કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર

Шамс

external-link copy
1 : 91

وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا

Савганд ба хуршед ва равшании он [ба ҳангоми бомдод] info
التفاسير:

external-link copy
2 : 91

وَٱلۡقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا

Ва савганд ба моҳ, ҳангоме ки баъд аз он барояд info
التفاسير:

external-link copy
3 : 91

وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا

Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки он [хуршед]-ро равшан [ва ҷилвагар] кунад info
التفاسير:

external-link copy
4 : 91

وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰهَا

Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки онро бипӯшонад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 91

وَٱلسَّمَآءِ وَمَا بَنَىٰهَا

Ва савганд ба осмон ва ба он ки онро бино кард info
التفاسير:

external-link copy
6 : 91

وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا طَحَىٰهَا

Ва савганд ба замин ва ба он ки онро густуронид info
التفاسير:

external-link copy
7 : 91

وَنَفۡسٖ وَمَا سَوَّىٰهَا

Ва савганд ба ҷон [-и инсон] ва он ки онро [офарид ва] наку гардонид info
التفاسير:

external-link copy
8 : 91

فَأَلۡهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقۡوَىٰهَا

Сипас нофармонӣ ва парҳезгориашро [ба ӯ] илҳом кард info
التفاسير:

external-link copy
9 : 91

قَدۡ أَفۡلَحَ مَن زَكَّىٰهَا

Бе тардид, ҳар ки нафси худро [аз гуноҳон] пок кард, растагор шуд info
التفاسير:

external-link copy
10 : 91

وَقَدۡ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا

Ва ҳар ки онро [бо гуноҳ] олуда сохт, яқинан, зиёнкор шуд info
التفاسير:

external-link copy
11 : 91

كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِطَغۡوَىٰهَآ

[Қавми] Самуд аз рӯйи саркашӣ [паёмбарашонро] такзиб карданд info
التفاسير:

external-link copy
12 : 91

إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشۡقَىٰهَا

Он гоҳ ки бадкортарини эшон [барои иқдом ба ҷиноят] бархост info
التفاسير:

external-link copy
13 : 91

فَقَالَ لَهُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡيَٰهَا

Пас, паёмбари Аллоҳ таоло [Солеҳ] ба онон гуфт: «Модашутури Аллоҳ таоло ва [навбати] обхӯрданашро [ҳурмат ниҳед]» info
التفاسير:

external-link copy
14 : 91

فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمۡدَمَ عَلَيۡهِمۡ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمۡ فَسَوَّىٰهَا

[Вале онон] ӯро такзиб карданд ва он [модашутур]-ро куштанд; пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳонашон бар сарашон азоб овард ва ҳамагии ононро бо хок яксон кард info
التفاسير:

external-link copy
15 : 91

وَلَا يَخَافُ عُقۡبَٰهَا

Ва [Аллоҳ таоло] аз саранҷоми он [кор] бим надорад info
التفاسير: