Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajikistan - Pusat Terjemah Ruwwād

Nomor Halaman:close

external-link copy
39 : 41

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنَّكَ تَرَى ٱلۡأَرۡضَ خَٰشِعَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡۚ إِنَّ ٱلَّذِيٓ أَحۡيَاهَا لَمُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰٓۚ إِنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

Аз ҷумлаи нишонаҳои [қудрати] илоҳӣ ин аст, ки замини хушку фарсударо мебинӣ, ки чун борон бар он фурӯ мерезем, ба ҷунбиш дармеояд ва [гиёҳонаш] рушд мекунад. Он [Парвардигори тавонманде], ки заминро зинда мекунад, мурдагонро низ зинда хоҳад кард. Ба ростӣ, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност info
التفاسير:

external-link copy
40 : 41

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا لَا يَخۡفَوۡنَ عَلَيۡنَآۗ أَفَمَن يُلۡقَىٰ فِي ٱلنَّارِ خَيۡرٌ أَم مَّن يَأۡتِيٓ ءَامِنٗا يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ ٱعۡمَلُواْ مَا شِئۡتُمۡ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ

[Гуфтору рафтори] Касоне, ки дар мавриди оёти Мо каҷравӣ [ва онро таҳриф] мекунанд, бар Мо пӯшида нахоҳанд буд. Оё касе, ки ба оташи [дузах] меафтад, беҳтар аст ё он ки дар рӯзи растохез эмин [аз азоб] аст? Ҳар чи мехоҳед, амал кунед, ки бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност info
التفاسير:

external-link copy
41 : 41

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلذِّكۡرِ لَمَّا جَآءَهُمۡۖ وَإِنَّهُۥ لَكِتَٰبٌ عَزِيزٞ

Касоне, ки ин Қуръонро, ки барои [ҳидоят] – ашон омадааст, инкор кардаанд [дар қиёмат азоб хоҳанд шуд]. Ин [каломи илоҳӣ] китобе аст шикастнопазир info
التفاسير:

external-link copy
42 : 41

لَّا يَأۡتِيهِ ٱلۡبَٰطِلُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهِۦۖ تَنزِيلٞ مِّنۡ حَكِيمٍ حَمِيدٖ

Сухани ботил аз пешу пас ба он роҳ намеёбад ва аз ҷониби [Парвардигори] ҳакими сутуда нозил шудааст info
التفاسير:

external-link copy
43 : 41

مَّا يُقَالُ لَكَ إِلَّا مَا قَدۡ قِيلَ لِلرُّسُلِ مِن قَبۡلِكَۚ إِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغۡفِرَةٖ وَذُو عِقَابٍ أَلِيمٖ

[Эй Паёмбар, кофирон] Ба ту ҳамон [суханони ботиле] –ро мегӯянд, ки ба паёмбарони пеш аз ту низ мегуфтанд. Бе гумон, Парвардигорат омурзиш ва [дар айни ҳол] кайфаре дарднок дорад info
التفاسير:

external-link copy
44 : 41

وَلَوۡ جَعَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا أَعۡجَمِيّٗا لَّقَالُواْ لَوۡلَا فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥٓۖ ءَا۬عۡجَمِيّٞ وَعَرَبِيّٞۗ قُلۡ هُوَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ هُدٗى وَشِفَآءٞۚ وَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٞ وَهُوَ عَلَيۡهِمۡ عَمًىۚ أُوْلَٰٓئِكَ يُنَادَوۡنَ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدٖ

Агар Қуръонро [ба забони] ғайриарабӣ нозил карда будем, кофирон мегуфтанд: «Чаро оёташ [арабӣ нест ва] ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе ғайриарабиву паёмбаре араб»? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ин китоб барои муъминон мояи ҳидояту шифост ва онон, ки имон намеоваранд, дар гӯшҳояшон сангинӣ аст ва Қуръон барояшон номафҳум аст. [Гӯё] Ононро аз роҳи дур садо мезананд» info
التفاسير:

external-link copy
45 : 41

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ

Ва ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо китоб додем, пас, дар он ихтилоф шуд.Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] миёнашон доварӣ мешуд [ва азоб нозил мегашт] ва ба ростӣ, ки онон [яҳудиён ва мушрикон] дар бораи [ҳаққонияти] ин [Қуръон] сахт дар тардиданд info
التفاسير:

external-link copy
46 : 41

مَّنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ أَسَآءَ فَعَلَيۡهَاۗ وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ

Ҳар ки ба шоистагӣ амал кунад, ба суди худи ӯст ва ҳар ки бадӣ кунад, ба зиёни хеш бад кардааст ва Парвардигори ту ҳаргиз ба бандагон ситам намекунад info
التفاسير: