કુરઆન મજીદના શબ્દોનું ભાષાંતર - તાજિકી ભાષામાં અનુવાદ - રવ્વાદ ભાષાંતર કેન્દ્ર

પેજ નંબર:close

external-link copy
53 : 12

۞ وَمَآ أُبَرِّئُ نَفۡسِيٓۚ إِنَّ ٱلنَّفۡسَ لَأَمَّارَةُۢ بِٱلسُّوٓءِ إِلَّا مَا رَحِمَ رَبِّيٓۚ إِنَّ رَبِّي غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Ман ҳаргиз худро бегуноҳ намешуморам. Бе шак, нафс [-и васвасагари инсон ӯро] пайваста ба бадӣ фармон медиҳад, магар он ки Парвардигорам раҳм кунад. Бе тардид, Парвардигорам омурзандаи меҳрубон аст» info
التفاسير:

external-link copy
54 : 12

وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ ٱئۡتُونِي بِهِۦٓ أَسۡتَخۡلِصۡهُ لِنَفۡسِيۖ فَلَمَّا كَلَّمَهُۥ قَالَ إِنَّكَ ٱلۡيَوۡمَ لَدَيۡنَا مَكِينٌ أَمِينٞ

Ва подшоҳ гуфт: «Ӯ [ Юсуф]-ро наздам биёваред [то мушовири] хоси худ гардонам». Пас, чун [Юсуф наздаш омад ва] бо вай суҳбат кард, [подшоҳ] гуфт: «Ту имрӯз назди мо арҷманд [ва] амин ҳастӣ» info
التفاسير:

external-link copy
55 : 12

قَالَ ٱجۡعَلۡنِي عَلَىٰ خَزَآئِنِ ٱلۡأَرۡضِۖ إِنِّي حَفِيظٌ عَلِيمٞ

Юсуф] гуфт: «Маро бар [сарпарастии] хазонаҳои [молӣ ва ғизоии ин] сарзамин бигумор, [ки] бе тардид, ман нигаҳбоне доно ҳастам» info
التفاسير:

external-link copy
56 : 12

وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَتَبَوَّأُ مِنۡهَا حَيۡثُ يَشَآءُۚ نُصِيبُ بِرَحۡمَتِنَا مَن نَّشَآءُۖ وَلَا نُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ва ин гуна ба Юсуф дар он сарзамин манзалат [-у қудрат] додем, [он чунон] ки [метавонист ба ҳар ҷо биравад ва] дар ҳар ҷойе аз он ки мехост, иқомат мекард. Мо раҳмати худро ба ҳар ки бихоҳем мерасонем info
التفاسير:

external-link copy
57 : 12

وَلَأَجۡرُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ

Ва подоши охират барои касоне, ки имон овардаанд ва парҳезгорӣ кардаанд, беҳтар аст info
التفاسير:

external-link copy
58 : 12

وَجَآءَ إِخۡوَةُ يُوسُفَ فَدَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَعَرَفَهُمۡ وَهُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ

Ва [чун сарзамини Канъонро хушксолӣ фаро гирифт] бародарони Юсуф [барои таҳияи гандум ба Миср] омаданд ва бар ӯ ворид шуданд. Пас, ӯ онҳоро шинохт, дар ҳоле ки онон вайро нашинохтанд info
التفاسير:

external-link copy
59 : 12

وَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمۡ قَالَ ٱئۡتُونِي بِأَخٖ لَّكُم مِّنۡ أَبِيكُمۡۚ أَلَا تَرَوۡنَ أَنِّيٓ أُوفِي ٱلۡكَيۡلَ وَأَنَا۠ خَيۡرُ ٱلۡمُنزِلِينَ

Пас, чун борҳояшонро омода кард, [ба онон] гуфт: «[Навбати оянда] Бародареро, ки аз падаратон доред, назди ман оваред. Оё намебинед, ки ман паймонаро тамом медиҳам ва беҳтарин мизбонам? info
التفاسير:

external-link copy
60 : 12

فَإِن لَّمۡ تَأۡتُونِي بِهِۦ فَلَا كَيۡلَ لَكُمۡ عِندِي وَلَا تَقۡرَبُونِ

Пас, агар ӯро наздам наоваред, паймонае назди ман нахоҳед дошт ва наздикам нашавед» info
التفاسير:

external-link copy
61 : 12

قَالُواْ سَنُرَٰوِدُ عَنۡهُ أَبَاهُ وَإِنَّا لَفَٰعِلُونَ

[Бародарон] Гуфтанд: «Ӯро аз падараш хоҳем хост ва ҳатман, ин корро мекунем» info
التفاسير:

external-link copy
62 : 12

وَقَالَ لِفِتۡيَٰنِهِ ٱجۡعَلُواْ بِضَٰعَتَهُمۡ فِي رِحَالِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَعۡرِفُونَهَآ إِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ

Ва [Юсуф] ба ғуломонаш гуфт: «Сармояҳояшонро [ки барои хариди ғалла овардаанд, махфиёна] дар борҳояшон бигузоред, шояд ҳангоме ки ба сӯйи хонаводаи худ бозгаштанд, онро [бубинанд ва] бишносанд. Умед, ки бозоянд» info
التفاسير:

external-link copy
63 : 12

فَلَمَّا رَجَعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَبِيهِمۡ قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا مُنِعَ مِنَّا ٱلۡكَيۡلُ فَأَرۡسِلۡ مَعَنَآ أَخَانَا نَكۡتَلۡ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ

Пас, чун ба сӯйи падарашон бозгаштанд, гуфтанд: «Падарҷон, паймона [ва саҳми ғаллаи навбати оянда]-ро аз мо боздоштанд, пас, бародарамон [Бинёмин]-ро бо мо бифирист, то саҳме [аз ғалла] бигирем ва мо ҳатман, муроқибаш хоҳем буд» info
التفاسير: