કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ: ખ્વાજા મીરૂફ ખ્વાજા મીર

Ҳоққа

external-link copy
1 : 69

ٱلۡحَآقَّةُ

1. Он рӯзи барҳақ, (яъне қиёмате, ки омадани он ҳақ аст ва савобу азоб ва ҳақиқат дар он рӯз ошкор мешавад!) info
التفاسير:

external-link copy
2 : 69

مَا ٱلۡحَآقَّةُ

2.Чист аҳвол ва сифатҳои он рӯзи барҳақ? info
التفاسير:

external-link copy
3 : 69

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحَآقَّةُ

3. Ва чӣ чиз туро эй Расул огоҳ кард, аз ҳақиқат ва сахтии он рӯзи барҳақ?[2984] info

[2984] Тафсири Бағавӣ 8\204

التفاسير:

external-link copy
4 : 69

كَذَّبَتۡ ثَمُودُ وَعَادُۢ بِٱلۡقَارِعَةِ

4. Қавми Самуду Од сахтии рӯзи қиёматро дурӯғ шумориданд. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 69

فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهۡلِكُواْ بِٱلطَّاغِيَةِ

5. Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт қавӣ ва ҳалоккунанда ҳалок шуданд. info
التفاسير:

external-link copy
6 : 69

وَأَمَّا عَادٞ فَأُهۡلِكُواْ بِرِيحٖ صَرۡصَرٍ عَاتِيَةٖ

6.Ва аммо қавми Од бо вазиши боди Сарсар (сахт сард) ба ҳалокат расиданд. info
التفاسير:

external-link copy
7 : 69

سَخَّرَهَا عَلَيۡهِمۡ سَبۡعَ لَيَالٖ وَثَمَٰنِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومٗاۖ فَتَرَى ٱلۡقَوۡمَ فِيهَا صَرۡعَىٰ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٍ خَاوِيَةٖ

7. Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод, на қатъ мешуд ва на ором мегирифт. Он қавмро дар он шабҳову рӯзҳо аз по дар афтода чун танаҳои пӯсидаи дарахти хурмо решаканшуда медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 69

فَهَلۡ تَرَىٰ لَهُم مِّنۢ بَاقِيَةٖ

8. Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад? (Ҳаргиз!) info
التفاسير: