કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર

Ғофир

external-link copy
1 : 40

حمٓ

Ҳо, мим.[1] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 40

تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ

Нузули [ин] китоб аз сӯйи Аллоҳи шикастнопазири доност info
التفاسير:

external-link copy
3 : 40

غَافِرِ ٱلذَّنۢبِ وَقَابِلِ ٱلتَّوۡبِ شَدِيدِ ٱلۡعِقَابِ ذِي ٱلطَّوۡلِۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ إِلَيۡهِ ٱلۡمَصِيرُ

[Парвардигоре, ки] Омурзандаи гуноҳ ва тавбапазир, сахткайфар ва неъматбахш аст. Ҳеҷ маъбуде ба [ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст info
التفاسير:

external-link copy
4 : 40

مَا يُجَٰدِلُ فِيٓ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَلَا يَغۡرُرۡكَ تَقَلُّبُهُمۡ فِي ٱلۡبِلَٰدِ

Танҳо кофирон ҳастанд, ки дар бораи оёти илоҳӣ муҷодала мекунанд, пас, мабодо рафтуомадашон дар шаҳрҳо [барои тиҷорату баҳрамандиашон аз неъматҳои дунё] туро бифиребад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 40

كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَٱلۡأَحۡزَابُ مِنۢ بَعۡدِهِمۡۖ وَهَمَّتۡ كُلُّ أُمَّةِۭ بِرَسُولِهِمۡ لِيَأۡخُذُوهُۖ وَجَٰدَلُواْ بِٱلۡبَٰطِلِ لِيُدۡحِضُواْ بِهِ ٱلۡحَقَّ فَأَخَذۡتُهُمۡۖ فَكَيۡفَ كَانَ عِقَابِ

Пеш аз онон қавми Нуҳ ва пас аз онон низ гурӯҳҳои дигаре [ҳамчун қавми Од ва Самуд ва Лут низ паёмбаронашонро] дурӯғгӯ шумурданд ва ҳар қавме хост паёмбарашро дастгир кунад [ва ба қатл бирасонад]. Онон ба ботил муҷодала карданд, то бад-он васила ҳақро аз миён бардоранд. Ман низ ононро азоб кардам. [Пас, бингаред, ки] азоби Ман чи гуна буд info
التفاسير:

external-link copy
6 : 40

وَكَذَٰلِكَ حَقَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ عَلَى ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّهُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِ

Ва фармони азоби Парвардигорат дар бораи кофирон инчунин ба таҳаққуқ пайваст, ки онон аҳли оташанд info
التفاسير:

external-link copy
7 : 40

ٱلَّذِينَ يَحۡمِلُونَ ٱلۡعَرۡشَ وَمَنۡ حَوۡلَهُۥ يُسَبِّحُونَ بِحَمۡدِ رَبِّهِمۡ وَيُؤۡمِنُونَ بِهِۦ وَيَسۡتَغۡفِرُونَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْۖ رَبَّنَا وَسِعۡتَ كُلَّ شَيۡءٖ رَّحۡمَةٗ وَعِلۡمٗا فَٱغۡفِرۡ لِلَّذِينَ تَابُواْ وَٱتَّبَعُواْ سَبِيلَكَ وَقِهِمۡ عَذَابَ ٱلۡجَحِيمِ

Фариштагоне, ки Аршро ҳамл мекунанд ва онон, ки гирди он ҳалқа задаанд, Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд ва ба Ӯ имон доранд ва [ин гуна] барои аҳли имон омурзиш мехоҳанд: «Парвадигоро, раҳмат ва донишат ҳар чизеро фаро гирифтааст, пас, касонеро, ки тавба карданд ва пайрави роҳи Ту шуданд, биёмурз ва аз азоби дузах нигаҳ дор» info
التفاسير: