કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર

પેજ નંબર:close

external-link copy
220 : 2

فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۗ وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡيَتَٰمَىٰۖ قُلۡ إِصۡلَاحٞ لَّهُمۡ خَيۡرٞۖ وَإِن تُخَالِطُوهُمۡ فَإِخۡوَٰنُكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ ٱلۡمُفۡسِدَ مِنَ ٱلۡمُصۡلِحِۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَعۡنَتَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ

Дар бораи дунё ва охират [бияндешед]; ва [эй паёмбар] аз ту дар мавриди [чигунагии сарпарастиашон бар] ятимон мепурсанд; бигӯ: "Ислоҳи [кору парҳез аз дахолат дар амволи] онон беҳтар аст; ва агар бо [ҷамъ кардани амволи онон бо дороии худ дар нафақаҳои зиндагӣ ва маскан бо] онон ҳамзистӣ кунед, [эроде дар ин кор нест; зеро] онҳо бародарони [динии] шумо ҳастанд". Ва Аллоҳ таоло табаҳкорро аз дурусткор бозмешиносад; ва агар Аллоҳ таоло мехост, [дар мавриди ятимон сахтгирӣ мекард ва] шуморо ба заҳмат меандохт. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
221 : 2

وَلَا تَنكِحُواْ ٱلۡمُشۡرِكَٰتِ حَتَّىٰ يُؤۡمِنَّۚ وَلَأَمَةٞ مُّؤۡمِنَةٌ خَيۡرٞ مِّن مُّشۡرِكَةٖ وَلَوۡ أَعۡجَبَتۡكُمۡۗ وَلَا تُنكِحُواْ ٱلۡمُشۡرِكِينَ حَتَّىٰ يُؤۡمِنُواْۚ وَلَعَبۡدٞ مُّؤۡمِنٌ خَيۡرٞ مِّن مُّشۡرِكٖ وَلَوۡ أَعۡجَبَكُمۡۗ أُوْلَٰٓئِكَ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلنَّارِۖ وَٱللَّهُ يَدۡعُوٓاْ إِلَى ٱلۡجَنَّةِ وَٱلۡمَغۡفِرَةِ بِإِذۡنِهِۦۖ وَيُبَيِّنُ ءَايَٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ

Ва [эй муъминон] бо занони мушрик то имон наёвардаанд, издивоҷ накунед; ва бе гумон канизи муъмин, аз зани [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи [зебоӣ ё дороиаш] мавриди писандатон воқеъ гардад; ва [занони мусулмонро] ба издивоҷи мардони мушрик дарнаёваред, магар он ки имон биёваранд; ва ҳатман бардаи муъмин аз марди [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи шефтаи [дороӣ ва мавқеияти] ӯ шуда бошед. Онон ба сӯйи оташ [-и дузах] даъват мекунанд ва Аллоҳ таоло ба фармон [ва тавфиқ]-и хеш ба сӯйи биҳишт ва омурзиш даъват мекунанд ва оёт [-у аҳкоми] худро барои мардум равшан месозад; бошад, ки панд гиранд info
التفاسير:

external-link copy
222 : 2

وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡمَحِيضِۖ قُلۡ هُوَ أَذٗى فَٱعۡتَزِلُواْ ٱلنِّسَآءَ فِي ٱلۡمَحِيضِ وَلَا تَقۡرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطۡهُرۡنَۖ فَإِذَا تَطَهَّرۡنَ فَأۡتُوهُنَّ مِنۡ حَيۡثُ أَمَرَكُمُ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلتَّوَّٰبِينَ وَيُحِبُّ ٱلۡمُتَطَهِّرِينَ

Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи ҳайз [одати моҳонаи занон] мепурсанд, бигӯ: "Он [ҳолат] навъи нороҳатӣ аст; пас, дар ҳолати қоидагӣ аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд. Пас, ҳангоме ки пок шуданд [ва ғусл карданд], аз ҳамон ҷойе, ки Аллоҳ таоло ба шумо фармон додааст, бо эшон омезиш кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло тавбакунандагонро дӯст медорад ва покизагонро [низ] дӯст медорад" info
التفاسير:

external-link copy
223 : 2

نِسَآؤُكُمۡ حَرۡثٞ لَّكُمۡ فَأۡتُواْ حَرۡثَكُمۡ أَنَّىٰ شِئۡتُمۡۖ وَقَدِّمُواْ لِأَنفُسِكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُم مُّلَٰقُوهُۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Занони шумо [дар ҳукми] киштзоре барои шумо ҳастанд, пас, ҳар гуна ки мехоҳед ба киштзори худ дароед ва [тӯшае ҳамчун фарзанди солеҳ] барои худ пеш бифиристед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Ӯро мулоқот хоҳед кард ва [эй паёмбар, дар бораи неъматҳои илоҳӣ] ба муъминон башорат бидеҳ info
التفاسير:

external-link copy
224 : 2

وَلَا تَجۡعَلُواْ ٱللَّهَ عُرۡضَةٗ لِّأَيۡمَٰنِكُمۡ أَن تَبَرُّواْ وَتَتَّقُواْ وَتُصۡلِحُواْ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ

Ва Аллоҳро дастовези савгандҳои худ қарор надиҳед, то [ба ин баҳона] аз накукорӣ ва парҳезкориву оштӣ додан миёни мардум [даст бардоред]; ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло шунавову доност info
التفاسير: