क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - अनुवाद अग्रदूत केंद्र

पृष्ठ संख्या:close

external-link copy
32 : 9

يُرِيدُونَ أَن يُطۡفِـُٔواْ نُورَ ٱللَّهِ بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَيَأۡبَى ٱللَّهُ إِلَّآ أَن يُتِمَّ نُورَهُۥ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ

Онон мехоҳанд нури Аллоҳ таолоро бо суханони хеш хомӯш кунанд, вале Аллоҳ таоло ҷуз ин намехоҳад, ки нури хешро комил кунад, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд info
التفاسير:

external-link copy
33 : 9

هُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُشۡرِكُونَ

Ӯст, ки Паёмбарашро бо ҳидояту дини ҳақ фиристодааст, то онро бар ҳамаи адён пирӯз гардонад, ҳарчанд мушрикон нохушнуд бошанд info
التفاسير:

external-link copy
34 : 9

۞ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلۡأَحۡبَارِ وَٱلرُّهۡبَانِ لَيَأۡكُلُونَ أَمۡوَٰلَ ٱلنَّاسِ بِٱلۡبَٰطِلِ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۗ وَٱلَّذِينَ يَكۡنِزُونَ ٱلذَّهَبَ وَٱلۡفِضَّةَ وَلَا يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٖ

Эй касоне, ки имон овардаед, бе тардид, бисёре аз уламо[-и яҳудӣ] ва роҳибон, амволи мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва [ононро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд.Ва касоне, ки зару сим меандузанд ва онро дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ намекунанд, пас, ононро ба азоби дарднок башорат бидеҳ info
التفاسير:

external-link copy
35 : 9

يَوۡمَ يُحۡمَىٰ عَلَيۡهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكۡوَىٰ بِهَا جِبَاهُهُمۡ وَجُنُوبُهُمۡ وَظُهُورُهُمۡۖ هَٰذَا مَا كَنَزۡتُمۡ لِأَنفُسِكُمۡ فَذُوقُواْ مَا كُنتُمۡ تَكۡنِزُونَ

Рӯзе, ки он [ганҷинаҳо]-ро дар оташи дузах сурх кунанд ва пешонӣ ва паҳлу ва пушташонро бо он доғ ниҳанд [ва бигӯянд]: «Ин аст ончи барои хеш меандӯхтед, пас, бичашед ончиро, ки меандӯхтед» info
التفاسير:

external-link copy
36 : 9

إِنَّ عِدَّةَ ٱلشُّهُورِ عِندَ ٱللَّهِ ٱثۡنَا عَشَرَ شَهۡرٗا فِي كِتَٰبِ ٱللَّهِ يَوۡمَ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ مِنۡهَآ أَرۡبَعَةٌ حُرُمٞۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُۚ فَلَا تَظۡلِمُواْ فِيهِنَّ أَنفُسَكُمۡۚ وَقَٰتِلُواْ ٱلۡمُشۡرِكِينَ كَآفَّةٗ كَمَا يُقَٰتِلُونَكُمۡ كَآفَّةٗۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُتَّقِينَ

Шумори моҳҳо назди Аллоҳ таоло [аз] рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, дар китоби Аллоҳ таоло [Лавҳи маҳфуз] дувоздаҳ моҳ аст, ки [ҷангу даргирӣ дар] чаҳор моҳ аз он ҳаром аст [Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб]. Ин аст оини устувор [ва роҳи ҳақ]. Пас, дар ин [чаҳор моҳ] бар худ ситам накунед ва ҳамагӣ бо мушрикон биҷангед, чунонки ҳамаи онон бо шумо меҷанганд ва бидонед, ки Алллоҳ таоло ҳамроҳи парҳезгорон аст info
التفاسير: