Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajikistan - Pusat Terjemah Ruwwād

Nomor Halaman:close

external-link copy
88 : 16

ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ زِدۡنَٰهُمۡ عَذَابٗا فَوۡقَ ٱلۡعَذَابِ بِمَا كَانُواْ يُفۡسِدُونَ

Касоне, ки куфр варзиданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд, ба [кайфари] он ки фасод мекарданд, азобе бар азобашон меафзоем info
التفاسير:

external-link copy
89 : 16

وَيَوۡمَ نَبۡعَثُ فِي كُلِّ أُمَّةٖ شَهِيدًا عَلَيۡهِم مِّنۡ أَنفُسِهِمۡۖ وَجِئۡنَا بِكَ شَهِيدًا عَلَىٰ هَٰٓؤُلَآءِۚ وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ تِبۡيَٰنٗا لِّكُلِّ شَيۡءٖ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ

Ва рӯзе [-ро ёд кун], ки аз ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар онон мегирем [ки ба куфру имонашон гувоҳӣ диҳад] ва туро [эй Муҳаммад] бар инон гувоҳ мегирем; ва Мо ин китоб [Қуръон] - ро бар ту нозил кардем, ки равшангари ҳама чиз аст ва барои мусулмонон раҳнамуд ва раҳмату башорат аст info
التفاسير:

external-link copy
90 : 16

۞ إِنَّ ٱللَّهَ يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَٱلۡإِحۡسَٰنِ وَإِيتَآيِٕ ذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَيَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِ وَٱلۡبَغۡيِۚ يَعِظُكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ

Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло [шуморо] ба адлу накукорӣ ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад ва аз фаҳшо ва зишткорӣ ва саркашӣ наҳй мекунад. Ӯ шуморо панд медиҳад; бошад, ки панд гиред info
التفاسير:

external-link copy
91 : 16

وَأَوۡفُواْ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ إِذَا عَٰهَدتُّمۡ وَلَا تَنقُضُواْ ٱلۡأَيۡمَٰنَ بَعۡدَ تَوۡكِيدِهَا وَقَدۡ جَعَلۡتُمُ ٱللَّهَ عَلَيۡكُمۡ كَفِيلًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا تَفۡعَلُونَ

Ва чун бо Аллоҳ таоло [ё мардум] паймон бастед, ба он вафо кунед; ва савгандҳои худро пас аз муҳкам сохтанашон нашканед, дар ҳоле ки Аллоҳро бар [вафодории] хеш гувоҳ қарор додаед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад, ки чи мекунед info
التفاسير:

external-link copy
92 : 16

وَلَا تَكُونُواْ كَٱلَّتِي نَقَضَتۡ غَزۡلَهَا مِنۢ بَعۡدِ قُوَّةٍ أَنكَٰثٗا تَتَّخِذُونَ أَيۡمَٰنَكُمۡ دَخَلَۢا بَيۡنَكُمۡ أَن تَكُونَ أُمَّةٌ هِيَ أَرۡبَىٰ مِنۡ أُمَّةٍۚ إِنَّمَا يَبۡلُوكُمُ ٱللَّهُ بِهِۦۚ وَلَيُبَيِّنَنَّ لَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ

Ва монанди он зан [-и нодоне] набошед, ки риштаи [пашмии тобидаи] хешро аз ҳам бозкушод [ва гусаст; пас, мабодо] савгандҳои худро василаи фиреби якдигар қарор диҳед [он ҳам танҳо] бад-ин сабаб, ки гурӯҳе [сарват ва] ҷамъияташон афзунтар аз дигаре аст. Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ таоло шуморо бо ин [кор] меозмояд ва яқинан рӯзи қиёмат он чиро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон равшан месозад info
التفاسير:

external-link copy
93 : 16

وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَعَلَكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَلَٰكِن يُضِلُّ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَلَتُسۡـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

Ва агар мехост, ҳамаи шуморо як уммат қарор медод, вале [бо адолати хеш] ҳар киро бихоҳад гумроҳ мекунад ва [бо фазли хеш] ҳар киро бихоҳад, ҳидоят менамояд; ва шумо [рӯзи қиёмат], ҳатман, аз он чи мекардед, бозхост хоҳед шуд info
التفاسير: