Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajikistan - Pusat Terjemah Ruwwād

Nomor Halaman:close

external-link copy
88 : 20

فَأَخۡرَجَ لَهُمۡ عِجۡلٗا جَسَدٗا لَّهُۥ خُوَارٞ فَقَالُواْ هَٰذَآ إِلَٰهُكُمۡ وَإِلَٰهُ مُوسَىٰ فَنَسِيَ

Он гоҳ барояшон муҷассамаи гӯсолае сохт, ки садое [ҳамчун садои гӯсола] дошт. Пас, [Сомирӣ ва пайравонаш ба мардум] гуфтанд: «Ин маъбуди шумо ва маъбуди Мӯсо аст, ки онро фаромӯш [ва ин ҷо раҳо] кардааст» info
التفاسير:

external-link copy
89 : 20

أَفَلَا يَرَوۡنَ أَلَّا يَرۡجِعُ إِلَيۡهِمۡ قَوۡلٗا وَلَا يَمۡلِكُ لَهُمۡ ضَرّٗا وَلَا نَفۡعٗا

Оё намедиданд, ки [ин гӯсола] ҳеҷ посухе ба онҳо намедиҳад ва ҳеҷ зиёне ва суде барояшон надорад? info
التفاسير:

external-link copy
90 : 20

وَلَقَدۡ قَالَ لَهُمۡ هَٰرُونُ مِن قَبۡلُ يَٰقَوۡمِ إِنَّمَا فُتِنتُم بِهِۦۖ وَإِنَّ رَبَّكُمُ ٱلرَّحۡمَٰنُ فَٱتَّبِعُونِي وَأَطِيعُوٓاْ أَمۡرِي

Ва дар ҳақиқат, пеш аз он [ки Мӯсо бозгардад] Ҳорун низ ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, ҷуз ин нест, ки шумо бо ин гӯсола имтиҳон шудаед ва бе тардид, Парвардигори [ҳақиқии] шумо [Аллоҳи] Раҳмон аст; пас, пайрави ман бошед ва аз фармонам итоат кунед» info
التفاسير:

external-link copy
91 : 20

قَالُواْ لَن نَّبۡرَحَ عَلَيۡهِ عَٰكِفِينَ حَتَّىٰ يَرۡجِعَ إِلَيۡنَا مُوسَىٰ

[Онон] Гуфтанд: «Мо пайваста бар ин [гӯсолапарастӣ] мемонем, то Мӯсо наздамон бозгардад» info
التفاسير:

external-link copy
92 : 20

قَالَ يَٰهَٰرُونُ مَا مَنَعَكَ إِذۡ رَأَيۡتَهُمۡ ضَلُّوٓاْ

[Вақте Мӯсо бозомад] Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ онон гумроҳ шудаанд, info
التفاسير:

external-link copy
93 : 20

أَلَّا تَتَّبِعَنِۖ أَفَعَصَيۡتَ أَمۡرِي

чи чизе туро аз пайравии ман боздошт [ва чаро ононро тарк накардӣ]? Оё аз фармонам сарпечӣ кардӣ?» info
التفاسير:

external-link copy
94 : 20

قَالَ يَبۡنَؤُمَّ لَا تَأۡخُذۡ بِلِحۡيَتِي وَلَا بِرَأۡسِيٓۖ إِنِّي خَشِيتُ أَن تَقُولَ فَرَّقۡتَ بَيۡنَ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ وَلَمۡ تَرۡقُبۡ قَوۡلِي

[Ҳорун] Гуфт: «Эй писари модарам, ришу [мӯйи] сарамро нагир. Дар ҳақиқат, тарсидам, ки бигӯӣ, миёни Бани Исроил тафриқа андохтӣ ва сухан [ва супориш]-и маро ба кор набастӣ» info
التفاسير:

external-link copy
95 : 20

قَالَ فَمَا خَطۡبُكَ يَٰسَٰمِرِيُّ

[Мӯсо] Гуфт: «Эй Сомирӣ, ин чи коре аст, ки кардӣ?» info
التفاسير:

external-link copy
96 : 20

قَالَ بَصُرۡتُ بِمَا لَمۡ يَبۡصُرُواْ بِهِۦ فَقَبَضۡتُ قَبۡضَةٗ مِّنۡ أَثَرِ ٱلرَّسُولِ فَنَبَذۡتُهَا وَكَذَٰلِكَ سَوَّلَتۡ لِي نَفۡسِي

Ӯ гуфт: «Ман чизеро дидам, ки онон надиданд ва муште аз хоки пойи [асби] фиристода [Ҷабраил]-ро бардоштам ва [дар пайкари гӯсола] андохтам ва [ҳавои] нафсам [ин корро] инчунин бароям орост» info
التفاسير:

external-link copy
97 : 20

قَالَ فَٱذۡهَبۡ فَإِنَّ لَكَ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ أَن تَقُولَ لَا مِسَاسَۖ وَإِنَّ لَكَ مَوۡعِدٗا لَّن تُخۡلَفَهُۥۖ وَٱنظُرۡ إِلَىٰٓ إِلَٰهِكَ ٱلَّذِي ظَلۡتَ عَلَيۡهِ عَاكِفٗاۖ لَّنُحَرِّقَنَّهُۥ ثُمَّ لَنَنسِفَنَّهُۥ فِي ٱلۡيَمِّ نَسۡفًا

[Мӯсо] Гуфт: «Пас, бирав. Бе тардид, баҳраи ту дар зиндагӣ ин аст, ки [чунон матруд шавӣ, ки ба мардум] бигӯӣ: «[Ба ман] Даст назанед»; ва ваъдагоҳе [барои азоб] хоҳӣ дошт, ки ҳаргиз аз он тахаллуф нахоҳад шуд; ва [акнун] ба он маъбуде, ки пайваста дар ибодаташ будӣ, бингар; онро месӯзонем, он гоҳ [ки комилан хокистар шуд,] дар дарё парокандааш месозем» info
التفاسير:

external-link copy
98 : 20

إِنَّمَآ إِلَٰهُكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ وَسِعَ كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمٗا

[Эй мардум] Маъбуди шумо Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро фаро гирифтааст info
التفاسير: