क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - अनुवाद अग्रदूत केंद्र

पृष्ठ संख्या:close

external-link copy
48 : 43

وَمَا نُرِيهِم مِّنۡ ءَايَةٍ إِلَّا هِيَ أَكۡبَرُ مِنۡ أُخۡتِهَاۖ وَأَخَذۡنَٰهُم بِٱلۡعَذَابِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Ҳар муъҷизае ба онон ироа додем, яке аз дигаре бузургтар буд ва [чун ҳамаро такзиб карданд] ба азоб гирифторашон кардем, бошад, ки [аз куфр] бозгарданд info
التفاسير:

external-link copy
49 : 43

وَقَالُواْ يَٰٓأَيُّهَ ٱلسَّاحِرُ ٱدۡعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِندَكَ إِنَّنَا لَمُهۡتَدُونَ

[Пас, ҳангоме ки гӯшаҳое аз азоби илоҳиро чашиданд] гуфтанд: «Эй ҷодугар, аз Парвардигорат бинобар аҳде, ки бо ту дорад, бихоҳ [то азобро аз мо дур кунад], ки мо [дигар] роҳёфтаем» info
التفاسير:

external-link copy
50 : 43

فَلَمَّا كَشَفۡنَا عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابَ إِذَا هُمۡ يَنكُثُونَ

Ва чун азобро аз онон бардоштем, паймон шикастанд info
التفاسير:

external-link copy
51 : 43

وَنَادَىٰ فِرۡعَوۡنُ فِي قَوۡمِهِۦ قَالَ يَٰقَوۡمِ أَلَيۡسَ لِي مُلۡكُ مِصۡرَ وَهَٰذِهِ ٱلۡأَنۡهَٰرُ تَجۡرِي مِن تَحۡتِيٓۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ

Фиръавн дар миёни қавми худ нидо сар дод ва гуфт: «Эй қавми ман, оё фармонравоии Миср дар ихтиёри ман нест ва ин наҳрҳо аз доманаи қасри ман ҷараён надорад? Оё [қудрату азаматамро] намебинед? info
التفاسير:

external-link copy
52 : 43

أَمۡ أَنَا۠ خَيۡرٞ مِّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي هُوَ مَهِينٞ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ

Ман аз ин марди бемиқдор, ки [ҳатто] наметавонад ба равшанӣ сухан бигӯяд, шоистатарам info
التفاسير:

external-link copy
53 : 43

فَلَوۡلَآ أُلۡقِيَ عَلَيۡهِ أَسۡوِرَةٞ مِّن ذَهَبٍ أَوۡ جَآءَ مَعَهُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ مُقۡتَرِنِينَ

Чаро [ба нишонаи сарварӣ] дастбандҳои зарин [аз осмон] бар ӯ афканда нашудааст [то собит шавад, ки паёмбар аст]? Ё чаро фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд?» info
التفاسير:

external-link copy
54 : 43

فَٱسۡتَخَفَّ قَوۡمَهُۥ فَأَطَاعُوهُۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ

Ӯ қавми худро ба [бехирадӣ ва] сабуксарӣ кашонд ва ҳамагӣ мутеаш шуданд. Ҳаққо, ки онон [нисбат ба авомири илоҳӣ] нофармон буданд info
التفاسير:

external-link copy
55 : 43

فَلَمَّآ ءَاسَفُونَا ٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡ فَأَغۡرَقۡنَٰهُمۡ أَجۡمَعِينَ

Пас, чун моро ба хашм оварданд, аз онон интиқом гирифтем ва ҳамагиро [дар дарё] ғарқ кардем info
التفاسير:

external-link copy
56 : 43

فَجَعَلۡنَٰهُمۡ سَلَفٗا وَمَثَلٗا لِّلۡأٓخِرِينَ

Он гоҳ ононро дар шумори пешгомони [куфру нофармонӣ] ва ибрате [барои ояндагон] қарор додем info
التفاسير:

external-link copy
57 : 43

۞ وَلَمَّا ضُرِبَ ٱبۡنُ مَرۡيَمَ مَثَلًا إِذَا قَوۡمُكَ مِنۡهُ يَصِدُّونَ

Ва чун достони [таваллуди] писари Марям матраҳ шуд, қавми ту [ки гумон карданд, метавонанд монанди масеҳиён чанд маъбуд дошта бошанд] ба ногоҳ шодӣ ва ҳаёҳу ба роҳ андохтанд info
التفاسير:

external-link copy
58 : 43

وَقَالُوٓاْ ءَأَٰلِهَتُنَا خَيۡرٌ أَمۡ هُوَۚ مَا ضَرَبُوهُ لَكَ إِلَّا جَدَلَۢاۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٌ خَصِمُونَ

Ва гуфтанд: «Маъбудони мо беҳтаранд ё Исо»? Онон ин суханро танҳо барои ҷидол бо ту унвон кардаанд. Ба ростӣ, ки гурӯҳе ситезаҷӯ ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
59 : 43

إِنۡ هُوَ إِلَّا عَبۡدٌ أَنۡعَمۡنَا عَلَيۡهِ وَجَعَلۡنَٰهُ مَثَلٗا لِّبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ

Исо фақат бандаест, ки бар ӯ неъмат [-и рисолат] арзонӣ доштем ва ӯро намунае [аз қудрати илоҳӣ] барои Бани Исроил қарор додем info
التفاسير:

external-link copy
60 : 43

وَلَوۡ نَشَآءُ لَجَعَلۡنَا مِنكُم مَّلَٰٓئِكَةٗ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَخۡلُفُونَ

Агар мехостем, [ҳамаи шумо инсонҳоро нобуд мекардем ва] ба ҷоятон фариштагоне падид меовардем, ки дар замин ҷонишин [-и шумо] шаванд info
التفاسير: