કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર

Фаҷр

external-link copy
1 : 89

وَٱلۡفَجۡرِ

Савганд ба субҳ info
التفاسير:

external-link copy
2 : 89

وَلَيَالٍ عَشۡرٖ

Ва ба шабҳои даҳгона [-и оғози зулҳиҷҷа] info
التفاسير:

external-link copy
3 : 89

وَٱلشَّفۡعِ وَٱلۡوَتۡرِ

Ва ба завҷ ва фард [-и ашё] info
التفاسير:

external-link copy
4 : 89

وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَسۡرِ

Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳаракат мекунад ва] меравад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 89

هَلۡ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٞ لِّذِي حِجۡرٍ

Оё дар ин [чизҳо] савганде барои соҳибхирад нест [ки ӯро қонеъ намояд]? info
التفاسير:

external-link copy
6 : 89

أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ

[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Парвардигорат бо [қавми] Од чи кард? info
التفاسير:

external-link copy
7 : 89

إِرَمَ ذَاتِ ٱلۡعِمَادِ

[Ҳамон қабилаи] Ирам, ки дорои [кохҳои бо] сутунҳои баланд буданд info
التفاسير:

external-link copy
8 : 89

ٱلَّتِي لَمۡ يُخۡلَقۡ مِثۡلُهَا فِي ٱلۡبِلَٰدِ

Ки ҳаммонанди он дар шаҳрҳо офарида нашуда буд? info
التفاسير:

external-link copy
9 : 89

وَثَمُودَ ٱلَّذِينَ جَابُواْ ٱلصَّخۡرَ بِٱلۡوَادِ

Ва [низ қавми] Самуд, онҳое, ки сахраҳои сахтро аз [канори] водӣ метарошиданд [ва барои худ хона месохтанд]? info
التفاسير:

external-link copy
10 : 89

وَفِرۡعَوۡنَ ذِي ٱلۡأَوۡتَادِ

Ва Фиръавн соҳиби сипоҳи [бузург ва қудратманд] info
التفاسير:

external-link copy
11 : 89

ٱلَّذِينَ طَغَوۡاْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ

[Ҳамон] Касоне, ки дар шаҳрҳо туғён [ва саркашӣ] карданд info
التفاسير:

external-link copy
12 : 89

فَأَكۡثَرُواْ فِيهَا ٱلۡفَسَادَ

Ва дар онҳо фасоди бисёр ба бор оварданд info
التفاسير:

external-link copy
13 : 89

فَصَبَّ عَلَيۡهِمۡ رَبُّكَ سَوۡطَ عَذَابٍ

Он гоҳ Парвардигорат тозиёнаи азобро бар онон фуруд овард info
التفاسير:

external-link copy
14 : 89

إِنَّ رَبَّكَ لَبِٱلۡمِرۡصَادِ

Яқинан Парвардигори ту дар камингоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
15 : 89

فَأَمَّا ٱلۡإِنسَٰنُ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ رَبُّهُۥ فَأَكۡرَمَهُۥ وَنَعَّمَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَكۡرَمَنِ

Ва аммо инсон ҳангоме ки Парвардигораш ӯро биозмояд ва гиромӣ дорад ва ба ӯ неъмат бахшад, [мағрур мегардад ва] мегӯяд: «Парвардигорам маро гиромӣ доштааст» info
التفاسير:

external-link copy
16 : 89

وَأَمَّآ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ فَقَدَرَ عَلَيۡهِ رِزۡقَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَهَٰنَنِ

Ва аммо ҳангоме ки ӯро биозмояд ва рӯзиашро бар ӯ танг гирад, [дилсард шуда] мегӯяд: «Парвардигорам маро хор кардааст» info
التفاسير:

external-link copy
17 : 89

كَلَّاۖ بَل لَّا تُكۡرِمُونَ ٱلۡيَتِيمَ

Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; балки шумо ятимро гиромӣ намедоред info
التفاسير:

external-link copy
18 : 89

وَلَا تَحَٰٓضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ

Ва якдигарро бар итъоми мустамандон тарғиб намекунед info
التفاسير:

external-link copy
19 : 89

وَتَأۡكُلُونَ ٱلتُّرَاثَ أَكۡلٗا لَّمّٗا

Ва меросро ҳарисона мехӯред [ва ҳаққи заифонро намедиҳед] info
التفاسير:

external-link copy
20 : 89

وَتُحِبُّونَ ٱلۡمَالَ حُبّٗا جَمّٗا

Ва молу сарват [-и дунё]-ро бисёр дӯст медоред info
التفاسير:

external-link copy
21 : 89

كَلَّآۖ إِذَا دُكَّتِ ٱلۡأَرۡضُ دَكّٗا دَكّٗا

Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; ҳангоме ки замин сахт дарҳам кӯбида шавад [ва ҳамвор гардад] info
التفاسير:

external-link copy
22 : 89

وَجَآءَ رَبُّكَ وَٱلۡمَلَكُ صَفّٗا صَفّٗا

Ва Парвардигорат [барои додрасӣ] биёяд ва [низ] фариштагон саф дар саф [биистанд] info
التفاسير:

external-link copy
23 : 89

وَجِاْيٓءَ يَوۡمَئِذِۭ بِجَهَنَّمَۚ يَوۡمَئِذٖ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ وَأَنَّىٰ لَهُ ٱلذِّكۡرَىٰ

Ва дар он рӯз ҷаҳаннам оварда шавад, дар он рӯз инсони [кофир] панд мегирад [ва тавба мекунад]; ва [аммо] ин панд гирифтан чи суде барояш дорад? info
التفاسير:

external-link copy
24 : 89

يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي قَدَّمۡتُ لِحَيَاتِي

Вай мегӯяд: «Эй кош, [дар дунё] барои [ин] зиндагиам [чизе аз] пеш фиристода будам! info
التفاسير:

external-link copy
25 : 89

فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُۥٓ أَحَدٞ

Пас, дар он рӯз ҳеҷ кас ҳаммонанди азоби Ӯ [Аллоҳ таоло] азоб намекунад info
التفاسير:

external-link copy
26 : 89

وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُۥٓ أَحَدٞ

Ва ҳеҷ кас ҳамчун банд кашидани Ӯ [Аллоҳ таоло] касеро ба банд намекашад info
التفاسير:

external-link copy
27 : 89

يَٰٓأَيَّتُهَا ٱلنَّفۡسُ ٱلۡمُطۡمَئِنَّةُ

[Аммо ба муъмин нидо мешавад] «Эй рӯҳи оромёфта! info
التفاسير:

external-link copy
28 : 89

ٱرۡجِعِيٓ إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةٗ مَّرۡضِيَّةٗ

Ба сӯйи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле ки ту [аз подоши Аллоҳ таоло] хушнудӣ ва Ӯ аз [аъмоли] ту хушнуд аст info
التفاسير:

external-link copy
29 : 89

فَٱدۡخُلِي فِي عِبَٰدِي

Пас, дар зумраи бандагони [хосси] Ман даро info
التفاسير:

external-link copy
30 : 89

وَٱدۡخُلِي جَنَّتِي

Ва ба биҳишти Ман ворид шав» info
التفاسير: