કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર

પેજ નંબર:close

external-link copy
122 : 3

إِذۡ هَمَّت طَّآئِفَتَانِ مِنكُمۡ أَن تَفۡشَلَا وَٱللَّهُ وَلِيُّهُمَاۗ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ

Ва [ба ёд овар] ҳангоме ки ду гурӯҳ аз шумо [Бани Салама ва Бани Ҳориса] хостанд сустӣ варзанд [ва ҳамроҳи мунофиқон ба Мадина бозгарданд]; вале Аллоҳ таоло ёвар [-у нигаҳдор]-и онон буд; ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд info
التفاسير:

external-link copy
123 : 3

وَلَقَدۡ نَصَرَكُمُ ٱللَّهُ بِبَدۡرٖ وَأَنتُمۡ أَذِلَّةٞۖ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ

Ва [эй муъминон] бе гумон, Аллоҳ таоло шуморо дар [ҷанги] Бадр дар ҳоле ёрӣ кард, ки [ба сабаби камбуди афрод ва аслиҳа] нотавон будед; пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки сипос гузоред info
التفاسير:

external-link copy
124 : 3

إِذۡ تَقُولُ لِلۡمُؤۡمِنِينَ أَلَن يَكۡفِيَكُمۡ أَن يُمِدَّكُمۡ رَبُّكُم بِثَلَٰثَةِ ءَالَٰفٖ مِّنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ مُنزَلِينَ

[Эй паёмбар, ба ёд овар] он гоҳ ки ба муъминон мегуфтӣ: "Оё бароятон кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо бо се ҳазор фаришта, ки [аз осмон] фуруд меоянд, ёрӣ кунад" info
التفاسير:

external-link copy
125 : 3

بَلَىٰٓۚ إِن تَصۡبِرُواْ وَتَتَّقُواْ وَيَأۡتُوكُم مِّن فَوۡرِهِمۡ هَٰذَا يُمۡدِدۡكُمۡ رَبُّكُم بِخَمۡسَةِ ءَالَٰفٖ مِّنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ مُسَوِّمِينَ

Оре, агар шикебоиву порсоӣ кунед ва душманон дар ин [ҳаяҷон ва] шитоби хеш бар шумо битозанд, Парвардигоратон шуморо бо панҷ ҳазор фариштаи нишондор ёрӣ хоҳад кард info
التفاسير:

external-link copy
126 : 3

وَمَا جَعَلَهُ ٱللَّهُ إِلَّا بُشۡرَىٰ لَكُمۡ وَلِتَطۡمَئِنَّ قُلُوبُكُم بِهِۦۗ وَمَا ٱلنَّصۡرُ إِلَّا مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ

Ва Аллоҳ таоло он [ёрӣ]-ро ҷуз башорате барои [пирӯзии] шумо қарор надод, то [бад-ин васила] дилҳоятон бад-он оромиш гирад; ва [-гарна] пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазиру ҳаким нест info
التفاسير:

external-link copy
127 : 3

لِيَقۡطَعَ طَرَفٗا مِّنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَوۡ يَكۡبِتَهُمۡ فَيَنقَلِبُواْ خَآئِبِينَ

[Ин пирӯзӣ барои он буд] То [Аллоҳ таоло] гурӯҳе аз касонеро, ки куфр варзиданд, ҳалок созад, ё хору мағлубашон намояд, то маъюс [ва хор ба Макка] бозгарданд info
التفاسير:

external-link copy
128 : 3

لَيۡسَ لَكَ مِنَ ٱلۡأَمۡرِ شَيۡءٌ أَوۡ يَتُوبَ عَلَيۡهِمۡ أَوۡ يُعَذِّبَهُمۡ فَإِنَّهُمۡ ظَٰلِمُونَ

[Эй паёмбар] Ҳеҷ чизе аз кор [-и бандагон] дар дасти ту нест; ё [Аллоҳ таоло] тавбаи онон [мушрикон]-ро мепазирад [ва аз гуноҳашон дармегузарад] ё азобашон мекунад; зеро онон ситамгоранд info
التفاسير:

external-link copy
129 : 3

وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ يَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ ҳар киро, ки бихоҳад [ба раҳмат] меомурзад ва ҳар киро бихоҳад [ба адолат] азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст info
التفاسير:

external-link copy
130 : 3

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَأۡكُلُواْ ٱلرِّبَوٰٓاْ أَضۡعَٰفٗا مُّضَٰعَفَةٗۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ

Эй касоне, ки имон овардаед, риборо [бо суди] чанд баробар нахӯред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки растагор шавед info
التفاسير:

external-link copy
131 : 3

وَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِيٓ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ

Ва аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст, бипарҳезед info
التفاسير:

external-link copy
132 : 3

وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ

Ва аз Аллоҳу паёмбар итоат кунед; бошад, ки мавриди раҳмат [-и Аллоҳ таоло] қарор гиред info
التفاسير: