क़ुरआन के अर्थों का अनुवाद - ताजिक अनुवाद - अनुवाद अग्रदूत केंद्र

पृष्ठ संख्या:close

external-link copy
26 : 19

فَكُلِي وَٱشۡرَبِي وَقَرِّي عَيۡنٗاۖ فَإِمَّا تَرَيِنَّ مِنَ ٱلۡبَشَرِ أَحَدٗا فَقُولِيٓ إِنِّي نَذَرۡتُ لِلرَّحۡمَٰنِ صَوۡمٗا فَلَنۡ أُكَلِّمَ ٱلۡيَوۡمَ إِنسِيّٗا

Пас, [аз он хурмо] бихӯр ва [аз оби чашма] бинӯш ва дидагонро [ба ин фарзанд] равшан дор; ва агар ҳар як аз мардумро дидӣ, [бо ишора] бигӯ: «Ман барои [Аллоҳи] Раҳмон рӯзаи [cукут] назр кардам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан нахоҳам гуфт» info
التفاسير:

external-link copy
27 : 19

فَأَتَتۡ بِهِۦ قَوۡمَهَا تَحۡمِلُهُۥۖ قَالُواْ يَٰمَرۡيَمُ لَقَدۡ جِئۡتِ شَيۡـٔٗا فَرِيّٗا

Пас, [Марям] дар ҳоле ки ӯ [Исо]-ро бардошта буд, назди қавмаш омад. Онон гуфтанд: «Эй Марям, ба ростӣ, дурӯғи бузурге мегӯӣ [ки навзод бидуни падар мутаваллид шудааст] info
التفاسير:

external-link copy
28 : 19

يَٰٓأُخۡتَ هَٰرُونَ مَا كَانَ أَبُوكِ ٱمۡرَأَ سَوۡءٖ وَمَا كَانَتۡ أُمُّكِ بَغِيّٗا

Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди бадкоре буд ва на модарат [зани] бадкорае» info
التفاسير:

external-link copy
29 : 19

فَأَشَارَتۡ إِلَيۡهِۖ قَالُواْ كَيۡفَ نُكَلِّمُ مَن كَانَ فِي ٱلۡمَهۡدِ صَبِيّٗا

Пас, Марям ба ӯ [Исо] ишора кард. Онон гуфтанд: «Чи гуна бо кӯдаке дар гаҳвора сухан бигӯем?» info
التفاسير:

external-link copy
30 : 19

قَالَ إِنِّي عَبۡدُ ٱللَّهِ ءَاتَىٰنِيَ ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلَنِي نَبِيّٗا

[Исо ба сухан омад ва] гуфт: «Ман бандаи Аллоҳ таоло ҳастам. Ӯ ба ман китоб дода ва маро паёмбар сохтааст info
التفاسير:

external-link copy
31 : 19

وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيۡنَ مَا كُنتُ وَأَوۡصَٰنِي بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ مَا دُمۡتُ حَيّٗا

Ва маро – ҳар ҷо ки бошам – пурбаракат намуда ва то зинда ҳастам, ба намозу закот супоришам кардааст info
التفاسير:

external-link copy
32 : 19

وَبَرَّۢا بِوَٰلِدَتِي وَلَمۡ يَجۡعَلۡنِي جَبَّارٗا شَقِيّٗا

Ва нисбат ба модарам накукор [гардонида] ва маро [дар баробари Парвардигорам] саркаш [-у] нофармон қарор надодааст info
التفاسير:

external-link copy
33 : 19

وَٱلسَّلَٰمُ عَلَيَّ يَوۡمَ وُلِدتُّ وَيَوۡمَ أَمُوتُ وَيَوۡمَ أُبۡعَثُ حَيّٗا

Ва салом бар ман рӯзе, ки мутаваллид шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавам» info
التفاسير:

external-link copy
34 : 19

ذَٰلِكَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَۖ قَوۡلَ ٱلۡحَقِّ ٱلَّذِي فِيهِ يَمۡتَرُونَ

Ин аст [ҳикояти] Исо писари Марям; [ҳамон] гуфтори росте, ки [гумроҳон] дар борааш тардид [ва ихтилоф] мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
35 : 19

مَا كَانَ لِلَّهِ أَن يَتَّخِذَ مِن وَلَدٖۖ سُبۡحَٰنَهُۥٓۚ إِذَا قَضَىٰٓ أَمۡرٗا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ

[Ҳаргиз] Сазовор нест, ки Аллоҳ таоло [барои хеш] фарзанде бигирад. Ӯ [поку] муназзаҳ аст. [Аллоҳ таоло] Ҳар гоҳ кореро ирода кунад, фақат ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас [бедиранг] мавҷуд мешавад info
التفاسير:

external-link copy
36 : 19

وَإِنَّ ٱللَّهَ رَبِّي وَرَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُوهُۚ هَٰذَا صِرَٰطٞ مُّسۡتَقِيمٞ

Ва [Исо ба қавмаш гуфт] «Бе тардид, Аллоҳ таоло Парвардигори ман ва шумост; пас, ӯро парастед [ки] роҳи рост ин аст» info
التفاسير:

external-link copy
37 : 19

فَٱخۡتَلَفَ ٱلۡأَحۡزَابُ مِنۢ بَيۡنِهِمۡۖ فَوَيۡلٞ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن مَّشۡهَدِ يَوۡمٍ عَظِيمٍ

Он гоҳ гурӯҳҳо [-и мухталифи қавмаш] дар миёни худ дучори ихтилоф шуданд. Пас, вой бар онҳо, ки куфр варзиданд аз мушоҳидаи рӯзи бузург [қиёмат]! info
التفاسير:

external-link copy
38 : 19

أَسۡمِعۡ بِهِمۡ وَأَبۡصِرۡ يَوۡمَ يَأۡتُونَنَا لَٰكِنِ ٱلظَّٰلِمُونَ ٱلۡيَوۡمَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

Он рӯз, ки назди мо меоянд, чи [хуб] шунаво ва бино ҳастанд! Аммо имрӯз [дар зиндагии дунё] ситамгорон дар гумроҳии ошкоранд info
التفاسير: