કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ: ખ્વાજા મીરૂફ ખ્વાજા મીર

પેજ નંબર:close

external-link copy
5 : 63

وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ يَسۡتَغۡفِرۡ لَكُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ لَوَّوۡاْ رُءُوسَهُمۡ وَرَأَيۡتَهُمۡ يَصُدُّونَ وَهُم مُّسۡتَكۡبِرُونَ

5. Ва чун ба онҳо (мунофиқон) гуфта шавад, ки биёед, (тавба ва узрхоҳӣ кунед аз суханони баде, ки аз шумо сар задааст,) то паёмбари Аллоҳ бароятон омӯрзиш бихоҳад, (бо такаббур ва тамасхӯр) сар мепечанд. Ва онҳоро мебинӣ, ки (аз суханони ту эй Расул) рӯй мегардонад ва кибр мекунанд.[2906] info

[2906] Тафсири Саъдӣ 1\864

التفاسير:

external-link copy
6 : 63

سَوَآءٌ عَلَيۡهِمۡ أَسۡتَغۡفَرۡتَ لَهُمۡ أَمۡ لَمۡ تَسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ لَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ

6.Барои онҳо баробар аст (эй Расул), чӣ барояшон омӯрзиш бихоҳӣ ё барояшон омӯрзиш нахоҳӣ, ҳаргиз Аллоҳ (гуноҳони) онҳоро нахоҳад омӯрзид. (Зеро онҳо дар фисқу куфрашон сахт устуворанд). Бегумон Аллоҳ гурӯҳи фосиқонро (ба сӯи имон) ҳидоят намекунад.[2907] info

[2907] Тафсири Табарӣ 23\400

التفاسير:

external-link copy
7 : 63

هُمُ ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ لَا تُنفِقُواْ عَلَىٰ مَنۡ عِندَ رَسُولِ ٱللَّهِ حَتَّىٰ يَنفَضُّواْۗ وَلِلَّهِ خَزَآئِنُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَفۡقَهُونَ

7.Инҳо (мунофиқон) ҳамонҳоянд, ки (ба аҳли Мадина) мегӯянд: «Бар онҳо, (муҳоҷирон), ки гирди паёмбари Аллоҳанд, чизе надиҳед, то аз гирдаш пароканда шаванд». Ва ҳол он ки хазинаҳои осмонҳову замин (ва он чӣ миёни онҳост аз ризқу рӯзиҳо) аз они Аллоҳ аст, (ба касе, ки хоҳад медиҳад ва аз касе, ки хоҳад бозмедорад,) вале мунофиқон (онро) намефаҳманд![2908] info

[2908] Тафсири Саъдӣ 1\865

التفاسير:

external-link copy
8 : 63

يَقُولُونَ لَئِن رَّجَعۡنَآ إِلَى ٱلۡمَدِينَةِ لَيُخۡرِجَنَّ ٱلۡأَعَزُّ مِنۡهَا ٱلۡأَذَلَّۚ وَلِلَّهِ ٱلۡعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِۦ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَعۡلَمُونَ

8.(Мунофиқон) мегӯянд: «Агар ба Мадина бозгардем, соҳибони иззат хору залилҳоро аз он ҷо ҳатман берун хоҳанд кард». Иззат аз они Аллоҳу паёмбараш ва мӯъминон аст, (на аз они дигарон). Вале мунофиқон (аз сабаби ҷаҳлу ҷаҳолаташон ин ҳақиқати равшанро) намедонанд. info
التفاسير:

external-link copy
9 : 63

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُلۡهِكُمۡ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُكُمۡ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ

9.Эй касоне, ки (ба Аллоҳ ва расулаш) имон овардед (ва ба шариъати Ӯ амал кардаед,) амволу авлодатон шуморо аз зикри Аллоҳ ба худ машғул надорад, ки ҳар кӣ чунин кунад, пас он гурӯҳ худ зиёнкоронанд (ва аз каромат ва раҳмати Аллоҳ бенасиб шудагонанд).[2909] info

[2909] Тафсири Табарӣ 23\410

التفاسير:

external-link copy
10 : 63

وَأَنفِقُواْ مِن مَّا رَزَقۡنَٰكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَوۡلَآ أَخَّرۡتَنِيٓ إِلَىٰٓ أَجَلٖ قَرِيبٖ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُن مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

10. Аз он чӣ (ризқу) рӯзиятон додем, (эй мӯъминон) дар роҳи Аллоҳ садақа кунед, пеш аз он ки яке аз шуморо марг фаро расад (ва нишонаҳои онро мушоҳида кунад) ва (бо пушаймонӣ) бигӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам аз моли худ ва аз зумраи шоистагони тақводор бошам?» info
التفاسير:

external-link copy
11 : 63

وَلَن يُؤَخِّرَ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِذَا جَآءَ أَجَلُهَاۚ وَٱللَّهُ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ

11.Чун касе аҷалаш фаро расад, Аллоҳ марги ӯро ба таъхир (дертар) намеафканад. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, аз неку бад огоҳ аст ва дар баробари аъмолатон ҷазо хоҳад дод![2910] info

[2910] Тафсири Саъдӣ 1\865

التفاسير: