કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર

Қамар

external-link copy
1 : 54

ٱقۡتَرَبَتِ ٱلسَّاعَةُ وَٱنشَقَّ ٱلۡقَمَرُ

Қиёмат наздик шуд ва моҳ [аз ҳам] шикофт info
التفاسير:

external-link copy
2 : 54

وَإِن يَرَوۡاْ ءَايَةٗ يُعۡرِضُواْ وَيَقُولُواْ سِحۡرٞ مُّسۡتَمِرّٞ

Агар [кофирон] муъҷизае бубинанд, рӯ мегардонанд ва мегӯянд: «[Ин] Ҷодуе [ботилу] зудгузар аст» info
التفاسير:

external-link copy
3 : 54

وَكَذَّبُواْ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَهۡوَآءَهُمۡۚ وَكُلُّ أَمۡرٖ مُّسۡتَقِرّٞ

Онон [оёт ва нишонаҳои илоҳиро] дурӯғ мепиндоранд ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ мекунанд; ва ҳар амре [аз подошу кайфарҳои қиёмат] дар замони махсус ба худ қарор дорад info
التفاسير:

external-link copy
4 : 54

وَلَقَدۡ جَآءَهُم مِّنَ ٱلۡأَنۢبَآءِ مَا فِيهِ مُزۡدَجَرٌ

Ва мутмаинан [моҷарои азоби ақвоми гузашта ва] ахборе, ки боиси даст кашидан аз гуноҳ мешавад, ба мушрикон расидааст info
التفاسير:

external-link copy
5 : 54

حِكۡمَةُۢ بَٰلِغَةٞۖ فَمَا تُغۡنِ ٱلنُّذُرُ

Ин [оёти илоҳӣ донишу] ҳикмате расост; вале [барои афроди лаҷуҷ] ҳушдорҳо суде надорад info
التفاسير:

external-link copy
6 : 54

فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡۘ يَوۡمَ يَدۡعُ ٱلدَّاعِ إِلَىٰ شَيۡءٖ نُّكُرٍ

Пас, [эй Паёмбар] аз онон рӯ бартоб, [ва мунтазири] рӯзе [бош], ки [фариштаи] даъваткунанда [бо дамидан дар сур] ононро ба амре бас душвор [-у ваҳшатнок] фаро бихонад info
التفاسير: