Terjemahan makna Alquran Alkarim - Terjemahan Berbahasa Tajikistan - Pusat Terjemah Ruwwād

Nomor Halaman:close

external-link copy
15 : 12

فَلَمَّا ذَهَبُواْ بِهِۦ وَأَجۡمَعُوٓاْ أَن يَجۡعَلُوهُ فِي غَيَٰبَتِ ٱلۡجُبِّۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِ لَتُنَبِّئَنَّهُم بِأَمۡرِهِمۡ هَٰذَا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ

Пас, чун вайро [ҳамроҳи худ] бурданд ва ҳамдаст шуданд, ки ӯро дар қаъри чоҳ биандозанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки: «[Саранҷом] Ҳатман, ононро, дар ҳоле ки [дар бораат] ҳеҷ намедонанд, аз [чанду чуни] ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт» info
التفاسير:

external-link copy
16 : 12

وَجَآءُوٓ أَبَاهُمۡ عِشَآءٗ يَبۡكُونَ

Ва шабонгоҳ гирякунон назди падарашон омаданд info
التفاسير:

external-link copy
17 : 12

قَالُواْ يَٰٓأَبَانَآ إِنَّا ذَهَبۡنَا نَسۡتَبِقُ وَتَرَكۡنَا يُوسُفَ عِندَ مَتَٰعِنَا فَأَكَلَهُ ٱلذِّئۡبُۖ وَمَآ أَنتَ بِمُؤۡمِنٖ لَّنَا وَلَوۡ كُنَّا صَٰدِقِينَ

Гуфтанд: «Падарҷон, мо [дуртар] рафтем, ки мусобиқа диҳем ва Юсуфро назди асоси худ гузоштем, ки гург ӯро хӯрд ва ҳарчанд ростгӯ бошем, ту [ҳаргиз сухани] моро бовар нахоҳӣ кард» info
التفاسير:

external-link copy
18 : 12

وَجَآءُو عَلَىٰ قَمِيصِهِۦ بِدَمٖ كَذِبٖۚ قَالَ بَلۡ سَوَّلَتۡ لَكُمۡ أَنفُسُكُمۡ أَمۡرٗاۖ فَصَبۡرٞ جَمِيلٞۖ وَٱللَّهُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ

Ва пероҳани ӯро бо хуни дурӯғине [барои Яъқуб] оварданд. [Ӯ] Гуфт: «[Чунин нест] Балки [ҳавои] нафси шумо коре [ношоиста]-ро бароятон оростааст, пас, сабре наку [бароям беҳтар аст] ва Аллоҳ таоло дар [мавриди] он чи мегӯед, ёригар [-и ман] аст» info
التفاسير:

external-link copy
19 : 12

وَجَآءَتۡ سَيَّارَةٞ فَأَرۡسَلُواْ وَارِدَهُمۡ فَأَدۡلَىٰ دَلۡوَهُۥۖ قَالَ يَٰبُشۡرَىٰ هَٰذَا غُلَٰمٞۚ وَأَسَرُّوهُ بِضَٰعَةٗۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ

Ва корвоне омад ва онон обовари худро фиристоданд,пас,ӯ далвашро [дар чоҳ] андохт [ва чун Юсуфро боло кашид] гуфт: «Мужда диҳед! Ин як навҷавон аст» ва [пас аз наҷоташ] ӯро ҳамчун як коло[-и арзишманд аз дигарон] пинҳон доштанд, ва[-ле] Аллоҳ таоло ба он чи мекарданд, огоҳ буд info
التفاسير:

external-link copy
20 : 12

وَشَرَوۡهُ بِثَمَنِۭ بَخۡسٖ دَرَٰهِمَ مَعۡدُودَةٖ وَكَانُواْ فِيهِ مِنَ ٱلزَّٰهِدِينَ

Ва [саранҷом] ӯро ба баҳое андак, чанд дирҳам, фурӯхтанд ва дар [бораи нигаҳ доштани] ӯ бемайл буданд info
التفاسير:

external-link copy
21 : 12

وَقَالَ ٱلَّذِي ٱشۡتَرَىٰهُ مِن مِّصۡرَ لِٱمۡرَأَتِهِۦٓ أَكۡرِمِي مَثۡوَىٰهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوۡ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدٗاۚ وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلِنُعَلِّمَهُۥ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ وَٱللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِۦ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ

Ва он шахс аз [мардуми] Миср [Азиз], ки ӯро харида буд, ба ҳамсараш гуфт: «Мақомашро гиромӣ бидор. Умед аст, ки бароямон судманд бошад ё ӯро ба фарзандӣ бигирем». Ва инчунин буд, ки Юсуфро дар [он] сарзамин арҷманд [-у муқтадир] гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб биёмӯзем; ва Аллоҳ таоло бар кори хеш [тавоно ва] чира аст, вале бештари мардум намедонанд info
التفاسير:

external-link copy
22 : 12

وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُۥٓ ءَاتَيۡنَٰهُ حُكۡمٗا وَعِلۡمٗاۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва чун [Юсуф ба авҷи] неруи ҷавонӣ расид, ба ӯ ҳикмату дониш ато кардем ва накукоронро инчунин подош медиҳем info
التفاسير: