કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ: ખ્વાજા મીરૂફ ખ્વાજા મીર

પેજ નંબર: 373:367 close

external-link copy
160 : 26

كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

160. Қавми Лут низ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд. info
التفاسير:

external-link copy
161 : 26

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ

161. Он гоҳ, бародарашон Лут ба онҳо гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед? info
التفاسير:

external-link copy
162 : 26

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

162. Ҳароина, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам. info
التفاسير:

external-link copy
163 : 26

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

163. Аз имон наоварданатон аз Аллоҳ битарсед ва ба он чизе ки шуморо даъват мекунам, маро итоъат кунед! info
التفاسير:

external-link copy
164 : 26

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

164. Ман аз шумо дар баробари таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст! info
التفاسير:

external-link copy
165 : 26

أَتَأۡتُونَ ٱلذُّكۡرَانَ مِنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ

165. Оё ба қасди қазои шаҳват аз миёни аҳли олам ба сӯи мардон меравед ? info
التفاسير:

external-link copy
166 : 26

وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٌ عَادُونَ

166. Вале ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон барои шумо ҳалолу покиза офаридааст, тарк мекунед? Балки, шумо мардуми таҷовузкор ҳастед!» info
التفاسير:

external-link copy
167 : 26

قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰلُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُخۡرَجِينَ

167. Қавми Лут гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, ҳатман, аз шаҳр берунат мекунем». info
التفاسير:

external-link copy
168 : 26

قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ ٱلۡقَالِينَ

168. Лут барояшон гуфт: "Ба дурустӣ, ки ман душмани ашадии амали шумо ҳастам" info
التفاسير:

external-link copy
169 : 26

رَبِّ نَجِّنِي وَأَهۡلِي مِمَّا يَعۡمَلُونَ

169. Баъд аз он Лут дуъо карда гуфт: Эй Парвардигори ман, маро ва аҳламро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бидеҳ!» info
التفاسير:

external-link copy
170 : 26

فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ

170. Пас ӯ ва ҳамаи аҳлашро наҷот додем, info
التفاسير:

external-link copy
171 : 26

إِلَّا عَجُوزٗا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ

171. ғайри пиразане[1815], ки хост бимонад. info

[1815] Ва ӯ ҳамсари Лут буд, ки имон наёварда буд

التفاسير:

external-link copy
172 : 26

ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ

172. Сипас дигаронро , ки аз аҳли куффор буданд ба сахттарин азоб ҳалок кардем, info
التفاسير:

external-link copy
173 : 26

وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرٗاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ

173. Бар онҳо бороне аз санг боронидем ва чӣ бад буд борони бимдодашудагон! info
التفاسير:

external-link copy
174 : 26

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ

174. Ҳароина, дар ин азоби фурӯд омада бар қави Лут ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд. info
التفاسير:

external-link copy
175 : 26

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

175. Ва ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар кофирон ва меҳрубон аст ба мӯъминон! info
التفاسير:

external-link copy
176 : 26

كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

176. Мардуми Айка[1816] (қавми Шуъайб) паёмбарони Аллоҳро дурӯғгӯ бароварданд. info

[1816] Соҳибони боғҳои сердарахт ва онҳо аҳолии Мадян буданд

التفاسير:

external-link copy
177 : 26

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ شُعَيۡبٌ أَلَا تَتَّقُونَ

177. Он гоҳ, ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё бар ширк ва маъсият оварданатон аз иқоби Аллоҳ наметарсед? info
التفاسير:

external-link copy
178 : 26

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ

178. Ҳароина, ман барои ҳидояти шумо паёмбари амин ҳастам. info
التفاسير:

external-link copy
179 : 26

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

179. Аз Аллоҳ битарсед ва ба он чи ки ман шуморо даъват менамоям, маро итоъат кунед! info
التفاسير:

external-link copy
180 : 26

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

180. Ман аз шумо барои таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст. info
التفاسير:

external-link copy
181 : 26

۞ أَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ

181. Шуъайб барояшон гуфт: Паймонаро тамом бипардозед ва аз зумраи зиёндиҳандагон мабошед. info
التفاسير:

external-link copy
182 : 26

وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ

182. Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед. info
التفاسير:

external-link copy
183 : 26

وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ

183. Ба мардум ашёашонро кам мадиҳед ва дар замин ба фасод макӯшед. info
التفاسير: