क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - अनुवाद अग्रदूत केंद्र

पृष्ठ संख्या:close

external-link copy
74 : 7

وَٱذۡكُرُوٓاْ إِذۡ جَعَلَكُمۡ خُلَفَآءَ مِنۢ بَعۡدِ عَادٖ وَبَوَّأَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ تَتَّخِذُونَ مِن سُهُولِهَا قُصُورٗا وَتَنۡحِتُونَ ٱلۡجِبَالَ بُيُوتٗاۖ فَٱذۡكُرُوٓاْ ءَالَآءَ ٱللَّهِ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ

Ва ба ёд оваред, ҳангоме ки [Аллоҳ таоло] шуморо аз [қавми] Од ҷонишинон [-и онон] қарор дод ва дар замин мустақар сохт, ки дар даштҳояш қасрҳое бино мекунед ва дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед. Пас, неъматҳои Аллоҳ таолоро ба ёд оваред ва дар замин ба фасод [-у табоҳӣ] накушед» info
التفاسير:

external-link copy
75 : 7

قَالَ ٱلۡمَلَأُ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ لِلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُواْ لِمَنۡ ءَامَنَ مِنۡهُمۡ أَتَعۡلَمُونَ أَنَّ صَٰلِحٗا مُّرۡسَلٞ مِّن رَّبِّهِۦۚ قَالُوٓاْ إِنَّا بِمَآ أُرۡسِلَ بِهِۦ مُؤۡمِنُونَ

Ашроф [-у бузургон]-и қавми ӯ, ки гарданкашӣ мекарданд, ба заифону бечорагон, ба [ҳамон] касоне, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё [ба яқин] медонед, ки Солеҳ аз [тарафи] Парвардигораш фиристода шудааст»? [Онон] Гуфтанд: «Мо ба он чи ӯ ба он фиристода шудааст, имон дорем» info
التفاسير:

external-link copy
76 : 7

قَالَ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُوٓاْ إِنَّا بِٱلَّذِيٓ ءَامَنتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ

Онон, ки гарданкашӣ мекарданд, гуфтанд: «Мо ба ончи шумо ба он имон овардаед, бовар надорем» info
التفاسير:

external-link copy
77 : 7

فَعَقَرُواْ ٱلنَّاقَةَ وَعَتَوۡاْ عَنۡ أَمۡرِ رَبِّهِمۡ وَقَالُواْ يَٰصَٰلِحُ ٱئۡتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

Пас, модашутурро пай карданд ва аз фармони Парвардигорашон сар печиданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар аз паёмбарон [-илоҳӣ] ҳастӣ, ончи аз азоб, ки ба мо ваъда медиҳӣ, [бар сарамон] биёвар» info
التفاسير:

external-link copy
78 : 7

فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلرَّجۡفَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دَارِهِمۡ جَٰثِمِينَ

Саранҷом заминларза ононро фаро гирифт, пас, дар хонаҳои худ ба рӯ афтоданд [ва ҳалок шуданд] info
التفاسير:

external-link copy
79 : 7

فَتَوَلَّىٰ عَنۡهُمۡ وَقَالَ يَٰقَوۡمِ لَقَدۡ أَبۡلَغۡتُكُمۡ رِسَالَةَ رَبِّي وَنَصَحۡتُ لَكُمۡ وَلَٰكِن لَّا تُحِبُّونَ ٱلنَّٰصِحِينَ

Пас, [Солеҳ] аз онон рӯ гардониду гуфт: «Эй қавми ман, ман паёми Парвардигорамро ба шумо расонидам ва бароятон хайрхоҳӣ кардам, вале шумо [хайрхоҳону] насиҳатгаронро дӯст намедоред» info
التفاسير:

external-link copy
80 : 7

وَلُوطًا إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَتَأۡتُونَ ٱلۡفَٰحِشَةَ مَا سَبَقَكُم بِهَا مِنۡ أَحَدٖ مِّنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Ва Лутро [ба паёмбарӣ фиристодем], ки ба қавми худ гуфт: «Оё кори бисёр зиштеро анҷом медиҳед, ки пеш аз шумо ҳеҷ як аз ҷаҳониён анҷом надодааст? info
التفاسير:

external-link copy
81 : 7

إِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلرِّجَالَ شَهۡوَةٗ مِّن دُونِ ٱلنِّسَآءِۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٞ مُّسۡرِفُونَ

Шумо аз рӯйи шаҳват ба ҷойи занон бо мардон меомезед. Оре, шумо [аз ҳудуди илоҳӣ фаротар рафтаед ва] гурӯҳи таҷовузкоред» info
التفاسير: