क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - खाजा मीरोफ़ खाजा मीर

Нозиъот

external-link copy
1 : 79

وَٱلنَّٰزِعَٰتِ غَرۡقٗا

1. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба фариштагоне, ки ҷонҳои кофиронро ба сахтӣ мегиранд info
التفاسير:

external-link copy
2 : 79

وَٱلنَّٰشِطَٰتِ نَشۡطٗا

2. ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳои мӯъминонро ба осонӣ мегиранд info
التفاسير:

external-link copy
3 : 79

وَٱلسَّٰبِحَٰتِ سَبۡحٗا

3. ва савганд ба фариштагоне, ки барои расонидани фармони Аллоҳ шинокунон ва шитобон аз осмон фуруд меоянд info
التفاسير:

external-link copy
4 : 79

فَٱلسَّٰبِقَٰتِ سَبۡقٗا

4. ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар сабқат мекунанд дар иҷро намудани амрҳои Парвардигор info
التفاسير:

external-link copy
5 : 79

فَٱلۡمُدَبِّرَٰتِ أَمۡرٗا

5. ва савганд[3077] ба фариштагоне, ки ҳамаи корҳоро тадбир мекунанд, info

[3077]Ҷоиз нест барои одамӣ қасам хӯрдан ба ғайри Аллоҳ, зеро чунин амал ширк аст.

التفاسير:

external-link copy
6 : 79

يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلرَّاجِفَةُ

6. ки он рӯз, ки нахустин нафхаи[3078] қиёмат, ки нафхаи миронидан аст, заминро биларзонад info

[3078] Дамидан дар сур

التفاسير:

external-link copy
7 : 79

تَتۡبَعُهَا ٱلرَّادِفَةُ

7. ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, мардум аз нав зинда хоҳанд шуд. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 79

قُلُوبٞ يَوۡمَئِذٖ وَاجِفَةٌ

8. Дар он рӯз дилҳои кофирон аз сахтии тарс дар ларза бошанд, info
التفاسير:

external-link copy
9 : 79

أَبۡصَٰرُهَا خَٰشِعَةٞ

9. ва азобу даҳшатҳои рӯзи қиёматро мушоҳида кунанд, бар чашмонашон хорӣ ва фурӯафтодагӣ намоён шавад. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 79

يَقُولُونَ أَءِنَّا لَمَرۡدُودُونَ فِي ٱلۡحَافِرَةِ

10. Мункирони рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан мегӯянд: Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем, info
التفاسير:

external-link copy
11 : 79

أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا نَّخِرَةٗ

11. он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем? info
التفاسير:

external-link copy
12 : 79

قَالُواْ تِلۡكَ إِذٗا كَرَّةٌ خَاسِرَةٞ

12. Гӯянд: Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар! info
التفاسير:

external-link copy
13 : 79

فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٞ وَٰحِدَةٞ

13. Пас танҳо як овози баланд аст. info
التفاسير:

external-link copy
14 : 79

فَإِذَا هُم بِٱلسَّاهِرَةِ

14. ва онгоҳ онон дар замини ҳамвор (саҳрои қиёмат) меоянд. info
التفاسير:

external-link copy
15 : 79

هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ مُوسَىٰٓ

15. Эй Паёмбар, оё қиссаи Мӯсо алайҳис салом ба ту расидааст? info
التفاسير:

external-link copy
16 : 79

إِذۡ نَادَىٰهُ رَبُّهُۥ بِٱلۡوَادِ ٱلۡمُقَدَّسِ طُوًى

16. Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво[3079]садо кард: info

[3079]Он водӣ дар кӯҳи Сино воқеъ аст.

التفاسير:

external-link copy
17 : 79

ٱذۡهَبۡ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ

17. Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ дар гуноҳ аз ҳад гузаштааст. info
التفاسير:

external-link copy
18 : 79

فَقُلۡ هَل لَّكَ إِلَىٰٓ أَن تَزَكَّىٰ

18. Бигӯ: Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ ва ба имон нафси худро ороста кунӣ info
التفاسير:

external-link copy
19 : 79

وَأَهۡدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخۡشَىٰ

19. ва ман туро ба сӯи Парвардигорат роҳ бинамоям ва то ту битарсӣ аз Ӯ? info
التفاسير:

external-link copy
20 : 79

فَأَرَىٰهُ ٱلۡأٓيَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰ

20. Пас, Мӯсо ба Фиръавн он мӯъҷизаи бузург; асо ва дастро нишон дод. info
التفاسير:

external-link copy
21 : 79

فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ

21. Ва Фиръавн паёмбари Аллоҳ Мӯсо (алайҳиссалом)ро дурӯғ бароварду нофармонӣ кард. info
التفاسير:

external-link copy
22 : 79

ثُمَّ أَدۡبَرَ يَسۡعَىٰ

22. Сипас пушт гардонд аз имон ва бар зидди Мӯсосаъй ва талош мекард. info
التفاسير:

external-link copy
23 : 79

فَحَشَرَ فَنَادَىٰ

23. Пас ҳама аҳли мамлакаташро ҷамъ кард ва нидо дод info
التفاسير:

external-link copy
24 : 79

فَقَالَ أَنَا۠ رَبُّكُمُ ٱلۡأَعۡلَىٰ

24. ва гуфт: Ман Парвардигори бузурги шумо ҳастам! info
التفاسير:

external-link copy
25 : 79

فَأَخَذَهُ ٱللَّهُ نَكَالَ ٱلۡأٓخِرَةِ وَٱلۡأُولَىٰٓ

25. Пас Парвардигорашӯро ба азоби охирату дунё гирифтор кард. info
التفاسير:

external-link copy
26 : 79

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةٗ لِّمَن يَخۡشَىٰٓ

26. Бегумон дар ин кирдори Фиръавн ва он азобе, ки бар вай нозил шуд, панди бузургест барои касе, ки аз Аллоҳ метарсад! info
التفاسير:

external-link copy
27 : 79

ءَأَنتُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَمِ ٱلسَّمَآءُۚ بَنَىٰهَا

27. Эй одамон, оё офариниши шумо сахттар аст ё офариниши осмоне ки Аллоҳ онро сохтааст? info
التفاسير:

external-link copy
28 : 79

رَفَعَ سَمۡكَهَا فَسَوَّىٰهَا

28. Баландии онро барафрошт ва онро устувор кард, info
التفاسير:

external-link copy
29 : 79

وَأَغۡطَشَ لَيۡلَهَا وَأَخۡرَجَ ضُحَىٰهَا

29. шабашро торик кард ба фурӯ рафтани офтоб ва рӯзашро равшан кард ба баромадани офтоб info
التفاسير:

external-link copy
30 : 79

وَٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ دَحَىٰهَآ

30. ва баъд аз халқи осмон заминро паҳн кард info
التفاسير:

external-link copy
31 : 79

أَخۡرَجَ مِنۡهَا مَآءَهَا وَمَرۡعَىٰهَا

31. ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард info
التفاسير:

external-link copy
32 : 79

وَٱلۡجِبَالَ أَرۡسَىٰهَا

32. ва кӯҳҳоро устувор сохт, info
التفاسير:

external-link copy
33 : 79

مَتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ

33. барои фоидаи шумо ва чорпоёнатон. Аз нав зинда гардонидани шумо рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ осонтараст аз офариниши ин чизҳо. info
التفاسير:

external-link copy
34 : 79

فَإِذَا جَآءَتِ ٱلطَّآمَّةُ ٱلۡكُبۡرَىٰ

34. Чун он ҳодисаи бузурги қиёмат даррасад, info
التفاسير:

external-link copy
35 : 79

يَوۡمَ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا سَعَىٰ

35. рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро аз неку бад ба ёд оварад info
التفاسير:

external-link copy
36 : 79

وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِمَن يَرَىٰ

36. ва дӯзах барои ҳар фарди бино ошкор ва намоён мегардад. info
التفاسير:

external-link copy
37 : 79

فَأَمَّا مَن طَغَىٰ

37. Пас ҳар кӣ аз ҳад гузашта бошад дар куфру исён info
التفاسير:

external-link copy
38 : 79

وَءَاثَرَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا

38. ва зиндагии инҷаҳонро бар зиндагии охират ихтиёр карда бошад, info
التفاسير:

external-link copy
39 : 79

فَإِنَّ ٱلۡجَحِيمَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ

39. бегумон ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст. info
التفاسير:

external-link copy
40 : 79

وَأَمَّا مَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ وَنَهَى ٱلنَّفۡسَ عَنِ ٱلۡهَوَىٰ

40. Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида бошад ва нафси худро аз ҳаво ва ҳавас боздошта бошад, info
التفاسير:

external-link copy
41 : 79

فَإِنَّ ٱلۡجَنَّةَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ

41. пас бегумон биҳишт ҷойгоҳи ӯст. info
التفاسير:

external-link copy
42 : 79

يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَا

42. Эй Паёмбар, туро мушрикон тамасхуромезона аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад. info
التفاسير:

external-link copy
43 : 79

فِيمَ أَنتَ مِن ذِكۡرَىٰهَآ

43. Аз воқеъ шудани он туро чӣ хабарест? info
التفاسير:

external-link copy
44 : 79

إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَىٰهَآ

44. Балки, огоҳӣ аз замони барпо шавии қиёмат ба Парвардигорат аст. info
التفاسير:

external-link copy
45 : 79

إِنَّمَآ أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخۡشَىٰهَا

45. Ту танҳо бимдиҳандаи касе ҳастӣ, ки аз қиёмат метарсад. info
التفاسير:

external-link copy
46 : 79

كَأَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَهَا لَمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا عَشِيَّةً أَوۡ ضُحَىٰهَا

46. Рӯзе, ки онро бубинанд, аз ҳавли қиёмат пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд. info
التفاسير: