٓ أَهۡلَكَ عَادًا ٱلۡأُولَىٰ

Ва Ӯст, ки қавми Одро дар гузашта ҳалок кард info
التفاسير:

external-link copy
51 : 53

وَثَمُودَاْ فَمَآ أَبۡقَىٰ

Ва қавми Самудро [низ нобуд кард] ва [ҳеҷ як аз ононро] боқӣ нагузошт info
التفاسير:

external-link copy
52 : 53

وَقَوۡمَ نُوحٖ مِّن قَبۡلُۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ هُمۡ أَظۡلَمَ وَأَطۡغَىٰ

Ва қавми Нуҳро, ки ситамгортар ва саркаштар буданд, пеш аз он [ҳалок намуд] info
التفاسير:

external-link copy
53 : 53

وَٱلۡمُؤۡتَفِكَةَ أَهۡوَىٰ

Ва шаҳрҳои зерурӯшуда [-и қавми Лут]-ро дар ҳам кӯбид info
التفاسير:

external-link copy
54 : 53

فَغَشَّىٰهَا مَا غَشَّىٰ

Ва ононро [бо азобе фарогир] – чунон ки бояд пӯшонид info
التفاسير:

external-link copy
55 : 53

فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكَ تَتَمَارَىٰ

Ҳол [эй инсон] дар мавриди кадом як аз неъматҳои Парвардигорат тардид раво медорӣ [ва муҷодала мекунӣ]? info
التفاسير:

external-link copy
56 : 53

هَٰذَا نَذِيرٞ مِّنَ ٱلنُّذُرِ ٱلۡأُولَىٰٓ

Ин [паёмбар низ] ҳушдордиҳандаест аз [гурӯҳи] ҳушдордиҳандагони пешин info
التفاسير:

external-link copy
57 : 53

أَزِفَتِ ٱلۡأٓزِفَةُ

Қиёмат наздик мешавад info
التفاسير:

external-link copy
58 : 53

لَيۡسَ لَهَا مِن دُونِ ٱللَّهِ كَاشِفَةٌ

Ва ҳеҷ кас – ҷуз Аллоҳ таоло – наметавонад ошкораш кунад [ва сахтиҳояшро бартараф созад] info
التفاسير:

external-link copy
59 : 53

أَفَمِنۡ هَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ تَعۡجَبُونَ

[Эй мушрикон] Оё аз ин сухан дар шигифтед? info
التفاسير:

external-link copy
60 : 53

وَتَضۡحَكُونَ وَلَا تَبۡكُونَ

Ва дар ҳоли ғафлат ва ғурур [ба оёти Қуръон] механдед ва [аз шунидани ҳушдорҳояш наметарсед ва] ашк намерезед? info
التفاسير:

external-link copy
61 : 53

وَأَنتُمۡ سَٰمِدُونَ

Ва шумо бозикунандагонед info
التفاسير:

external-link copy
62 : 53

فَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ وَٱعۡبُدُواْ۩

Пас, [ҳамагӣ] барои Аллоҳ таоло саҷда кунед ва [танҳо] Ӯро бипарастед info
التفاسير: